ФУТБОЛ
Дастаи наврасони Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳхат гирифт
Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Далер Қаёсов дар Ҷоми Осиё-2026, ки дар Арабистони Саудӣ ҷараён дорад, ду пирӯзӣ ба даст овард.
Дар даври аввали гурӯҳи “А” футболбозони навраси мо бар тими Тайланд бо ҳисоби 2:0 ва дар даври дуюм бар тими Мянмар бо ҳисоби 1:0 пирӯз гашта, пеш аз муҳлат роҳхати чорякфинали Ҷоми Осиё, ҳамчунин, роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон – 2026 миёни наврасонро, ки моҳи ноябр дар Қатар баргузор мегардад, сазовор гаштанд.
Ногуфта намонад, ки дастаи футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) бори чорум мешавад, ки дар Ҷоми ҷаҳон иштирок хоҳад кард. Қаблан даста дар чемпионатҳои ҷаҳонии солҳои 2007, 2019 ва 2025 ширкат варзида буд.
Дар даври сеюми марҳалаи гурӯҳии Ҷоми Осиё миёни наврасон имрӯз – 12-уми май Тоҷикистон бо Арабис-тони Саудӣ вомехӯрад.
ҶОМИ ОСИЁ-2027: қуръакашӣ доир гашт
Бар асоси қуръакашии Ҷоми Осиё-2027, ки 9-уми май доир шуд, дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон, Австралия, Ироқ ва Сингапур ба гурӯҳи «D» шомил шуданд.
Ин маротибаи дуюм аст, ки тими миллии футболи кишвар дар Ҷоми Осиё ширкат мекунад. Умуман, дар мусобиқа 24 дастаи миллӣ дар шаш гурӯҳ бозӣ мекунад. Аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ва 4 дастаи ҷойи сеюми гурӯҳҳо, ки натиҷаи беҳтар нишон медиҳад, дар ҳаштякфинал мусобиқаро идома медиҳад.
19-умин Ҷоми Осиё аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор хоҳад шуд.
30-юми апрел мавсими нави футболи бонувон оғоз шуд
Дар нуҳум Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон шаш даста барои медалҳо мубориза мебарад: КМВА-ММВЗО (Душанбе), МДМВ «Вахш» (Бохтар), «Бeшкент» (Носири Хусрав), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Пахтакор» (Қубодиён) ва «Чашма» (Шаҳритус). Дастаҳо дар чор марҳала бо ҳам бозӣ хоҳанд кард.
Дар Чемпионат миёни духтарони то 17-сола 13 даста ба се гурӯҳ тақсим мешавад. Дар марҳалаи аввал дастаҳо дар чор давр бозӣ мекунанд. Ғолибони гурӯҳҳо ва беҳтарин тимҳои ҷойи дуюм ба қисми ниҳоӣ роҳ меёбанд.
Дар гурӯҳи дигари синну солӣ миёни духтарони то 15-сола бошад, 17 даста ба чор гурӯҳ ҷудо мегардад. Мусобиқа дар се марҳала сурат мегирад ва танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоӣ роҳ меёбанд.
Тавре ФФТ хабар дод, бо дастгирии барномаи “FIFA League Development”, мусобиқа байни духтарони то 13-сола низ ташкил карда шуд. Бисту панҷ даста дар панҷ гурӯҳ рақобат менамояд. Бозиҳо дар ду давра роҳандозӣ шуда, ғолибони гурӯҳҳо ба финал роҳ меёбанд. Дастаҳо бо маҷмуи либоси варзишӣ, тӯбҳо ва таҷҳизоти тамринӣ таъмин гардиданд. Ин лоиҳа барои оммавияти футболи занона дар кишвар ва бунёди заминаи мустаҳкам барои захираҳои оянда равона шудааст.
ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ
Дави миллӣ 17-уми май доир мегардад
Бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва оммавӣ гардондани тарбияи ҷисмонӣ байни аҳолӣ, дар доираи чорабиниҳо ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, 17-уми май дар ҷумҳурӣ Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мешаванд.
Дави миллӣ дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2007, №255 якшанбеи сеюми моҳи майи ҳар сол доир мегардад. Марафони велосипедронӣ бошад, аз соли 2019 ба ҳукми анъана даромад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ташвиқу тарғиби ҳаёти солим пайваста бо қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор чора меандешад. Аз ҷумла, Қонун «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» аз 23-юми декабри соли 2021, инчунин, қабули Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ва Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо қарорҳои Ҳукумати мамлакат қабул гардидаанд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
