БОХТАР. БЕМОРХОНАИ БЕМОРИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГӢ БУНЁД МЕГАРДАД

Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Бохтар сохтмони бинои нави беморхонаи бемориҳои дил ва эндокринологияи вилояти Хатлон идома дошта, мутахассисону сохтмончиён барои бо сифати баланд ва дар муҳлати муайян ба анҷом расондани корҳо кӯшиш доранд.
Бунёди беморхона барои беҳтар намудани сатҳу сифати хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ташхис ва табобати бемориҳои дилу раг ва эндокринологӣ аҳамияти муҳим дорад.
Иншооти ҷашнӣ бо дастгирии раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бунёд мешавад. Баъди ба истифода додани беморхона барои сокинони вилоят шароити боз ҳам беҳтари ташхису табобат фароҳам оварда мешавад.
КӮШОНИЁН. ДАР ДЕҲАИ ГУЛЗОР БЕШ АЗ 6 КИЛОМЕТР РОҲ АСФАЛТПӮШ ШУД

Иқдоми созанда ба беҳтар гардидани шароити ҳаракати нақлиёт, осон шудани рафтуомади сокинон ва зеботар гаштани муҳити зист мусоидат менамояд.
Ба гуфтаи сокинон, илова бар асфалтпӯшкунии роҳҳо, корҳои насби лӯлаҳои обрав ва симчӯбҳои муосир низ идома доранд, ки симои деҳаро боз ҳам зеботар мегардонанд.
Бошандагони деҳа иброз доштанд, ки бо чунин иқдомҳои созанда деҳа рӯз ба рӯз ободу пешрафта мешавад.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
