АЗ ЁХСУ ТО БРАНДЕНБУРГ
Пирназар Шарифов солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар майдони набард ва майдони заҳмат диловариҳо нишон додааст. Ӯ соли 1920 дар деҳшурои Ёхсуи ноҳияи Ховалинг таваллуд шудааст. Соли 1941 мисли дигар ҷавонони он замон ба ҷанги зидди фашизм даъват мешавад ва то охирҳои соли 1942 ҷангида, захм мебардорад ва муддати мадид дар госпитали шаҳри Челябинск табобат мегирад. Комиссияи тиббӣ хулоса мекунад, ки Пирназар Шарифов барои барқарорсозии тандурустиаш ба ақибгоҳ фиристода шавад, аммо ӯ бо ихтиёри худ ба ҷабҳа меравад. Ҷисмаш захмин бошад ҳам, иродааш захм набардоштаву мустаҳкаму қавӣ монда буд.
Дар ҳайати артиши 1-уми Беларус дар амалиётҳо иштирок карда, дар иҳота ва фатҳи Берлин саҳм гузошт. Баъди Ғалаба то соли 1947 дар комендатураи Бранденбурги Олмон хидмати ҳарбиро идома дод.
Пирназар Шарифов ҳамчун маҷруҳи гурӯҳи 2-юм бо 2 ордену 9 медали ҷангӣ ба Тоҷикистон баргашта, дар колхози ба номи Амиршоеви ноҳияи Кӯлоб ҳамчун сардори бригада ва баъдан ба ҳайси мудири ферма кор кард.
Мардум ӯро марди дар кор сахтгир, вале баробари ҳамин як инсони одилу боҳикмату дурандеш мешинохтанд, аз сиёсати зиндагисозӣ ва тарзи хоҷагидории вай ибрат мегирифтанд ва нисбаташ эҳтироми хосса зоҳир мекарданд, ҳар маслиҳату суханашро бо дилу ҷон мепазируфтанд.
Ин марди боирода бо ҷисми пур аз захм 93 сол зист. Ҳанӯз оид ба набардҳои ӯ дар майдонҳои заҳмат ва ҷанг нақлу ривоятҳо мондаанд ва бузургсолон барои ҷавонон нақл мекунанд.
Ҳамчунин, бояд тазаккур дод, ки Пирназар Шарифов соҳиби шаш фарзанд – 3 духтар, 3 писар ва набераву абераҳои зиёд гашт. Дар тарбияи онҳо низ мекӯшид. Онҳоро ба мушкилнописандӣ, талошгарӣ ва соҳиби иродаи қавӣ будан ҳидоят менамуд. Аз ин боис фарзандон ва наберагонаш мисли худи ӯ номвар мешуданд. Аз ҷумла, фарзандонаш Маҳмадназар Пирназаров, номзади илмҳои тиб, дар беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ”-и шаҳри Душанбе, Ойдиной Мансурова, пизишки бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе, Амирхусрав Пирназаров дар “Тоҷикстандарт” кор мекунанд, Сорбон Пирназаров роҳбари шуъбаи кадрҳои филиали ДДМ ба номи М. Ломоносов дар Душанбе мебошад. Мадина Пирназарова ба сифати табиби ғадудшинос дар Россия фаъолияти намунавӣ дорад.
Фарзандону наберагону аберагон роҳи ҷасорат, ватандорӣ ва фатҳгарии ин диловари майдони набард ва заҳматро идома медиҳанд.
Гулчеҳра ЗОИДДУХТ, собиқадори матбуот
