ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
Дар ин филворд номҳои зебои тоҷиконаи бонувон ҷой дода шудаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.
Таҳиягар Ш. ШОКИР
Бо мо ҳамкорӣ намоед! Телефон: 238-53-82
Масъули рубрика Ш. ШОКИР
ҶАВОБ БА ФИЛВОРДИ «ТОҶИКОНА»:
1. Шоҳаншоҳ 2. Бодшоҳ 3. Бозигар 4. Девона 5. Шикор 6. Ошёна 7. Зиндагонӣ 8. Бехудӣ 9. Ҳамеша 10. Пайғом 11. Озод 12. Девор 13. Дидор 14. Шикаст 15. Ситамгар 16. Сангдил 17. Достон 18. Хубсурат 19. Савганд 20. Душман 21. Шаҳзода 22. Гумроҳ 23. Овора 24. Тарона 25. Шабнам 26. Хомӯшӣ 27. Боғбон 28. Парвариш 29. Парвона 30. Савдогар 31. Созиш
ДИҚҚАТ!
РУБРИКАИ НАВ
Хонандаи ҷӯёву соҳибзавқи «Ҷумҳурият» солҳост, ки тавассути саҳифаи иттилоотӣ-фароғатии «Шоми шанбе» бо ҷолибтарин ахбору матолиби дорои хусусияти маърифатӣ, зебоишиносӣ, гуманистӣ, адабпарварӣ ва тафреҳӣ дар ҷараён аст. Инак, зери рубрикаи нав таҳти унвони «Башардӯстӣ» аз ҳаёти маҳбубтарин шахсиятҳое хоҳем гуфт, ки бо амалҳои хайру инсондӯстонаашон дар саҳифаҳои таърихи башарият сабти ном шудаанд.
БАШАРДӮСТӢ
ИНСОН БОЛОТАР АЗ ДИН АСТ
Ногуфтаҳое дар бораи эҳсонкор Абдусаттор Эдҳи
Ӯро дар ватанаш Покистон «Фариштаи раҳмат» унвон дода, фаъолияташ намунаи олии фидокорӣ дар роҳи хидмат ба мардум шинохта мешавад.
Низоми хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ, ки барои камбизоатон чандон дастрас набуд, Абдусаттор Эдҳиро дар ҷавонӣ хидматгузори халқ кард. Ӯ бо ифтитоҳи дорухонаи хурд ба ниёзмандон ва як мошини ёрии таъҷилии куҳна ба эҳсонкорӣ рӯ овард.
Ҳоло Бунёди Эдҳи бузургтарин шабакаи ёрии таъҷилии ихтиёриро дар ҷаҳон идора карда, ҳазорҳо кӯдакро аз марг наҷот додааст. Бунёди ӯ барои занони бесарпаноҳ, пиронсолон ва шахсони гирифтори бемориҳои руҳӣ марказҳои махсуси паноҳандагӣ таъсис дода, парастории онҳоро бар дӯш дорад.
Эдҳи байни одамон вобаста ба миллат, дину мазҳаб ҳеҷ гоҳ фарқ нагузошта, ёрӣ ба як инсони ниёзмандро муҳимтарин вазифаи худ медонист. Шиори зиндагиаш «Дини ман хидмат ба инсоният аст ва инсон аз тамоми динҳо болост» буд.
Таҳияи Ф. РАҲМОНИЁН
ҶАРИМАҲОИ ҲАНГУФТ
Дар Финландия барои аз меъёр зиёд кардани суръати автомобил ҷаримаи аз ҳама гарон муқаррар шудааст, ки тақрибан 170 000 евроро ташкил медиҳад.
Дар ин кишвар ҳадди ақали ҷарима 1500 евро мебошад. Барои гузаштан ҳангоми сурх будани чароғак 90 евро, истифодаи машруботи спиртӣ 4500 евро ва маҳрумият аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муддати 3 сол аст. Барои набастани тасмаи бехатарӣ бошад, 140 евро хоҳед супурд.
Таҳияи Кароматулло АТО
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
1 ДОЛЛАР НАХУСТИН ДАРОМАДИ МИЛЛИОНЕР
Стивен Аллан Спилбергро аксарият мешиносанд. Аз ӯ ҳамчун пешоҳанги блокбастери муосир, чеҳраи калидии Ҳолливуди нав ва муваффақтарин коргардони синамои ҷаҳонӣ ном мебурданд, ки, албатта, бе сабаб нест. Зеро мавсуф қариб тамоми ҷоизаҳои соҳавиро арзонӣ дорад, аз ҷумла се «Оскар».
