МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ. ЭЪТИМОДИ МО ОЯНДАСОЗ АСТ!
Имрӯз аксар сокинони кишварамон ҳангоми харид бештар ба молу маҳсулоти хориҷӣ бартарӣ медиҳанд. Ҳол он ки солҳои охир нархи бисёр маҳсулоти ватанӣ нисбатан арзону сифати онҳо беҳтар шудааст. Махсусан, ин пешравиро дар истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ зиёд мушоҳида мекунем.
Саноати хӯрокворӣ дар замони соҳибистиқлолии мамлакат аз ҷумлаи аввалин соҳаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ буд, ки бо истифода аз дастовардҳои навтарини илму техника рушди мунтазам ва устувори худро ба роҳ монда, сол то сол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хушсифати хӯроквориро тавассути бунёди корхонаҳои муосири саноатӣ зиёд намуд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи мазкур тавассути роҳандозии технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот, бунёди корхонаҳои муосир ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашудаи рақобатпазир мунтазам рушд ёфта истодааст. Чунин пешравиҳо дар истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, дорусозӣ, васоити шустушӯ, либос ва ғайра низ мушоҳида мешаванд. Аз ин рӯ, харидани маҳсулоти ватанӣ як навъ дастгирии корхонаҳои ватанӣ ба шумор меравад.
Чунончи, соли 2012 вақте Юнон ба буҳрони молиявӣ дучор омад, иқтисодшиносон роҳҳои халосӣ аз ин мушкилиро ҷустуҷӯ карданд. Зимни таҳлил маълум гардид, ки аксар юнониҳо мисли баъзе аз ҳамватанонамон мафтуни молҳои хориҷӣ будаанд. Масалан, ба ҷойи пойафзоли корхонаҳои ватанӣ пойафзоли итолиёӣ, либосҳои амрикоӣ, атру косметикаи фаронсавӣ, мошинҳои ҷопонию олмонӣ ва дигар маҳсулоти воридотиро мехариданд. Илова бар ин, Юнон 48 дарсади маҳсулоти озуқавориро аз хориҷа ворид мекард. Коршиносон ба хулосае омаданд, ки яке аз роҳҳои халос шудан аз буҳрони молиявӣ хариди маҳсулоти худӣ ва ба ин роҳ, дастгирӣ кардани истеҳсолкунандагони ватанӣ аст. Бо ин мақсад, Ассотсиатсияи юнониҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ шиореро бо номи «Ҳазорро сарфи Ватан кун!» ба миён гузоштанд. Тибқи он, ба ҳар юнонӣ пешниҳод шуд, ки соле ба маблағи 1000 евро маҳсулоти истеҳсоли ватаниро бихарад. Пешбинӣ гардид, ки бо ин мақсад, соле ба иқтисодиёти Юнон 10 миллиард евро изофа мешавад.
Инчунин, дар бозору мағозаҳои кишвар навиштаҷоти «Шафтолуи мо аз ҳама ширинтар!» насб карда шуд. Мағозаҳо нархи пойафзолу либосҳои истеҳсоли Юнонро 50 дарсад арзон карданд. Чунин чораандешӣ самараи нек ба бор овард.
Бо истифода аз ин ба таҷриба кишварҳои дигари пешрафта, ба монанди Олмону Ҷопон, моро низ лозим аст, ки харидани маҳсулоти ватаниро яке аз нишонаҳои ватандӯстӣ шуморем. Тарғиби ин руҳия аз чанд ҷиҳат манфиатнок аст.
Якум, ҳангоми бештар харидани маҳсулоти ватанӣ асъори хориҷӣ камтар аз ҷумҳурӣ берун меравад. Ин дар нигоҳ доштани қурби пули миллӣ низ нақши муҳим мебозад.
Дуюм, бо харидани маҳсулоти ватанӣ иқтидори корхонаҳои кишвар афзуда, боиси зиёдшавии ҷойҳои нави корӣ мегардад. Ҳамчунин, бо беҳтаршавии вазъи молиявии истеҳсолкунандагони ватанӣ ҳаҷми супурдани андоз афзуда, буҷети кишвар ғанитар ва маблағгузорӣ ба соҳаҳои роҳсозию маорифу тандурустӣ бештар мешавад.
Сеюм, бо харидани маҳсулоти ватанӣ иқтидори корхонаҳои кишвар афзуда, ҷойҳои нави кор фароҳам меоянд.
Чорум, маҳсулоти хӯроквории ватанӣ бештар аз лиҳози экологӣ тоза ва ботароватанд, зеро барои интиқоли онҳо бинобар наздик буданашон маблағу вақти зиёд сарф намешавад.
Панҷум, нархи маҳсулоти ватанӣ нисбатан арзон аст, зеро ба он хароҷоти зиёди боркашонӣ ва боҷи гумрукӣ илова нашудааст.
Шашум, бартарӣ додан ба маҳсулоти ватанӣ ба таъсиси истеҳсолоти нави дорои хусусиятҳои содиротӣ ва ивазкунандаи воридот, инчунин, татбиқи стандартҳои байналмилалӣ дар истеҳсолот мусоидат мекунад.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки ба ҳамагон шиори «Молу маҳсулоти ватанӣ беҳтар»-ро талқин намуда, мисли юнониҳо «ҳазор»-ро сарфи пешравию ободии Ватан кунем.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Ҷумҳурият»
