ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

06 май 2026, Чоршанбе
27


аз 28 апрели соли 2026, №209, ш. Душанбе
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2024, №470
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар замимаи 1 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2024, №470 “Дар бораи Меъёрҳои боҷҳои гумрукии воридоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- дар сутуни чоруми сатрҳои рамзи молии “841510”, “8415101000”, “8415109000”, “84158100” ва “8415810010” гурӯҳи 84 рақами “5” ба рақами “15” иваз карда шавад;
- дар сутуни чоруми сатрҳои рамзи молии “94051100”, “940511001”, “9405110012”, “9405110013”, “9405110014”, “9405110015”, “9405110019”, “940511002”, “9405110022”, “9405110029”, “940511003”, “9405110033”, “9405110039”, “94051900”, “940519001”, “9405190012”, “9405190015”, “9405190019”, “940519002”, “9405190029”, “940519003”, “9405190032” ва “9405190039” гурӯҳи 94 рақами “15” ба рақами “30” иваз карда шавад.
2. Қарори мазкур аз 1 июли соли 2026 мавриди амал қарор дода шавад.


Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

Санаи нашр: 04.05.2026 №: 84