Маҳсули заҳматҳояш аст, ки соли 2001 Стивен Спилберг ба рӯйхати «400 сарватмандтарин амрикоӣ» шомил шуд. Охири соли 2021 бошад, маҷаллаи «Forbes» дороии ӯро $4,8 миллиард муайян кард.
Табиист, ки баъди чунин тавсифҳо бовари кас намеояд, ки нахустин заҳмати коргардонии Стивен ҳамагӣ 1 доллар қадр шуда буд. Бале бовар нокарданист, вале далел аст, ки соли 1964 ба ин коргардони ҷавон, ки он вақт 16 – 17 сол дошт, барои филми «Небесные огни» ҳамагӣ 1 доллар доданд. Албатта, ин як маоши рамзӣ буд, вале маҳз ана ҳамин ҳаққулзаҳмат коргардони ҷавонро барои анҷоми ташаббусҳои оламгир ҳавасманд намуд.
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
ГАРОНТАРИН АКСИ ҶАҲОН
Суратгири олмонӣ Андреас Гурский бо аксҳои панорамии васеъмиқёсаш дар ҷаҳон маъруфияти зиёд дорад.
Ӯ соли 1999 дарёи Рейнро бо иншооти бандарӣ ва нафаре, ки дар соҳили он бо сагаш сайругашт мекард, акс гирифт. Баъдан, суратгир бо истифода аз барномаи Adobe Photoshop аз акс иншоот ва сагу соҳибашро хориҷ кард.
Ин тасҳеҳи ӯ муҷиби он гардид, ки акс (андозааш 185,4х363,5 см) дар ҷаҳон гаронарзиштарин эътироф шавад. Он соли 2011 дар ауксиони “Кристи”-и Ню-Йорк бо маблағи 4 338 500 доллари ИМА ба галереяи Моника Спрюти Кёлн фурӯхта шуд.
Таҳияи Муҳаммад АМИН
«БА СӮЙИ НУР ШИНО КУН»
Солҳои зиёд ин ҳодиса, ки октябри соли 1917 дар уқёнуси Атлантика рух дода буд, дар фазои интернет чарх мезанад. Дуредгари итолиёвӣ Антонио Руссо ва духтари панҷсолааш Мария барои пайдо кардани қути лоямут бо киштии мусофирбар ба Ню-Йорк мерафтанд.
Ними шаб бар асари тӯфони шадид киштӣ ба садама дучор шуда, моил ба ғарқ гардид. Антонио зуд ҳис кард, ки ба қаиқҳои наҷотбахш расидан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ӯ духтари хурдсолашро тавассути тирезачаи киштӣ ба коми уқёнус партофта, фарёд зад: «Шино кун Мария, ба сӯйи нур шино кун!».
Бо ҳамин роҳ, Антонио духтарашро наҷот бахшид, зеро пас аз ҳафт дақиқа дигар киштиҳо расида, духтарчаро аз марг наҷот доданд. Аммо худи Антонио дар талоши ҳифзи ҷони духтарчааш ба ҳалокат расид.
Мария, ки 92 сол умр дида буд, боре дар мусоҳибааш чунин гуфтааст: «Ҳамон замон аз ин амали падар ҳайрон шуда, фикр мекардам, ки ӯ маро куштанист. Танҳо пас аз зинда мондан, дарк намудам, ки ӯ маро наҷот додааст. Овози ӯ «ба сӯйи нур шино кун» ҳамеша дар гӯшам садо медиҳад ва ман 78 сол боз ба сӯйи нур шино мекунам».
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
ВОЛИДОН ҒАМХОРИ ФАРЗАНДОНАНД
Боре се дӯст дар тарабхонае моҳибирён фармоиш медиҳанд. Ҳангоми тановул, телефони яке аз онҳо занг мезанад ва ӯ аз сари миз дур мешавад. Чун ба миз бармегардад, мебинад, ки аз моҳӣ танҳо калааш мондаасту халос.
Ӯ андешамандона ба канори тарабхона меравад. Яке аз дӯстонаш ба наздаш омада мегӯяд: «Ба фикрам, шумо аз ин рафтори мо ранҷидед».
