ОИЛА. ПЕШГИРӢ АЗ ХУШУНАТ МУҲИМТАРИН ОМИЛИ ПОЙДОРӢ

19 май 2026, Сешанбе
2


Дар Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфоваи ноҳияи Файзобод бо ташаббуси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таҳти унвони “Пешгирӣ аз хушунат – омили пойдории оилаи солим” чорабинӣ доир шуд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву иҷтимоии шаҳрвандон, таҳкими фарҳанги оиладорӣ, пешгирии хушунат дар муҳити оила, тарғиби муносибатҳои неки инсонӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҷалби ҷомеа ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ арзёбӣ гардид.
Раиси ноҳияи Файзобод Мансур Каримзода иброз дошт, ки имрӯз масъалаи таҳкими оилаи солим ва пешгирии омилҳои номатлуб, аз ҷумла хушунат дар оила, ба яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа табдил ёфтааст. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занону кӯдакон, пешгирии ҷудошавии оилаҳо ва таъмини муҳити солими маънавӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд.
Зикр гардид, ки танҳо дар сурати ҳамкории пайвастаи ҷомеа ва оила метавон муҳити орому солимро барои тарбияи насли наврас таъмин намуд.
Сипас, Рӯдобаи Мукаррам, раиси кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, доир ба аҳамияти таҳкими арзишҳои миллӣ, фарҳанги оиладорӣ ва эҳтироми мутақобилаи байни аъзои оила андешаронӣ кард. Таъкид намуд, ки оилаи солим заминаи асосии ташаккули ҷомеаи пешрафта буда, тарбияи дурусти фарзандон, муҳаббат, таҳаммулпазирӣ ва масъулиятшиносӣ дар пойдории он нақши калидӣ доранд. Зикр намуд, ки пешгирии хушунат танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, балки масъулияти ҳар як узви ҷомеа мебошад. Ӯ афзуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳанги оиладории тоҷикона аҳамияти бештар касб мекунад. Ҷавонон бояд дар руҳияи эҳтиром ба падару модар, масъулиятшиносӣ ва инсондӯстию ватандӯстӣ тарбия ёбанд. Муҳити солими оилавӣ дар ташаккули шахсияти кӯдак ва рушди маънавии ҷомеа нақши ҳалкунанда дорад.
Дар ҳамоиш вазири адлияи кишвар Музаффар Ашуриён ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода иштирок ва суханронӣ карданд.


Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”


БОҒИ "ИРАМ". МУАРРИФИИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲӢ ДАР НАМОИШГОҲ
Дар Боғи “Ирам”-и шаҳри Душанбе намоиши муаррифии молу маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.


Намояндагони ҳамаи сохторҳои давлатӣ аз намоиш дидан кардаву бо маҳсулоти сохтаву истеҳсолкардаи маҳкумшудагон шинос шуданд.
Намоиш дар гӯшаҳои алоҳида, ба монанди гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ, кандакориҳо, армуғонҳо, нармкурсиҳо, мизу курсиҳо барои мактабу боғчаҳо, сарулибосҳои расмиву соҳавӣ, маҳсулоти шустушӯ, маводи сохтмон ташкил шуда, дар фурӯш ҳам буданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия бо созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагии давлатҳои хориҷӣ пайваста ҳамкорӣ намуда, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ чорабиниҳои якҷояро амалӣ менамояд. Дар ин робита, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, ЮНИСЕФ, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо, раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, Табибони бидуни марз, Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ шарикони доимӣ ба ҳисоб мераванд.
Ҳоло дар мамлакат Стратегияи ислоҳоти низоми ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ мешавад, ки дар доираи он санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки фаъолияти соҳаро танзим менамоянд, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонда шуда, тадриҷан шароити будубоши маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳӣ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мегарданд.
Аз тамошои намоиш, рафти истеҳсолот тавассути наворҳо хулоса метавон кард, ки дасти одамӣ дар ҳама ҳолат гул аст ва ранҷу ҳунар ганҷи дастони ӯст.


Б. БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 19.05.2026 №: 96-97