ПАЁМ, ПРЕЗИДЕНТ ВА “РОҒУН”

01 май 2026, Ҷумъа
1


Маълумоти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи иншооти “Роғун” риштаи хаёлро ба соли 1976 кашид. Охири сентябри ҳамон сол ба муносибати оғози расмии Неругоҳи барқи обии “Роғун” ҷамъомади калон баргузор гардид. Тақозои вазифаи рӯзноманигори нашрияи ноҳия (“Меҳнати коммунистӣ”) моро он ҷо бурд. Роҳбари аввали ҷумҳурӣ Ҷаббор Расулов аз хусуси бунёди иншооти азими давр, яъне НБО “Роғун”, мужда дод. Гуфта шуд, ки корҳои таҳқиқотӣ дар мавзеи бунёди иншооти азими “Роғун” аз соли 1936 оғоз ёфта буданд ва ин сохтмони умумииттифоқӣ маҳсуб мешавад. Дар бунёди “Роғун” қариб намояндаҳои ҳамаи миллатҳои Иттифоқи Советӣ иштирок мекунанд... Барои сохтмон қувваи корӣ, мутахассисон, асосан, аз Неругоҳи барқи обии “Норак” интиқол мешуданд. “Роғун” бо авҷи тамом ба кор даромад. “Меҳнати коммунистӣ” аз хусуси иншоот фаровон менавишт.
Тибқи нақша, он бояд соли 1989 барқ истеҳсол менамуд. Соли 1988 корҳои асосии Неругоҳ саранҷом шуда буданд, аз ҷумла 21 километр нақб канда шуда буд. Ду гидротурбина ҳам оварда буданд. Сохтмони дарғот ба ҳадди 40 метр мерасид. “Роғун” баҳри бунёдаш беш аз 3 ҳазор коргар, намояндагони сӣ миллатро фаро мегирифт.
Иттиҳоди Шуравӣ пареш хӯрду маблағгузорӣ қатъ гардид. Баъдтар, ҳодисаҳои нангини Тоҷикистон рӯ заданд. “Роғун” комилан аз назарҳо дур монд. Офатҳои табиӣ сарбанд ва қисме аз нақбҳоро хароб карданд. Мардуми Обигарм аз боронҳои пайиҳам ва сели моҳи майи соли 1993 ёд карда, афсус мехӯранд, ки ба ин иншоот хисороти калон расонд.
Тоҷикистони азиз истиқлол ба даст оварду ба қавле, ба тани “Роғун” ҷон дамид. Пас аз ду карат (30-юми майи соли 2008 ва 28-уми октябри соли 2009) сафар кардан ба шаҳри Роғун ва омӯхтани ҳолати воқеӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қарори қатъӣ омад, ки “Роғун” бо қувваи худи Тоҷикистон сохта шавад! Роҳбари оқилу тавонои мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони Неругоҳро аз нав ба роҳ монд. Соли 2010 бунёди “Роғун” умри дубора гирифт.
Дар ин миён ду агрегати Неругоҳ ба кор даромад. Ҷамъомади мутантане, ки 16-уми ноябри соли 2018 ба ифтихори ба кор даровардани чархи якуми НБО “Роғун” барпо гардид, аз хотири иштирокчиён ҳеҷ гоҳ зудуда нахоҳад шуд. Ин ҷамъомад даҳҳо ҳазор касро фаро гирифта, ба як ҳамоиши умумимиллӣ табдил ёфт. Аз мамлакатҳои бузурги олам, ба мисли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Россия, Чину Олмону Покистон ва Ҷопон, журналистон иштирок доштанд. Бовар дорем, ки овозаи “Роғун”-и моро дар тамоми ҷаҳон паҳн карда, аз ояндаи дурахшони кишвар мужда расонданд.
Имрӯз рафти сохтмон касро ба ваҷд меорад. Тавре дар Паёми Роҳбари давлат аз 16-уми декабри соли 2025 зикр мешавад: “Ҳоло дар иншооти мазкур 18 ҳазору 600 нафар коргарон, яъне сохтмончиён ва кормандони муҳандисиву техникӣ, фаъолият доранд ва шумораи техника, яъне мошину механизмҳо, зиёда аз 3900 ададро ташкил медиҳад. Барои идомаи босуръати корҳои сохтмон дар Неругоҳ соли равон аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд ва то имрӯз қариб 60 фоизи корҳои сохтмони Неругоҳ ба анҷом расонда шудаанд”. Ҳар касе ба ин иншоот меравад, бешубҳа, дар ҳайрат мемонад: рафтуои мошину механизмҳои боркашону заминкан, заҳмати ватандӯстонаю содиқонаи коргарон руҳияро садҳо карат боло мебардорад.
Пешвои миллат ба НБО “Роғун” бо таваҷҷуҳи доимӣ рафти сохтмонро дар маркази диққат нигоҳ медоранд. Дар Паёми навбатии худ таъкид карданд, ки роҳбарону масъулин ва сохтмончиён вазифадоранд, сохтмони Неругоҳро бо масъулияти баланд ва бо сифат вусъат бахшида, иҷрои супориши додашударо ҷиҳати дар моҳи сентябри соли 2027 ба кор даровардани агрегати сеюми Неругоҳ, яъне расидан ба истиқлоли энергетикиро таъмин намоянд.
Кас ба “Роғун” рафта аз шунидани “Тоҷикистон, ба пеш!” курта-курта гӯшт мегирад. Ин шиори ҳар ватандӯсти ҳақиқӣ гардидааст, ки аз забони Президенти муҳтарам 16-уми ноябри соли 2018 аз минбари баланди “Роғун”, ҳангоми ба кор андохтани чархи якуми Неругоҳ садо дода буд.


Ҷӯрабек МУЪМИН,
Корманди шоистаи Тоҷикистон
(матлаби мазкур аз охирин навиштаҳои марҳум мебошад, ки бори дигар садоқати ӯро ба Ватан
бозгӯ мекунад)

Санаи нашр: 30.04.2026 №: 81-82