МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО МУДИРИ КУЛЛИ СОЗМОНИ ОЗУҚАВОРӢ ВА КИШОВАРЗИИ СММ
![]()
12-уми май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донгюйро, ки ҷиҳати ширкат дар Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, аз ҷумла Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ, баррасӣ гардид.
Ба иттилои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз дастгирии доимии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ аз талошҳои кишвар дар роҳи амалисозии афзалиятҳои миллии рушди устувор изҳори қаноатмандӣ намуд.
Таъкид шуд, ки баргузории Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе имконияти мусоид барои таҳкими муколамаи байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозии талошҳо дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувор хоҳад буд.
Ҷонибҳо ба тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои мутобиқшавӣ ба иқлим, идоракунии устувори захираҳои замин, ҳифзи ҷангал ва дастгирии «иқтисоди сабз» таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
Густариши ҳамкорӣ дар самтҳои ҳифзи рустаниҳо ва гуногунии биологӣ, амнияти фитосанитарӣ, рушди низомҳои устувори истеҳсолӣ, технологияҳои инноватсионӣ ва рақамикунонии соҳа муҳим арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин, оид ба тавсеаи ҳамкорӣ бо Созмон доир ба таҳкими иқтидори бахшҳои кишоварзӣ, дастгирии хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ, рушди содирот ва ҷалби сармоягузорӣ ба бахши агроозуқаворӣ ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.
Рустами Эмомалӣ ба мудири кулли Созмон вобаста ба таъсиси гӯшаи Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ ва ворид гардидани гӯсфанди ҳисорӣ ва ангури тоифии дараи Алмосӣ ба феҳристи Системаи мероси кишоварзии аҳамияти ҷаҳонидошта изҳори сипос кард.
Зимни суҳбат омодагии Тоҷикистон аз идомаи ҳамкории судманд бо Созмон дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид гардид.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