«Не, – посух медиҳад ӯ. – Рафтори аҷиби падарам ба ёдам омад. Ӯ ҳар боре, ки моҳибирён меовард, ҳангоми тақсим калаи моҳиро худ мегирифт. Чун ҳоло калаи моҳиро дидам, мушоҳида кардам, ки он гӯшт надоштааст. Пас, акнун дарк намудам, падарам ба хотири он ки мо андаке ҳам бошад, сер шавем, аз хӯрдани гӯшти моҳӣ худдорӣ мекардааст».
Ин воқеа бори дигар собит месозад, ки волидон ҳамеша ғамхори фарзандонанд. Пас, бояд онҳоро эҳтиром карду гиромияшон дошт.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ГЮГО ҚАЛАМФУРӮШ
Дар гузаргоҳи марзии Пруссия жандарме бо қиёфаи ҷиддӣ аз нависандаи машҳур мепурсад:
– Вазифаатон чист?
– Навиштан.
– Ман мепурсам, ки зиндагиро бо чӣ пеш мебаред?
– Бо қалам.
– Майлаш, ман менависам, ки Гюго қаламфурӯш аст.
Аз русӣ тарҷимаи Ф. РАҲМОНЗОДА
ҲУНАРИ БОЛОТАР АЗ СУХАНВАРӢ
Ҷавоне хеле сергап бо тавсияи як инсони шариф назди Арасту талаби ҳунар меояд, то суханварӣ омӯзад. Баъд аз суҳбати кӯтоҳ файласуф чун мебинад, ки ҷавон аз меъёр зиёд серҷоғ аст, таъкид мекунад:
– Ман ба шарте шуморо ба шогирдӣ қабул мекунам, ки ҳаққи заҳматамро ду баробар бештар диҳед.
– Чаро? – ҳайрон шуда мепурсад меҳмон.
– Пеш аз он ки ба шумо суханвариро омӯзам, маҷбурам ҳунари хомӯш нишастану гӯш андохтанро таълим диҳам, ки аз аввалӣ авлотар аст, – посух медиҳад Арасту.
Таҳияи Ҳалима РАҲМОНЗОДА
Дар талоши наҷоти ҳаёти худ ва кӯдаки навзод
Соли 2000-ум Инес Рамирес Прес, сокини яке аз деҳаҳои Мексика, ки ҳомила буду ба ёрии таъҷилии тиббӣ ниёз дошт, маҷбур шуд хешро ҷарроҳӣ кунад. Зеро шавҳараш дар хона маст хобида буду беморхона ва хатти алоқа даҳҳо километр дуртар аз деҳа қарор дошт.
Боиси зикр аст, ки ҳангоми ҷарроҳӣ барои рафъи дард Инес машруботро истеъмол кард. Танҳо пас аз чанде ҳамдеҳагон ба ёрӣ шитофта, ӯ ва кӯдаки навзодашро тансиҳату саломат ба беморхона расонданд.
Таҳияи Мавлуда ОДИНАЕВА
АШКИ МОҲИГИР
Моҳигире буд, ки тамоми умр аз дарё ризқу рӯзӣ меёфт. Рӯзе мушоҳида кард, ки об дигар мисли пештара тоза несту моҳиҳо низ кам шудаанд. Аз ин ҳолат ба риққат омада, гиря кард. Писараш пурсид:
– Падарҷон, чаро гиря мекунед?
– Писарам, ман як умр ризқамро аз ин дарё меёфтам, аммо имрӯз онро бемор дидам. Аз ин рӯ, ба ҳоли дарё мегирям.
Рӯзи дигар моҳигир ҳамроҳи писараш халтае гирифта, ба тозакунии дарё шуруъ намуд. Пас аз муддате, дигар моҳигирон низ ба ташаббуси ӯ ҳамроҳ шуданд. Бо мурури вақт оби дарё тоза шуда, шумораи моҳиён низ афзуд.
Солҳо баъд, вақте моҳигир аз олам гузашт, мардум дар ҳаққаш гуфтанд:
– Ӯ на танҳо моҳигир, балки устоди ҳамаи мо дар бораи расидан ба қадри неъматҳои Худованд буд.
ИБРАТ: Покизагӣ сабаби саломатӣ ва баракат мешавад.
Таҳияи Сайфиддин СУННАТӢ
Рекорди ҷаҳонии роботи хитоии «Барқ»
Дар Пекин ниммарафони ғайриодӣ бо ширкати одамон ва роботҳои одаммонанд баргузор шуд.
