МАН ЧӢ ГӮЯМ ВАСФИ ИН ОЛИҶАНОБ…

22 май 2026, Ҷумъа
6


(Андешае дар ҳошияи ташаббуси наҷиби Пешвои муаззами миллат оид ба эҳёи хотираи таърихӣ ва бозгашти хоки рамзии фарзандони бузурги тоҷик ба оғӯши Ватан)


Ҳанӯз аз рӯзгорони бостон, аз замонҳое, ки ниёкони ориёии мо дар паҳнои таърих, дар канори рӯдҳои равон, дар домани кӯҳҳои сарбафалак ва дар оғӯши сарзаминҳои хуршедӣ мезистанд, мафҳумҳои хок, Ватан, ниёкон ва номи нек ҷойгоҳи муқаддас доштанд. Барои ориёиҳо хок танҳо зарраҳои замин набуд. Хок рамзи ҳастӣ, реша, пайванд, таваллуд, ризқ, хотира ва бозгашт ба оғӯши модар буд. Инсон аз хок бармехост, бо меҳри хок мезист ва баъд аз анҷоми умр боз ба хок бармегашт, то дар сирри абадии табиат бо Ватан як шавад.
Дар ҷаҳонбинии ниёкони ориёии мо пос доштани руҳи гузаштагон, ёд кардани падарон, гиромӣ доштани қаҳрамонон ва нигоҳ доштани номи нек аз муҳимтарин нишонаҳои ахлоқи баланд ба шумор мерафт. Онҳо хуб медонистанд, ки инсон бе гузашта мисли дарахти береша аст. Агар реша хушк шавад, шоха сабз намемонад. Агар хотира гум шавад, ҳувият низ ранги худро мебозад. Аз ҳамин рӯ, дар фарҳанги ориёӣ хотираи ниёгон танҳо ёдоварии рафтагон набуд, балки неруи зиндаи маънавие буд, ки наслҳоро ба ҳам мепайваст.
Дар тамаддуни бостонии ориёӣ номи нек умри дуюми инсон ба шумор мерафт. Ҷисм фано мешавад, аммо номи нек дар ёди халқ боқӣ мемонад. Қабр танҳо макони оромиши ҷисм нест. Қабр нишонаи пайванди инсон бо хок, бо сарзамин, бо хотираи наслҳо ва бо рози абадияти Ватан аст. Аз ин рӯ, ҳар гоҳ хоки фарзанди бузурге ба Ватан бармегардад, ин танҳо бозгашти як мушти хок нест. Ин бозгашти як пораи таърих, як пораи руҳ, як пораи ҳувияти миллӣ ба оғӯши модар Ватан аст.
Хушбахтона, замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон давраи эҳёи хотираи таърихӣ, бозшиносии арзишҳои миллӣ ва барқарор гардидани адолати маънавӣ нисбат ба фарзандони сарсупурдаи миллат номид. Бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар даврони истиқлолият на танҳо пояҳои давлатдории навини тоҷикон устувор гардид, балки руҳи таърихии миллат низ аз нав бедор шуд. Номҳои фаромӯшшуда эҳё гардиданд, чеҳраҳои таърихӣ ба ҷойгоҳи шоистаи худ баргардонда шуданд, оромгоҳҳо обод гардиданд, мероси ниёгон гиромӣ дошта шуд ва худшиносии миллӣ ба яке аз меҳварҳои асосии сиёсати давлат табдил ёфт.
Дар ин силсилаи иқдомҳои маънавӣ ва таърихсоз ташаббуси навбатии Пешвои миллат оид ба Тоҷикистон овардани хоки рамзӣ аз маҳали дафни се бузургмарди миллат, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва Нисор Муҳаммад, ҷойгоҳи махсус дорад. Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва АМИТ «Ховар», 18-уми майи соли 2026 дар оромгоҳи Донскойи шаҳри Москва маросими қабули капсулаҳо бо хок аз маҳалли дафни қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, инчунин, фарзанди барӯманди халқи тоҷик Нисор Муҳаммад баргузор гардид.
Рӯзи 19-уми май дар хотираи миллати тоҷик ҳамчун яке аз он рӯзҳои пуррамзу пурмаъно сабт хоҳад шуд, ки дар он таърих, Ватан, давлатдорӣ ва эҳтироми инсонӣ ба ҳам омаданд. Дар ин рӯзи муборак, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дар маросими истиқболи мушти хоки оромгоҳи се фарзанди фарзонаи миллат, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад иштирок намуданд. Ин ҳузур танҳо як иштироки расмии Роҳбари давлат дар як маросими давлатӣ набуд. Ин ҳузур маънои бисёр амиқтар дошт. Ин ҳузури Ватан буд дар пешорӯи фарзандони худ. Ин ҳузури давлат буд дар назди хотираи бунёдгузорони худ. Ин ҳузури миллат буд дар назди руҳи онҳое, ки барои номи тоҷик, барои сарнавишти тоҷик ва барои давлатдории тоҷик ҷон сӯхтаанд.
