ТОҶИКИСТОН. КИШВАРЕ ДАР РОҲИ ОЯНДАИ РАҚАМӢ
Дар ҷаҳони муосир, ки бо суръати бесобиқа тағйир меёбад, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ҳамчун қувваи пешбаранда ва фароҳамоварандаи имкониятҳои навин зуҳур мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар аз ин навгониҳои беназир фаъолона ва самаранок истифода мебарад.
ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ
БО ТЕХНОЛОГИЯИ РАҚАМӢ
Платформаи EGOV.TJ портали ягонаи давлатӣ eHukumat (сомонаҳои мақомоти давлатӣ – қонунгузор, иҷроия, судӣ) ва портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ekhizmat буда, экосистемаи рақамиро барои таъмини марказонидашудаи хизматрасониҳои давлатӣ ва муоширати шаҳрвандон бо Ҳукумат муттаҳид кардааст. Платформа айни замон ҳамчун инфрасохтори мутамаркази миллии иттилоотию коммуникатсионӣ сомонаҳои беш аз 80 мақомот ва ташкилоти давлатиро муттаҳид ва ҳамгиро карда, имкон медиҳад, ки бидуни боздид аз марказҳои хизматрасонии давлатӣ тақрибан ба 83 номгӯйи хизматрасонии давлатӣ дастрасӣ пайдо намуд.
EGOV.TJ гузаришро аз идоракунии ҳуҷҷатҳои коғазӣ ба муоширати электронӣ осон мекунад. Он соли 2025 ба кор андохта шудааст ва дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия тамоми мақомоти давлатӣ ва хизматрасониҳои онҳоро фаро мегирад.
ТАТБИҚИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ ДАР МАҚОМОТИ АНДОЗ
Мақомоти андоз ҷиҳати беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, татбиқи технологияҳои муосири рақамӣ, ташкили табодули маълумот байни вазорату идораҳо ва коҳиш додани омилҳои инсонӣ ва дар ин замина, рақамикунонии соҳа тадбирҳои судманд роҳандозӣ менамояд.
Бо назардошти ҷорӣ гардидани шакли таҷдидшудаи барномаи компютерии Системаи иттилоотии андоз бо мақсади боз ҳам содаю дастрас гардидани хизматрасониҳои давлатӣ, тақвияти рақамикунонии мақомот ва беҳтарсозии муносибатҳои андозӣ бо андозсупорандагону шаҳрвандон хизматрасониҳо гурӯҳбандӣ шудаанд. Танҳо дар соли 2025 як қатор модулҳои иловагии низоми иттилоотии андоз, аз ҷумла «Маълумоти Хадамоти гумрук дар муқоиса бо анбори виртуалӣ», «Системаи автоматикунонидашудаи назорати андоз аз арзиши иловашуда» ва шакли такмилёфтаи замимаи мобилии «Андози ман», мавриди истифода қарор гирифтанд. Ин тадбирҳо ба сарфаи вақт ва хароҷоти зиёдатии андозсупорандагону шаҳрвандон, беҳтарсозии муносибатҳои андозӣ, рақамикунонии иҷрои уҳдадориҳои андозӣ ва кам кардани таъсири омилҳои инсонӣ мусоидат менамоянд.
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР БАХШИ МОЛИЯ ЧӢ ТАВР ИСТИФОДА МЕШАВАД?
Иқтисоди рақамии Тоҷикистон бо суръати баланд рушд дорад ва дар ин миён зеҳни сунъӣ ба яке аз неруҳои асосии пешбарандаи соҳаи молия ва бонкдорӣ табдил ёфтааст. Ин технологияи пешрафта на танҳо корро дар ин самт осон мекунад, балки имкониятҳои нави бесобиқаро низ фароҳам меоварад. Масалан, зеҳни сунъӣ дар таҳлил ва пешгӯӣ кумак мекунад, ки рафтори мизоҷон беҳтар дарк карда шуда, тамоюлҳои ояндаи бозор пешгӯӣ гарданд. Ин маълумот барои қабули қарорҳои муҳими сармоягузорӣ хеле муфид аст. Системаҳои зеҳни сунъӣ муомилоти молиявии шубҳанокро фавран ошкор карда, ба пешгирии қаллобӣ ва таъмини амнияти маблағҳои шаҳрвандон мусоидат мекунанд. Бо истифода аз зеҳни сунъӣ қобилияти гирифтани қарзи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба таври автоматӣ ва бар асоси маълумоти мукаммал арзёбӣ мешавад, ки ин раванди қарзгириро тезтар ва дақиқтар мегардонад. Гузашта аз ин, чатботҳо ва ёварони виртуалӣ ба мизоҷон ва саволҳояшон ҷавоб дода, хизматрасонии босифатро таъмин мекунанд.
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: РОҲ БА СӮЙИ ОЯНДАИ РАҚАМӢ
Дар доираи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, ки дар он зарурати истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар системаҳои иқтисодиёт ва идоракунии давлатӣ таъкид гардидааст, Тоҷикистон татбиқи ин технологияро ба таври фаъол пеш бурда истодааст.
Ба ин тартиб, зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон дигар технологияи оянда нест, балки имрӯз дар як қатор мақомоти давлатӣ васеъ истифода мешавад. Иқдоми калидӣ ба монанди платформаи EGOV.TJ барои автоматикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва татбиқи ҳукумати электронӣ, ҷорӣ кардани зеҳни сунъӣ дар фаъолияти як қатор идораву вазоратҳои давлатӣ шаҳодати ин гуфтаҳост. Дар ин радиф, таъмини истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои калидии иқтисодиёти Тоҷикистон, аз қабили саноат, энергетика ва кишоварзӣ, метавонад ба афзоиши самаранокӣ, коҳиш ёфтани хароҷоти барзиёд ва боло рафтани рақобатпазирии молу маҳсулоти ниҳоӣ мусоидат намояд. Зеҳни сунъӣ дар ин самт дорои иқтидори бузург мебошад. Аммо барои расидан ба ин ҳадафҳо, андешидани як қатор тадбирҳои мушаххас оид ба мукаммалгардонии инфрасохтори рақамӣ, омода кардани кадрҳои баландихтисос ва асосан, ҷалби сармояву таъмини амнияти иттилоотӣ зарур аст. Бо саъю талошҳои муштараки давлат ва бахши хусусӣ Тоҷикистон метавонад аз имконоти фаровони зеҳни сунъӣ ба таври самаранок ва густурда истифода бурда, ба ояндаи аз ин ҳам дурахшони рақамӣ қадамҳои устувор гузорад.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