Дар натиҷа, роботи «Барқ» аз ширкати маъруфи Чин «Ҳонор» масофаи 21 километрро дар 50 дақиқаву 26 сония тай карда, ғолиби сабқат гардид. Бояд гуфт, ки ин нишондод қариб 7 дақиқа беҳтар аз рекорди ҷаҳонии одамон (57 дақиқаву 20 сония) мебошад.
Боиси зикр аст, ки дар ин мусобиқа зиёда аз 100 робот ва 12 ҳазор одам иштирок намуда, се ҷойи аввалро роботҳо ишғол карданд.
Таҳияи Хуршед ТОЛИБОВ
ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ФУТБОЛ
10 футболбозе, ки аз ҳама бештар ҷоиза ба даст овардаанд
2. Даниэл Алвес да Силва (Бразилия) – 46 ҷоиза
Даниэл Алвес, футболбози бразилӣ, аксари ҷоизаҳояшро зимни бозӣ дар бошгоҳҳои аврупоӣ ба даст овардааст. Ӯ бо бошгоҳи «Севиля» (Испания) барандаи Ҷом ва Суперҷоми Испания, Ҷоми УЕФА (2) ва Суперҷоми УЕФА шудааст. Соли 2008, баъд аз 6 соли бозӣ дар «Севиля», ба дастаи «Барселона» гузашта, бо ин клуб 23 ҷоиза ба даст меорад.
Дар мавсими солҳои 2016 – 2017 бо бошгоҳи «Ювентус» (Италия) қаҳрамони Италия ва соҳиби Ҷоми Италия мегардад. Соли 2017 ба бошгоҳи «Пари Сен-Жермен» (Фаронса) мегузарад ва бо он қаҳрамони Фаронса (2), барандаи Ҷоми Фаронса, Ҷоми лига ва Суперҷоми Фаронса (2) мешавад.
Даниэл Алвес бо тими миллии Бразилия барандаи Ҷоми Амрико (2), Ҷоми конфедератсия гардида, ҳамчунин, бо дастаи олимпии ин кишвар қаҳрамони олимпӣ шудааст.
Аз русӣ тарҷимаи Иброҳими САЙФУЛЛО
ДУЗДӢ НАКУН!
Падар оҳиста дар гӯши фарзандаш гуфт:
– Писарам, дар зиндагӣ ҳаргиз дуздӣ накун.
Писар ҳайрон ба падараш нигоҳ карду чизе нагуфт. Чунки ӯ ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ дасти каҷ надошт.
Падар лабханде заду идома дод:
– Дар зиндагӣ дурӯғ нагӯй, чун дурӯғ гуфтӣ, садоқатро дуздидаӣ. Хушунат накун, агар кардӣ, муҳаббатро дуздидаӣ. Ноҳақ нагӯй, агар гуфтӣ, ҳақро дуздидаӣ. Хиёнат накун, агар кардӣ, ишқро дуздидаӣ. Беҳаёӣ накун, агар кардӣ, шарофатро дуздидаӣ. Пас, ҳеҷ гоҳ дуздӣ накун!
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАРОНИ СОЛ КИҲОЯНД?
Бино ба иттилои сомонаи liveresult.ru, теннисбозон Карлос Алкарас (Испания, миёни мардон) ва Арина Соболенко (Беларус, миёни бонувон) ҳамчун варзишгарони сол ва дастаи ПСЖ (Фаронса) чун бошгоҳи сол бо ҷоизаи Laureus World Sports, ки онро «Оскар»-и соҳаи варзиш медонанд, мушарраф гардиданд.
Зикр мешавад, ки дар номинатсияи беҳтарин варзишгари ҷавони сол ҳамлагари дастаи футболи «Барселона» Ламин Ямал ғолиб омад.
Таҳияи Нушофарин АБДУЛЛОҲ
“ВАТАНДӮСТ”
Зани фаронсавие аз Англия бо қатора ба Ватан бармегашту эҳсоси ташвиш мекард. Марди англис, ки дар паҳлуяш менишаст, аз ӯ пурсид:
– Чаро нигарон ҳастед? Мушкиле доред?
Зан гуфт:
– Ман бо худ 10 000 евро дорам, ки бештар аз ҳадди иҷозашуда барои убур аз марз аст.
