ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. ЗАМИНАИ МАЪНАВӢ БАРОИ БУНЁДИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН
![]()
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз минбарҳои баланди байналмилалӣ аз қавми ориёӣ дифоъ мекунанд ва моро ҳамеша ба омӯзиши таърихи аҷдодони худ талқин менамоянд. Шинохти гузаштаи худ барои бунёди ояндаи дурахшон зарур ва ҳатмӣ аст.
Тамаддуни ориёӣ ҷузъи ҷудонашавандаи мероси фарҳангии тамоми ҷаҳон буда, омӯзиши он ба мо имкон медиҳад, ки ҷойгоҳи худро дар ҷаҳон устувор намоем. Ва ҳам донистани ин таърих моро ба ваҳдат, созандагӣ ва ҳифзи истиқлол ҳидоят мекунад.
Эълон гардидани соли 2006 ҳамчун Соли тамаддуни ориёӣ яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои фарҳангию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввали асри XXI ба шумор меравад. Ин ташаббуси бузург бо эҳтимоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Ҳадафҳои асосии ин ташаббус баланд бардоштани ҳисси ифтихори ватандорӣ, огоҳ кардани ҷомеа бо решаҳои фарҳангии худ, эҷод кардани пойдевори мустаҳками маънавӣ, пешгирӣ аз таҳмили фарҳанги бегона, муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари дорои таъриху фарҳанги бостонӣ, эҳёи суннатҳои миллӣ, расму оинҳо ва арзишҳои ахлоқии қадимаи аҷдодон мебошад.
Рӯйдоди муҳими дигар дар ин сол баргузории Симпозиуми байналмилалии «Тамаддуни ориёӣ ва ҷаҳони муосир» дар шаҳри Душанбе буд. Дар ин ҳамоиш беш аз 300 нафар олимон, таърихшиносон, бостоншиносон ва эроншиносони маъруф аз 30 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.
Китоби арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» ба якчанд забонҳои ҷаҳон тарҷума ва нашр шуд, ки роҳи таърихии моро аз ориёиҳо то имрӯз нишон медиҳад. Инчунин, матнҳои таърихии Авесто, таҳқиқоти нави бостоншиносӣ ва асарҳои академик Бобоҷон Ғафуров бо теъдоди зиёд чоп гардиданд.
Бунёди маънавии тамаддуни ориёӣ дар китоби муқаддаси «Авесто» инъикос ёфтааст. «Авесто» на танҳо китоби динӣ, балки сарчашмаи бузурги таърихиву фалсафӣ мебошад. Ин асар усулҳои олии ахлоқиро барои ҷомеаи гузашта ва имрӯза танзим кардааст. Сегонаи ахлоқии «Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» асоси он аст. Ин фалсафа инсонро ба созандагӣ, покӣ ва эҳтироми табиат ҳидоят мекунад.
Иди Наврӯз, Меҳргон ва Сада аз ҳамин тамаддуни созанда сарчашма мегиранд. Ин ҷашнҳо робитаи зичи инсонро бо табиат ва давраҳои сол нишон медиҳанд.
Бо пешниҳоди Пешвои миллат Ҷашни Наврӯз – бузургтарин мероси фарҳангии ориёӣ, аз ҷониби СММ эътироф шуда, мақоми байналмилалӣ гирифт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои қадимии Сада, Меҳргон ва Тиргонро расман зинда карданд ва онҳоро ба ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон табдил доданд. Ин тадбирҳо таърихи зиндаи ниёгонро ба насли наврас нишон медиҳанд.
Мо аз таърихи гузаштаи худ медонем, ки Куруши Кабир бо Эъломияи ҳуқуқи башари худ номи ориёиро ҷаҳонӣ кард. Ин эъломия аввалин санади расмии эҳтироми озодии инсон ва миллатҳо буд. Дар давраи Ашкониён ва Сосониён фарҳанги ориёӣ ба авҷи аълои худ расида, давлати Сомониён марҳалаи дурахшони эҳёи фарҳангиву сиёсии ин тамаддунро фатҳ кард. Исмоили Сомонӣ низоми давлатдории миллиро ба дараҷаи олӣ расонд. Дар ин давра Ибни Сино, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва дигарон ба майдони илму адаб омаданд.
«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ шиносномаи ҳақиқии таъриху фарҳанги ориёӣ гардид. Ин асар руҳияи миллии мардуми ориёнажодро дар тули асрҳо зинда нигоҳ дошт. Забони тоҷикӣ ҳамчун вориси бевоситаи забонҳои бостонии ориёӣ ҳифз шуд.
Фарҳанги созандаи мо тавонист дар баробари тамоми ҳуҷумҳои аҷнабиён пойдор монад. Имрӯз забони тоҷикӣ пули зиндаи таърих аст. Он ҳамчун рамзи устувори соҳибихтиёрии миллати мо хизмат мекунад.
Хулоса, соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба эҳёи таърихи миллӣ такони ҷиддӣ бахшид. Миллат ба омӯзиши амиқи решаҳои тамаддунии худ шуруъ кард.
Барои мо – тоҷикон, ки худро вориси қонунии ин мероси бузург медонем, тамаддуни ориёӣ заминаи асосии ғояи миллии шинохти худ мебошад. Пос доштани ин арзишҳо на танҳо эҳтиром ба гузашта, балки чароғест дар роҳи бунёди ҷомеаи мутамаддин, сулҳхоҳ ва созанда. Ҳифзи ин арзишҳо вазифаи муқаддаси ҳар як фарди соҳибватан мебошад. Ин мероси гаронбаҳо бояд ба наслҳои оянда бегазанд ва комил интиқол дода шавад, ки талош дар ин самт қарзи имониву виҷдонӣ ва номуси ватандории ҳар фарди бедордили миллати тамаддунфоари тоҷик аст.
Фирӯзи АЛИШЕР,
«Ҷумҳурият»