Дар он лаҳза гӯё Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ба як саҳнаи бузурги таърих табдил ёфта буд. Осмон, замин, парчам, сукут, эҳтиром ва чашмҳои пур аз андеша ҳама як маъно доштанд: фарзандони миллат ба Ватан бармегарданд. Он мушти хок дигар танҳо хок набуд. Он дар худ таърих дошт, дард дошт, ғарибӣ дошт, ормон дошт, садои хомӯши солҳои дурро дошт. Он хок аз қабристоне меомад, ки дар он солҳо се руҳи бузург дар хомӯшӣ қарор доштанд, аммо номи онҳо ҳеҷ гоҳ аз хотираи миллат берун нарафта буд. Он хок ба Тоҷикистон омад, ба сарзамине, ки руҳи онҳо ҳамеша он ҷо буд, ба кӯҳҳое, ки ормони онҳо дар қуллаҳояш парвоз мекард, ба замине, ки барои давлатдории он зиндагии худро бахшиданд.
Иштироки шахсии Пешвои муаззами миллат дар ин маросим паёми равшан ва пурҳикмат дошт. Ин паём ба гузаштагон буд, ки Ватан фарзандони содиқи худро фаромӯш намекунад. Ин паём ба насли имрӯз буд, ки истиқлолият танҳо неъмати сиёсӣ нест, балки масъулияти бузурги таърихист. Ин паём ба наслҳои оянда буд, ки ҳар ки барои миллат хизмат кунад, рӯзе миллат номи ӯро бо эҳтиром ба забон меорад ва хотираашро ба ҷойгоҳи шоиста мерасонад. Дар ин иқдом на танҳо меҳри роҳбар ба таърих, балки фалсафаи давлатдории миллӣ, фарҳанги сипос, адолати маънавӣ ва эҳтиром ба решаҳои миллат таҷассум ёфт.
Он лаҳзае, ки Пешвои миллат ба хотираи Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад арзи эҳтиром намуданд, гӯё ба тамоми таърихи ранҷкашидаи тоҷикон сари таъзим фуруд оварданд. Ин эҳтиром танҳо ба се шахсият набуд. Ин эҳтиром ба тамоми он фарзандони миллат буд, ки дар замонҳои душвор барои ҳастии тоҷик, барои забони тоҷикӣ, барои мактаби тоҷикӣ, барои давлатдории тоҷикӣ ва барои ҳаққи таърихии ин мардум мубориза бурданд. Ин эҳтиром ба он ормонҳое буд, ки замоне дар дилҳои мардони бедор шуъла мезаданд ва имрӯз дар симои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳақиқати зинда табдил ёфтаанд.
Дар ин маросим мушти хок ба рамзи бузург табдил ёфт. Хок, ки дар зоҳир хомӯш аст, дар чунин лаҳзаҳо аз ҳама баландтар сухан мегӯяд. Он мегӯяд, ки инсон меравад, аммо хизмат мемонад. Ҷисм фано мешавад, аммо номи нек абадӣ мегардад. Қабр дур мешавад, аммо хотираи миллат роҳҳои дурро низ тай мекунад. Солҳо мегузаранд, давлатҳо тағйир меёбанд, давронҳо дигар мешаванд, вале Ватан он фарзандонеро, ки барои ӯ ранҷ кашидаанд, дер ё зуд ба оғӯши худ мехонад. Ва ҳамин хониши Ватан дар он рӯзи таърихӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе садо дод.
Ҳузури Пешвои миллат дар ин рӯйдод боз як бор нишон дод, ки роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо роҳбарии сиёсӣ нест. Ин роҳбарии маънавӣ низ ҳаст. Ин роҳбариест, ки дар он давлатдорӣ бо хотира, сиёсат бо ахлоқ, истиқлол бо худшиносӣ ва имрӯз бо таърих пайванд меёбад. Чунин иқдомҳо аз доираи тадбирҳои маъмулӣ фаротаранд. Онҳо аз қалбе бармеоянд, ки сарнавишти миллатро эҳсос мекунад, аз андешае сарчашма мегиранд, ки медонад миллат бе хотира миллат нест ва давлат бе эҳтиром ба гузашта пояи устувори маънавӣ нахоҳад дошт.
