ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ ДАР ҚАЗОҚИСТОН

27 апрел 2026, Душанбе
6


21-уми апрел Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Саммити минтақавии экологӣ ва ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал вориди шаҳри Остона шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони Фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.

Санаи нашр: 23.04.2026 №: 75