ҲАМДАРДИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ПАЙВАНДОНИ ФАВТИДАГОН

04 май 2026, Душанбе
21

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинобар рух додани офати табиӣ бар асари боришоти зиёди борон ва омадани сели шаби 1-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб, ки боиси талафоти ҷониву молӣ гардид, изҳори тасаллият намуданд.

Ҳамзамон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба пайвандону наздикони фавтидагон сабри ҷамил ва ба кулли осебдидагон шифои комил хостанд.

Санаи нашр: 4.05.2026 №: 84