Дар ин ҷо фалсафаи бузурги Ватан ошкор мешавад: Ватан танҳо замини зист нест, Ватан оғӯши хотира аст. Ватан он ҷоест, ки фарзандонаш ҳатто баъд аз солҳо ғарибӣ ба он бармегарданд. Ватан он ҷоест, ки хок маъно мегирад, ном ҷовидон мешавад, қабр ба мактаби ибрат табдил меёбад ва таърих бо забони сукут ба наслҳо дарс медиҳад. Вақте Пешвои миллат он мушти хокро бо эҳтиром истиқбол гирифтанд, дар асл Ватан фарзандони худро истиқбол гирифт. Дар он лаҳза байни зиндагон ва гузаштагон, байни имрӯзи соҳибистиқлол ва дирӯзи пурранҷ, байни ормон ва воқеият пули маънавӣ барпо гардид.
Ин ташаббуси наҷиб аз он ҷиҳат беназир аст, ки дар он эҳтиром ба инсон, эҳтиром ба таърих, эҳтиром ба давлатдорӣ ва эҳтиром ба руҳи миллат якҷо таҷассум ёфтааст. Бисёр иқдомҳо метавонанд бино созанд, роҳ кушоянд, шаҳр обод кунанд, аммо чунин иқдомҳо руҳи миллатро обод мекунанд. Онҳо хотираро бедор месозанд, виҷдони ҷомеаро ба ҳаракат меоранд ва ба мардум мефаҳмонанд, ки бузургӣ танҳо дар зиндагонӣ нест, бузургӣ дар он аст, ки баъд аз рафтан низ номи инсон ба Ватан хизмат кунад.
Аз ин рӯ, ин рӯзро метавон рӯзи бозгашти рамзии фарзандони миллат ба оғӯши Модар – Ватан номид. Рӯзе, ки дар он хок ба ашк, ашк ба ифтихор, ифтихор ба худшиносӣ ва худшиносӣ ба неруи миллӣ табдил ёфт. Рӯзе, ки дар он Пешвои муаззами миллат бо як амали пурмаъно нишон доданд, ки эҳёи таърих танҳо бо китобу сухан нест, балки бо амал, бо эҳтиром, бо маросими бошукӯҳ ва бо баргардондани ҳаққи маънавии фарзандони миллат ба ҷойгоҳи шоиста анҷом меёбад.
Ин рӯйдодро наметавон танҳо интиқоли хок номид. Ин бозгашти хотира аст. Ин бозгашти ҳақиқат аст. Ин бозгашти се пора аз таърихи парешони миллат ба оғӯши Ватан аст. Гӯё худи таърих баъд аз солҳо сукут лаб ба сухан кушода мегӯяд: фарзандони асили миллат ҳаргиз гум намешаванд. Агар замон онҳоро дур барад, Ватан рӯзе онҳоро бозпас мехонад.
Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум аз чеҳраҳои калидии ташаккули давлатдории тоҷикон дар садаи бист мебошанд. Шириншоҳ Шоҳтемур дар сарчашмаҳои расмӣ ҳамчун ходими намоёни давлатӣ ва ҳизбӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон ва яке аз шахсиятҳое ёд мешавад, ки неру ва дониши худро барои поягузорӣ ва бунёди давлати миллии тоҷикон равона кардааст. Нусратулло Махсум, низ дар таърихи давлатдории тоҷикон ҳамчун фарзанди ҷонфидо ва аз шахсиятҳои барҷастаи роҳи бунёд ва таҳкими давлатдории миллӣ шинохта мешавад. Нисор Муҳаммад бошад, аз чеҳраҳои маърифатпарвар ва хидматгузори роҳи маориф, забон ва бедории миллии тоҷикон ба шумор меравад.
Шириншоҳ Шоҳтемур, ин ном худ як садоест аз дили таърих. Садои марде, ки дар замони сахти сиёсатҳои печида ва марзбандиҳои сарнавиштсоз ба майдон омад. Ӯ фаҳмид, ки миллат агар дар харитаи сиёсат ҷой надошта бошад, рӯзе дар хотираи ҷаҳон низ камранг мешавад. Вай аз он зумра фарзандони Ватан буд, ки номи тоҷикро на ҳамчун як калима, балки ҳамчун як ҳақиқат, як ҳувият, як сарнавишт ҳифз кард. Дар зиндагии ӯ на танҳо сиёсат, балки иродаи миллӣ, ҷасорати таърихӣ ва садоқат ба мардуми тоҷик таҷассум ёфтааст.
