НЕЪМАТУЛЛОҲИ ХУДОЙБАХШ. МАРГИ ЧУНИН ХОҶА НА КОРЕСТ ХУРД

27 апрел 2026, Душанбе
1

Чанде пеш Неъматуллоҳи Худойбахш, рӯзноманигор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, яке аз хомакашони сабуру боистеъдод ва инсони хоксор аз олам даргузашт. Ӯ ду давра дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” фаъолият дошт: солҳои 70-уми асри ХХ ва солҳои 2009-2015. Аз мусаҳҳеҳӣ то ба сардории шуъбаи иқтисоди ин рӯзнома расидаву аз ҳамин ҷо ба нафақа рафт.

Имрӯзҳо ҳар касеро мебиниву мепурсӣ, пеш аз ҳама, аз фурӯтаниву беозории Неъматуллоҳи Худойбахш мегӯянд. Ростӣ, даргузашти ӯро ҷомеаи фарҳангиву адабии Тоҷикистон бо дареғу афсӯс пазируфт, ба қавли устод Рӯдакӣ, “Марги чунин хоҷа на корест хурд”.Мо ҳам муддате дар идораи “Ҷумҳурият” шарафи ҳамкорӣ доштем ва медидем, ки бо роҳгардии ором, суханрониҳои ботамкин ва ахлоқи ҳамида, таҳлилҳои мантиқӣ намунаи ибрати ҷавонон мегашт. Дар кори эҷодӣ саросемагиву зуднависӣ ва пурнависиро раво намедид. Аз зумраи онҳое буд, ки ҳафт бор чен кардаву як бор мебурид.

Маҷмуаи нахустини ҳикояҳояш соли 1979 чоп шуда бошад ҳам, мо – ҳамкорони ҷавони ӯ аз истеъдоди офаринишаш ба хубӣ огоҳ набудем, зеро бедағдаға мегашт, дар муҳити корӣ як сарбози матбуот буду олами зебои нависадагиро дар хилвати хеш мегардонд.

Гарчанде мутахассиси илми иқтисод набуд, аммо ҳамчун сардори шуъбаи иқтисоди рӯзнома дар солҳои охир як коршиноси ин масъаларо мемонд. Мақолаву матлабҳо ва мусоҳибаҳояш бо масъулони ниҳодҳои иқтисодӣ нишон медод, ки кайҳо дар ин илм устод шудааст. Назокатҳои иқтисодро медонист ва бо дилхоҳ коршиноси соҳа баҳс мекард. Шогирдонаш Оҳистамоҳи Вафобек ва Ташрифуллои Саъдулло, ки ҳоло аз кормандони хуби ин шуъба ҳастанд, аз мактаби ӯ гузаштаанд.

Неъматуллоҳи Худойбахш таҷрибаи 40-солаи рӯзноманигорӣ нависандагӣ дошта, чанд маҷмуаи мақола, очерку ҳикоя ва повестҳои ҳуҷҷатию бадеияш чоп шудаанд. Аз ҷумла, «Одамони барӯманди Кӯлоб», «Занҷири заррини авлодӣ», «Бозгашти шери захмин», «Кӯтали харкуш», «Амаки Абдуқуддус», «Ишқи духтари Кӯлоб», «Дунё калон аст, ака», «Бе ту намемирам», «Афсонаи бобои Занҷир», “Гӯшвори тилло”, “Ман хабаркашаки модарам”,ба дасти хонанда расидаанд.

Вақте бо духтари шодравон Садафмоҳи Худойбахш суҳбат кардем, маълум шуд, ки нависанда самараи эҷодии панҷоҳсолаи хешро дар китоби “Мунтахаби осор” (“Адиб”, 2025) ҷамъ овардааст, ки 560 саҳифаро фаро мегирад. Яъне, ӯ то вопасин нафас даст аз эҷод барнадошт ва имрӯз китобҳои хубу хонданияш ҳамчун ёдгори зарини умр боқӣ монданд. Бояд гуфт, ки Садафмоҳ имрӯзҳо сардори бахши мусаҳҳеҳони нашриёти давлатии “Адиб” буда, ба як шева идомабахши кори қиблагоҳаш аст.

Хидматҳояшро дар матбуот ва фарҳанг соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали Хизмати шоиста қадр карда буданд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,

“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 27.04.2026