Мард гуфт:
– Биёед пулро ду қисм кунем. Агар шуморо боздоранд, ақаллан, нисфашро нигоҳ медоред. Нишонии худро бигӯед, то пулро баргардонам.
Вақти назорати марзӣ, зан гузашт ва ҷомадонашро накофтанд. Навбати мард расид, ӯ ногаҳон садо баланд кард:
– Ҷаноб! Ин зан 10 000 евро дорад. Нисфашро ба ман додааст, то гузаронад. Нисфи дигар дар дасташ. Ӯро боздоред! Ман ба Ватани худ хиёнат намекунам.
Баъди ду рӯз марди англис ба хонаи зани тааҷҷубзада омада, ба ӯ 15 000 евро доду гуфт:
– Ин мукофоти шумост ва тааҷҷуб накунед. Ман мехостам диққати онҳоро аз ҷомадони худ, ки 3 миллион евро дошт, дур кунам.
Таҳияи З. РАҶАБЗОДА
БА ХОТИРИ ПУЛ
Як рӯз фақире ба тарбузфурӯш гуфт:
– Аз барои ризои Худо як дона тарбузам деҳ, ки чизе барои хӯрдан надорам.
Савдогар молашро як-як аз назар гузаронда, аз миёни онҳо тарбузи хурди назарногирро гирифта, ба фақир дод.
Фақир аз ин малӯл гашта, ноилоҷ даст ба ҷайбаш бурд ва миқдори пуле, ки дошт, ба тарбузфурӯш доду гуфт:
– Ба ҳамин миқдор пул тарбуз бидеҳ.
Насибаш тарбузи хубе гардид.
Фақир ҳар ду тарбузро ба сӯйи осмон баланд карду гуфт:
– Худоё, бандагони худнамоятро бубин: тарбузи кӯчаку назарногирро ба хотири ту медиҳанду тарбузи хубро ба хотири пул...
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
Рекорди ҷаҳонии роботи хитоии «Барқ»
Дар Пекин ниммарафони ғайриодӣ бо ширкати одамон ва роботҳои одаммонанд баргузор шуд.
Дар натиҷа, роботи «Барқ» аз ширкати маъруфи Чин «Ҳонор» масофаи 21 километрро дар 50 дақиқаву 26 сония тай карда, ғолиби сабқат гардид. Бояд гуфт, ки ин нишондод қариб 7 дақиқа беҳтар аз рекорди ҷаҳонии одамон (57 дақиқаву 20 сония) мебошад.
Боиси зикр аст, ки дар ин мусобиқа зиёда аз 100 робот ва 12 ҳазор одам иштирок намуда, се ҷойи аввалро роботҳо ишғол карданд.
Таҳияи Хуршед ТОЛИБОВ
РУБРИКАИ НАВИ «ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ»
Рубрикаи мазкур ба рӯйдодҳои муҳимтарини як рӯзи мушаххас дар таърих бахшида мешавад, зеро баъзан танҳо як рӯз метавонад барои як кишвар ё ҳатто тамоми ҷаҳон нуқтаи гардиш гардад. Масалан, фуруд омадани киштии кайҳонии Apollo 11 ба Моҳ дар як рӯз рух дод, вале он ҷаҳонбинии инсониятро куллан тағйир ва нишон дод, ки имкониятҳои инсон ҳадду канор надоранд.
ИМРӮЗ 24 АПРЕЛ ДАР ТАЪРИХ:
– Соли 1800 – таъсиси китобхонаи «Library of Congress» (ИМА), ки айни замон яке аз бузургтарин китобхонаҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва рамзи рушди фарҳангӣ ва илмӣ аст.
– Соли 1916 – оғози шӯриши машҳури ирландӣ дар Дублин, маъруф ба Easter Rising, ки дар роҳи истиқлолияти Ирландия нақши муҳим бозид.
– Соли 1967 – кайҳоннаварди шуравӣ Владимир Комаров ҳангоми парвози кайҳонӣ ба ҳалокат расид.
– Соли 2013 – фурӯ рехтани бинои Rana Plaza collapse дар Бангладеш, ки яке аз бузургтарин фоҷиаҳои саноати нассоҷӣ дар таърих гардид.
Ин рӯйдодҳо бори дигар нишон медиҳанд, ки як рӯз метавонад ҳам оғози пешрафт бошад ва ҳам сабақи талхи таърих.
Аз русӣ тарҷимаи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