Нусратулло Махсум, марди сарсупурдаи майдони давлатсозӣ, фарзанди халқ, ки аз миёни ранҷу меҳнат бархост ва ба яке аз поягузорони давлатдории тоҷикон табдил ёфт. Ӯ аз он мардоне буд, ки Ватанро на дар сухан, балки дар сарнавишти худ бардошт. Дар чеҳраи ӯ симои инсоне дида мешавад, ки барои соҳибдавлат гардидани миллат, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва барои устувории ояндаи тоҷикон ранҷ кашид.
Нисор Муҳаммад, рамзи маърифат, забон ва бедории фикрӣ. Ӯ медонист, ки миллат танҳо бо замин зинда намемонад. Миллат бо забон, мактаб, китоб, андеша ва руҳи маърифат зинда мемонад. Агар забон хонаи руҳи миллат бошад, пас маориф чароғи он хона аст. Агар мактаб бедор бошад, миллат бедор мемонад. Агар китоб зинда бошад, хотира намемирад. Нисор Муҳаммад аз ҳамин мактаби андеша буд, аз мактабе, ки на танҳо хондан, балки миллатро шинохтан меомӯзад.
Ин се бузургмард дар рӯзгоре зистанд, ки сухан гуфтан аз манфиати тоҷик, аз номи тоҷик, аз давлатдории тоҷик ва аз ҳаққи таърихии тоҷикон кори осон набуд. Онҳо дар замоне ба майдони таърих ворид шуданд, ки ҳар қадам ҷасорат мехост, ҳар сухан масъулият дошт ва ҳар талош барои миллат метавонист сарнавишти инсонро ба фоҷиа барад. Аммо онҳо роҳи осонро интихоб накарданд. Онҳо роҳи Ватанро интихоб карданд.
Сарнавишти онҳо талх буд, аммо талхии сарнавишт бузургии маънои онҳоро кам накард. Баръакс, таърих гоҳе бузургонро аз роҳи ранҷ ҷовидон мекунад. Зиндагии онҳо қатраҳои хун ва ашк дошт, аммо аз ҳамон қатраҳо рӯзе дарахти давлатдории тоҷикон сабзид. Онҳо рафтанд, аммо ормони онҳо монд. Онҳо хомӯш шуданд, аммо номи онҳо ба сухани миллат табдил ёфт. Онҳо дар ғарибии таърих мадфун шуданд, аммо руҳи онҳо ҳамеша дар Ватан буд.
Ба ҳамин маъно, бозгашти хоки рамзии онҳо ба Тоҷикистон як амали одии маросимӣ нест. Ин маросими оштии таърих бо хотираи миллат аст. Ин саҷдаи Ватан ба фарзандони худ аст. Ин посухи деромадаи адолат ба он нидоҳои хомӯше аст, ки солҳои дароз аз зери хоки ғарибӣ ба сӯйи кӯҳҳои Тоҷикистон парвоз мекарданд.
Дар маркази ин рӯйдоди пурмаъно симои Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми бузургии маънавӣ ҷилвагар мешавад, зеро чунин ташаббус танҳо аз зеҳни сиёсатмадор намеояд. Чунин ташаббус аз қалби роҳбаре бармехезад, ки таърихро ҳамчун ҷузъи зиндаи ҳастии миллат эҳсос мекунад. Аз қалби касе бармехезад, ки медонад, давлатдорӣ танҳо сохтани роҳу бино нест, балки сохтани хотира, эҳёи ном, гиромидошти арзиш ва пайвастани дирӯз ба имрӯз аст.
Ман чӣ гӯям васфи ин Олиҷаноб, ки бо чунин иқдомҳои наҷиб хокро ба рамз табдил медиҳад, хотираро ба неруи миллӣ мубаддал месозад ва ба наслҳои имрӯз меомӯзад, ки миллат бе поси гузашта бузург намешавад. Ман чӣ гӯям васфи ин Пешвои муаззам, ки дар кори давлатдорӣ танҳо ба имрӯз наменигарад, балки бо чашми таърих ба дирӯз ва бо нигоҳи ормон ба фардо менигарад. Ман чӣ гӯям васфи ин Раҳбари таърихсоз, ки дар замони соҳибистиқлолӣ на танҳо истиқлоли сиёсиро таҳким бахшид, балки истиқлоли хотираи миллиро низ зинда кард.
Чунин ташаббусҳо беназиранд, зеро дар онҳо сиёсат бо маънавият мепайвандад. Давлат бо ахлоқ ҳамнишин мешавад. Таърих бо эҳтиром зинда мегардад. Қабр бо Ватан сухан мегӯяд. Хок ба хотира табдил меёбад. Ва миллат дар оинаи бузургони худ симои имрӯзаи худро мебинад.
