ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ РОҲИ РАСИДАН БА УФУҚҲОИ НАВИ РУШД АСТ

01 май 2026, Ҷумъа
1


Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки солҳои охир дар радабандии кишварҳои амнтарини ҷаҳон Тоҷикистон дар яке аз мақомҳои аввал қарор гирифта, ҳамчун кишвари амну субот барои сайёҳӣ тавсия дода мешавад. Ин дар ҳолест, ки воқеан, ба шарофати сулҳу ваҳдати пойдор сол ба сол ташрифи меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ба кишвари биҳиштосои мо зиёд гардида, минтақаҳои сайёҳӣ ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд.


Вале ин маънои онро надорад, ки мо дар баробари зуҳуроти номатлубу нооромкунанда, назири терроризму экстремизм даст аз мубориза бардорем, зеро таҳдиди ин хатарот ҳанӯз аз байн нарафтаанд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ аз 16-уми декабри соли 2025 бо таваҷҷуҳ ба вазъи ноороми ҷаҳони муосир таъкид намуданд, ки амният ва субот на танҳо омили рушди иқтисодиву иҷтимоист, балки асоси ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини зиндагии осоишта ва рушду пойдории давлат ба ҳисоб меравад. Сарвари давлат зикр карданд, ки имрӯз инсоният дар шароити ниҳоят мураккаб қарор дорад ва дар чунин шароит ба устувории ваҳдати ҷомеа ва худшиносии шаҳрвандон, махсусан ҷавонону наврасон, бояд аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад.
Мусаллам аст, ки барои ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ ва арзишҳои истиқлолу озодӣ бояд ҳар яки мо аз роҳи худшиносии миллӣ вориди амал шавем. Мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллиро на танҳо вазифаи мақомоти қудративу ҳифзи ҳуқуқ, балки рисолати ватандории худ донем. Ба волоияти қонун дар ҷомеа арҷ гузошта, ҳар гуна амалҳои зиддиқонунӣ ва таҳрикҳои ифротгароиро пешгирӣ намоем.
Қобили зикр аст, ки дар остонаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардидани соли 2026 ҳамчун Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ рамзу рози ба худ хос дошта, бояд ҳадафҳои пешбинишуда дар ин самт дар руҳияи ватандӯстӣ пайгирӣ шаванд. Дар ин сурат мардуми шарафманди тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари ормонии худ, ин Ҷашни муқаддаси миллиро бо дастовардҳои беназири сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ истиқбол карда, барои расидан ба уфуқҳои тозаи рушд қадамҳои боз ҳам устувор хоҳанд гузошт.


Фурқат САМИЗОДА,
прокурори раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 30.04.2026 №: 81-82