«УШШОҚИ РАҲМОНӢ». ҶАМЪБАСТИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ХУҶАНД
Ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба Рӯзи Шашмақом бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рӯзҳои 10 – 12-уми майи соли равон дар шаҳри Хуҷанд Фестивал-озмуни байналмилалии Шашмақом таҳти унвони «Ушшоқи Раҳмонӣ» доир гашт.
Дар чорабинии сатҳи байналмилалӣ ҳунармандони ансамблҳои шашмақомхонон, мусиқиши-носон, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаи фарҳанг аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Озарбойҷон ва Фаронса иштирок намуданд.
Маросими ифтитоҳи Фестивал бо ширкати раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён, намояндагони аҳли илму фарҳанг ва меҳмонони хориҷӣ дар Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор шуд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки Шашмақом ҳамчун падидаи нодири мусиқии классикии тоҷик тули асрҳо ташаккул ёфта, ҳамчун мероси ғайримоддии ЮНЕСКО эътироф мешавад.
Маросими ҷамъбасти Фестивал-озмуни байналмилалии «Ушшоқи Раҳмонӣ» шоми 12-уми май дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» баргузор гардид. Дар ҷамъбасти Фестивал ансамбли «Нури Хуҷанд»-и вилояти Суғд сазовори шоҳҷоиза шуда, дастаи ҳунарии “Шашмақом”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва дастаи ҳунарии “Шашмақом”-и Бухорои Ӯзбекистон мақоми аввалро гирифтанд.
Ҷойҳои дуюм насиби дастаи “Шашмақом”-и Фарғонаи Ӯзбекистон ва Сардорбек Солиев, овозхони дастаи ҳунарии “Шашмақом”-и шаҳри Хуҷанд гашт. Дастаи ҳунарии “Шашмақом”-и Озарбойҷон ва Навбаҳор Шарипова, сарояндаи ҷавон аз ноҳияи Спитамен, соҳиби ҷойҳои сеюм гардиданд. Ба соҳиби шоҳҷоиза 7 ҳазор доллари ИМА ва гирандагони ҷойҳои аввал, дуюм ва сеюм мутаносибан 5 ҳазор, 3,5 ҳазор ва 2 ҳазордолларӣ супурда шуд.
Мутахассисони соҳаи Шашмақом, иштирокдорони фаъоли Фестивал, меҳмонону меросбарони асили санъати Шашмақом бо ҷоизаи махсуси раиси вилояти Суғд аз 500 то 1000 доллар сарфароз гаштанд.
Фестивал-озмуни байналмилалии «Ушшоқи Раҳмонӣ» бори аввал дар вилояти Суғд баргузор шуда, онро ҳамчун рӯйдоди муҳими фарҳангии байналмилалӣ барои рушди санъати Шашмақом, таҳкими ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои минтақа ва муаррифии арзишҳои миллии тоҷикон донистанд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
