ПАЛАТАИ ҲИСОБ. ПОЯИ ЭЪТИМОД БА МОЛИЯИ ДАВЛАТӢ

Дар шароити муосир идоракунии самараноки захираҳои молиявӣ яке аз омилҳои асосии рушди устувори давлат ба ҳисоб меравад. Назорати дуруст ва шаффофи молиявӣ имкон медиҳад, ки иқтисоди миллӣ устувор рушд ёбад ва сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар гардад. Дар ин замина, Палатаи ҳисоб ҳамчун мақоми олии аудити давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим ва калидиро иҷро менамояд. Фаъолияти он на танҳо ба назорати буҷети давлатӣ маҳдуд мешавад, балки тамоми соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро фаро мегирад.
Палатаи ҳисоб мақоми мустақили давлатӣ буда, вазифаи асосии он назорати иҷрои буҷети давлатӣ ва арзёбии самаранокии истифодаи захираҳои молиявии давлат маҳсуб меёбад. Фаъолияти Палата бисёрҷанба буда, самтҳои гуногуни иқтисодиёт ва идоракунии давлатиро дар бар мегирад. Аз ҷумла, он аудити молиявӣ ва мутобиқат (санҷиши дурустии ҳисобот), аудити самаранокӣ (арзёбии натиҷа ва самараи хароҷот), назорати иҷрои барномаҳои давлатӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таҳлили хавфҳои молиявӣ ва пешниҳоди хулосаҳо, инчунин, омода намудани ҳисобот ва тавсияҳоро барои беҳтарсозии идоракунии молия анҷом медиҳад. Яке аз дастовардҳои муҳими фаъолияти Палатаи ҳисоб баланд бардоштани сатҳи шаффофият дар истифодаи маблағҳои давлатӣ мебошад. Вақте ҳар як сомонӣ таҳти назорати қатъӣ қарор дорад, эҳтимоли истифодаи ғайримақсаднок коҳиш меёбад. Ин раванд эътимоди ҷомеаро ба сохторҳои давлатӣ тақвият бахшида, барои фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон, Палата ҳамчун механизми муассири назоратӣ дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои коррупсионӣ нақши назаррас дорад. Тавассути санҷишҳои мунтазам ва таҳлили амиқи фаъолияти молиявӣ, қонуншиканиҳо сари вақт ошкор гардида, барои бартараф намудани онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ин раванд ба коҳиш ёфтани хавфҳои коррупсионӣ ва такмили идоракунии давлатӣ мусоидат мекунад. Ғайр аз таъсири иқтисодӣ, фаъолияти Палатаи ҳисоб аҳамияти иҷтимоӣ низ дорад. Бо беҳтар гардидани идоракунии маблағҳо, имконият барои рушди соҳаҳои муҳим, аз қабили маориф, тандурустӣ ва инфрасохтор, бештар мегардад.
Ҳангоми гузарондани санҷишҳо дар идораву ташкилотҳо, Палатаи ҳисоб на танҳо равандҳои молиявиро месанҷад, балки ба тартиби муошират ва пешниҳоди натиҷаҳо низ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Рафти санҷиш одатан марҳала ба марҳала ва бо риояи меъёрҳои касбӣ анҷом дода мешавад. Ин раванд на танҳо хусусияти техникӣ дорад, балки як шакли муоширати касбӣ низ ба ҳисоб меравад. Суханронии дуруст ва муносибати ҳирфаӣ имкон медиҳад, ки ҳамкорӣ бо ташкилотҳо беҳтар гардида, натиҷаҳои санҷиш боэътимод ва самаранок бошанд.
Дар маҷмуъ, Палатаи ҳисоб дар тамоми самтҳои муҳими рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим мебозад. Фаъолияти он ба таъмини шаффофият, самаранокӣ ва адолат дар истифодаи маблағҳои давлатӣ равона гардида, барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва беҳбудии зиндагии аҳолӣ заминаи устувор фароҳам меорад. Яке аз омилҳои асосии самаранокии фаъолияти он мавҷудияти кадрҳои баландихтисос ва мутахассисони соҳибтаҷриба мебошад. Сатҳи касбият ва дониши кормандон бевосита ба сифати аудити давлатӣ ва натиҷаҳои санҷиш таъсир мерасонад. Кадрҳои ботаҷриба ва мутахассисони соҳибкасб пояи асосии фаъолияти муваффақонаи Палатаи ҳисоб мебошанд.
Омили дигари муҳими рушди фаъолияти Палатаи ҳисоб боварӣ ва таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешвои миллат дар суханрониҳо ва паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ пайваста таъкид менамоянд, ки истифодаи самараноки маблағҳои буҷет ва назорати қатъии онҳо шарти асосии рушди иқтисодӣ аст. Маҳз таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат ва дастгирии давлатӣ боис гардидааст, ки Палатаи ҳисоб сол ба сол фаъолияти худро такмил дода, ба як ниҳоди муҳими таҳлилӣ ва назоратӣ табдил ёбад. Боварӣ ва дастгирии роҳбарияти давлат имкон медиҳад, ки фаъолияти ин ниҳод боз ҳам самараноктар гардида, дар таъмини шаффофият, пешгирии қонуншиканиҳо ва рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ нақши калидӣ бозад.
Собирҷон АБДУАЛИМЗОДА, мутахассиси пешбари раёсати баҳодиҳии буҷетҳои маҳаллии Палатаи ҳисоб
