ХУҶАНД. БА СОХТМОНИ БИНОИ ИЛОВАГИИ ГИМНАЗИЯИ РАҚАМИ 4 САНГИ АСОС ГУЗОШТА ШУД

01 май 2026, Ҷумъа
2

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаҳои 6 ва 7-уми шаҳри Хуҷанд бунёди Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосими Фирдавсӣ идома дорад.

Тибқи иттилои масъулон, 50 дарсади майдони боғ кабудизор шуда, дар қисми боқимонда роҳравҳо, майдончаҳои варзишиву бозӣ, ҷойҳои нишаст ва низоми муосири чароғонкунӣ сохта хоҳанд шуд. Татбиқи лоиҳа на танҳо симои шаҳрро зебо мегардонад, балки барои истироҳату фароғати сокинон низ мусоидат хоҳад кард. Боғ ҳамчун як гӯшаи зебо туҳфаи арзанда ба сокинону меҳмонони шаҳр дар арафаи Ҷашни миллӣ хоҳад буд.
Ҳамчунин, дар доираи корҳои ободонӣ дар шаҳр ба сохтмони боз як бинои нави таълимӣ дар назди Гимназияи рақами 4 санги асос гузошта шуд.
Дар ин бора ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ маълумот дод. Ба гуфтаи ӯ, қаблан низ бо иқдоми соҳибкорон дар назди Гимназия бинои замонавии таълимӣ бунёд гардида буд. Бо дарназардошти зиёд будани хонандаҳо, зарурати сохтмони бинои иловагӣ ба миён омад. Ҳоло дар Гимназия беш аз 3200 хонанда таҳсил менамояд.


ИСТАРАВШАН. БУНЁДИ ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ ИДОМА ДОРАД

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бинои шуъбаи бемориҳои чашми беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан мавриди истифода қарор гирифт. Шуъба соли 2012 таъсис ёфта, то имрӯз ба аҳолии шаҳр, ҳамзамон, сокинони ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристон ва Зафаробод хизмат мерасонад.


Шуъбаи бемориҳои чашм, ки дар ошёнаи дуюми бинои таваллудхона ҷойгир аст, пас аз таъмиру навсозии пурра ва муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ имконият пайдо намуд, ки бемориҳои мушкилтарини чашмро ташхис, табобат ва ҷарроҳӣ намояд. Ҳоло дар шуъба беш аз 20 табиб, ҳамшираҳои шафқат ва дигар кормандони миёнаи тиб бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.
Барои таъмиру навсозии бинои шуъба ва ободонии гирду атрофи он аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти шаҳр беш аз 2 миллиону 182 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, барои хариди таҷҳизоти тиббӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ беморхонаи марказии шаҳр аз ҳисоби маблағҳои махсус 1 миллиону 590 ҳазор сомонӣ сарф кард.
Тавре маълум бо зиёд шудани аҳолӣ талабот ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ низ меафзояд. Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди иншооти соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳо идома дорад. Дар деҳоти Қалъачаи Калони шаҳри Истаравшан бо саҳми сокинону соҳибкорон сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 бомаром идома дорад, ки барои 1440 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Муассиса аз 24 синфхона иборат буда, дорои китобхона, ошхона ва толори маҷлис хоҳад буд.
Дар назди Муассиса бунёди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сутунпояи 35 метр ва майдони варзиш ба нақша гирифта шудааст. Дар деҳаи мазкур корҳои асфалтпӯшкунии роҳи деҳа низ оғоз гардид, ки дарозии он 2,6 километр ва паҳноӣ 9 метр буда, бо истифода аз техника ва таҷҳизоти муосир амалӣ мегардад. Иқдоми мазкур бо мақсади беҳтар намудани ҳолати роҳ ва осон намудани рафтуомади сокинон роҳандозӣ мешавад.


Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 30.04.2026 №: 81-82