Ин лаҳза на танҳо барои таърихнигорон, балки барои ҳар фарди бедордили тоҷик маънои амиқ дорад, зеро ҳар миллат як руҳи ҷамъӣ дорад. Ин руҳ аз забон, аз фарҳанг, аз хотира, аз қабрҳо, аз ормонҳо ва аз номи бузургон таркиб меёбад. Агар ин руҳ захм бардорад, миллат ноором мешавад. Агар ин руҳ шифо ёбад, миллат қомат рост мекунад. Бозгашти хоки рамзии ин се фарзанди миллат яке аз ҳамон лаҳзаҳои шифои руҳи миллӣ аст.
Чӣ метавон гуфт дар васфи чунин иқдом. Сухан гоҳе нотавон мешавад. Забон дар назди баъзе амалҳо хомӯш мемонад. Ин ҷо танҳо метавон гуфт: ин кор аз ҷинси сиёсати рӯзмарра нест. Ин кор аз ҷинси маънавият аст. Аз ҷинси эҳтиром аст. Аз ҷинси он муҳаббатест, ки давлатро ба падар, миллатро ба хона ва таърихро ба виҷдон табдил медиҳад.
Ман чӣ гӯям васфи ин Олиҷаноб, ки бо чунин ташаббусҳо хомӯшии қабрҳоро ба садои ифтихори миллӣ мубаддал месозад. Ман чӣ гӯям васфи он андеша, ки дар он гузашта танҳо хотира нест, балки неруи тарбияи миллат аст. Ман чӣ гӯям васфи он иқдом, ки ба фарзандони миллат мегӯяд: ҳар ки барои Ватан зист, Ватан рӯзе ӯро ба оғӯш мегирад.
Ин рӯйдод барои насли ҷавон паёми бузург дорад. Ҷавонон бояд бидонанд, ки таърих аз китоб сар намешавад ва дар китоб поён намеёбад. Таърих дар қабрҳои бесадо, дар номҳои фаромӯшшуда, дар санадҳои зардшуда ва дар иқдомҳои эҳёгарона зинда аст. Агар имрӯз мо дар фазои соҳибистиқлолӣ зиндагӣ мекунем, ин натиҷаи ормон, мубориза ва ҷоннисории садҳо фарзанди миллат аст. Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва Нисор Муҳаммад аз ҳамон ситораҳоеанд, ки дар осмони худшиносии тоҷикон то абад хоҳанд дурахшид.
Бигзор оромгоҳи Лучоб барои онҳо танҳо хонаи охир набошад, балки минбари абадии ёд бошад. Бигзор ҳар касе, ки аз он ҷо мегузарад, на танҳо ба санги мазор, балки ба маънои зиндагии онҳо назар кунад. Бигзор ҳар хонанда, ҳар донишҷӯ, ҳар омӯзгор, ҳар зиёӣ ва ҳар фарзанди Тоҷикистон дар назди номи онҳо як лаҳза андеша кунад: мо барои Ватан чӣ кардаем?
Дар поёни ин андеша танҳо ҳаминро метавон гуфт: хоки онҳо ба Ватан омад, аммо руҳи онҳо кайҳо дар Ватан буд. Онҳо дар номи Тоҷикистон, дар забони тоҷикӣ, дар истиқлоли миллӣ, дар ифтихори мардум ва дар хотираи таърих зиндагӣ мекарданд. Акнун нишонаи хоки онҳо низ ба он ҷое баргашт, ки руҳашон ҳамеша он ҷо буд, ба Тоҷикистони азиз, ба хоки муқаддаси модар, ба оғӯши миллат.
Дар чунин лаҳза танҳо дил метавонад сухан гӯяд. Ва дил мегӯяд: ин иқдом на танҳо эҳтиром ба Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад аст, балки эҳтиром ба тамоми сарнавишти миллати тоҷик аст. Ин танҳо бозгашти хоки рамзӣ нест, балки бозгашти як пораи виҷдони таърихӣ ба оғӯши миллат аст. Ин танҳо арзи эҳтиром ба гузаштагон нест, балки дарси бузурги худшиносӣ ба зиндагон аст. Ва аз ҳамин ҷост, ки қалам бо ҳама фурӯтанӣ мегӯяд: ман чӣ гӯям васфи ин Олиҷаноб, ки бо чунин ташаббусҳои беназир ба хок руҳ, ба хотира зиндагӣ ва ба таърих адолат мебахшад.

Фарҳод РАҲИМӢ,
раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ
ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики АМИТ

Санаи нашр: 22.05.2026 №: 99-100