ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҚОСИМ-ЖОМАРТ ТОКАЕВ

27 апрел 2026, Душанбе
4


21-уми апрел дар шаҳри Остона мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид.
Дар суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар заминаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҷонибҳо аз ҷараёни баланди густариши шарикии ду кишвар дар ҳамаи самтҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд. Аҳамияти таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсии байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои мавриди манфиатҳои тарафайн, бахусус дар бахшҳои саноат, нақлиёт, логистика ва аграрӣ, таъкид гардид.
Ба сатҳи хуби афзоиши ҳаҷми тиҷорати дуҷониба, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли 2025 1,2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод, ишора шуд. Соҳаҳои рақамикунонӣ, инноватсия, технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ ба сифати самтҳои ояндадори ҳамкорӣ муайян шуданд.
Дар арсаи фарҳангиву башарӣ суҳбат атрофи тавсеаи таҷрибаи мубодилаҳои эҷодӣ, ҳамчунин, робитаҳо дар соҳаҳои илму маориф сурат гирифт.
Дар самти амният сарварони давлатҳо ба масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои низомӣ, низомиву техникӣ, инчунин, муқовимат бо хатару таҳдидҳои ҷаҳониву минтақавӣ диққати махсус доданд.
Дар баробари ин, суҳбат фарогири масъалаҳои ҳамкории бисёрҷониба дар чорчӯби сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ буд. Дар ин замина, мубодилаи афкор оид ба рӯзномаи Саммити минтақавии экологӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарварони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал сурат гирифт.

Санаи нашр: 23.04.2026 №: 75