БОБОҶОН ҒАФУРОВ Авҷи корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ноҳия
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди даҳҳо иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша гирифта шуда, корҳои ободониву созандагӣ бо саҳми соҳибкорону аҳолӣ ва шахсони саховатпеша идома доранд.
28-уми апрел раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафари корӣ анҷом дод. Раиси вилоят, нахуст, бо васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии корхонаи ҶДММ “Ирода-инвест” шинос шуд. Таҷҳизоти зарурӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардида, айни ҳол беш аз 70 дарсади корҳои васлу насби он анҷом ёфтааст. Корхонаи коркарди гандум ва истеҳсоли орд барои макарон дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади таъмини рушди соҳаи саноат бунёд шуда истодааст.
Дар идома Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони корхонаи истеҳсоли орди ҶДММ “Фатир Агро” шинос шуд. Иншооти мазкур аз ҷумлаи корхонаҳои нави саноатӣ дар ноҳия буда, бо истифода аз технологияҳои муосир бунёд мегардад. Баъд аз ба фаъолият оғоз намудани он дар се баст то 500 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар иншоот 70 дасрад иҷро гардида, дар нақша аст, ки он то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода шавад.
Сипас, роҳбари вилоят бо рафти корҳои сохтмонӣ дар маркази солимгардонӣ дар деҳоти Унҷӣ шинос гардид. Зимни шиносоӣ зарурати тақвияти корҳои ободонӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом расондани корҳои сохтмонӣ таъкид шуд. Бино аз ду ошёна иборат буда, бо саҳми соҳибкорон бунёд мешавад.
Дар идомаи сафар Раҷаб Аҳмадзода бо раванди сохтмони бинои иловагии кӯдакистони №11 дар деҳоти Унҷӣ шинос шуд. Иншооти ҷашнӣ барои наздик ба 300 кӯдак пешбинӣ гардида, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд мегардад.
Кароматулло АТО, “Ҷумҳурият”
