ВАХШ. САНОАТ ОЯНДА МЕСОЗАД

06 май 2026, Чоршанбе
19

Дар ноҳияи Вахш ҷиҳати истиқболи арзандаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина, бунёд кардани иншооти гуногуни дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ талош менамоянд ва тадбирҳои муассир меандешанд. 

Аз ҷумла, дар Ҷамоати шаҳраки Вахш сохтмони кӯдакистон барои 280 кӯдак бомаром идома дорад. Сохтмончиён кӯшиш доранд, ки иншооти ҷашниро дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд ба анҷом расонанд.
Тавре ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, бунёди чунин муассисаҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат буда, ба рушди соҳаи маориф ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, дар кӯчаи Ҳ. Давлатови шаҳрак аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдухолиқ Саидов дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд коргоҳи истеҳсоли шифер сохта, ба истифода дода мешавад, ки арзиши лоиҳа 9,2 миллион сомонӣ мебошад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як шабонарӯз то 1000 дона шифер буда, баъди ба истифода супурдан, 30 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия сохтмони корхонаи «Хишти Хатлон» идома дошта, қарор аст, иншоот соли 2026 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Корхона бо истифода аз технологияҳои муосир аз ҷониби ҶДММ «Хишти Хатлон» дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла соҳибкори чинӣ Хан Шифун ба маблағи 14,5 миллион сомонӣ бунёд шуда, пас аз истифода супурдан талаботи бозори дохилӣ ба масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла хишт, то андозае таъмин мегардад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол то 960 ҳазор дона хиштро ташкил дода, барои рушди соҳаи сохтмон ва таъмини бозор бо маҳсулоти ватанӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт. Ҳамзамон, бо ба фаъолият оғоз намудани корхона 35 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегардад.
Ифтитоҳи чунин корхонаҳои истеҳсолӣ дар заминаи ҳадафи стратегии ҷумҳурӣ – саноатикунонии босуръат амалӣ гардида, барои рушди иқтисоди маҳаллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳамияти муҳим дорад.


Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 06.05.2026 №: 87