ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. НАҚШИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР РУШДИ ДИПЛОМАТИЯИ МУОСИР (ДАР ПАРТАВИ САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ЧИН)
![]()
Сафари навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин боз як марҳалаи муҳими таҳкими муносибатҳои стратегии ду кишвар мебошад. Дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, имзои санадҳои ҳамкорӣ, махсусан суханронии пурмуҳтаво дар Донишгоҳи Пекин нишон доданд, ки имрӯз илму маориф ба яке аз меҳварҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва рушди миллӣ табдил ёфтааст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки рақобатҳо бештар дар заминаи дониш, технология ва захираҳои инсонӣ сурат мегиранд, Роҳбари давлат ба рушди сармояи инсонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд.
Дар ҳамин радиф, Пешвои миллат ҳангоми суханронӣ дар Донишгоҳи Пекин, махсус таъкид намуданд, ки “илму маърифат ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа аҳамияти хосса пайдо кардааст”. Ин андеша нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ба рушди давлат бо такя ба илм, дониш ва маърифат аҳамияти ҷиддӣ медиҳад, зеро имрӯз қудрати давлатҳо бештар ба сатҳи пешрафти илм, технология ва неруи зеҳнии ҷомеа вобаста аст.
Боиси сарфарозист, ки дар ҷараёни мулоқот роҳбарияти Донишгоҳ тасмим гирифт ҳамасола барои донишҷӯёни тоҷик 10 бурсия ҷудо намояд. Ин иқдом натиҷаи мустақими сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат мебошад.
Дар ин замина, гирифтани унвони профессори ифтихории Донишгоҳи Пекин низ нишонаи эҳтироми ҷомеаи илмии Чин ба нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ мебошад.
Дар идомаи суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Пекин таъкид намуданд, ки дар Тоҷикистон ба омӯзиши забону фарҳанги Чин таваҷҷуҳ дода мешавад ва марказҳои Конфутсий дар назди донишгоҳҳои Тоҷикистон дар таълими забон ва муаррифии фарҳанги Чин саҳмгузоранд.
Пешвои миллат иброз доштанд: “Имрӯз 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон узви шабакаи донишгоҳҳои Созмони ҳамкории Шанхай буда, дар 13 донишгоҳи мо омӯзиш аз рӯйи ихтисоси “забони чинӣ” ба роҳ монда шудааст”. Бояд гуфт, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд низ дар ин раванд мавқеи фаъол дорад. Дар сохтори факултети забонҳои шарқ кафедраи забонҳои форсӣ ва чинӣ амал намуда, дар он омӯзиши ихтисосҳои марбут ба забони чинӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар Донишгоҳ мутахассисони соҳаи забони чинӣ ва омӯзгорони хориҷӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин фаъолият менамоянд, ки ин омил аз як тараф ба болоравии сатҳи таълим ва тақвияти муҳити забономӯзӣ, аз тарафи дигар ба таҳкими дипломатияи гуманитарии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Дар шароити рушди муносибатҳои ҳамаҷонибаи ду кишвар, омода намудани мутахассисони соҳибзабон ва рақобатпазир метавонад дар таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва гуманитарӣ нақши муассир бозад.
Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин боз як санади муҳими ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва маориф ба имзо расид. Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба тақвияти мубодилаи илмӣ, техникӣ ва гуманитарӣ заминаҳои нави ҳамкориҳои академӣ ва пажӯҳиширо фароҳам овард. Тибқи ин санад, ҷониби Тоҷикистон ҳамасола пажӯҳишгарони ҷавони то 45-соларо, ки дорои унвони докторӣ ё ҳадди ақал панҷ сол собиқаи илмӣ доранд, барои табодули академӣ ва анҷом додани таҳқиқот, ба муассисаҳои илмӣ, донишгоҳҳо ва корхонаҳои Чин ба муҳлати аз 6 то 12 моҳ мефиристад. Ин иқдом аҳамияти стратегӣ дошта, метавонад ба ташаккули насли нави олимони рақобатпазир, азхудкунии технологияҳои пешрафта, густариши таҳқиқоти муштарак ва ворид гардидани таҷрибаи муосири илмӣ ба низоми миллии илм ва маорифи Тоҷикистон мусоидат намояд. Чунин барномаҳо на танҳо сатҳи тахассусии муҳаққиқонро боло мебардоранд, балки ба рушди сармояи инсонии кишвар низ таъсири мусбат мерасонанд.
Хулоса, суханронии Пешвои миллат дар Донишгоҳи Пекин ва муҳтавои мулоқот собит намуданд, ки Тоҷикистон рушди илму маорифро ҳамчун асоси давлатдории муосир ва омили муҳими рақобатпазирии миллӣ арзёбӣ мекунад.
Фаридун ҲОДИБОЕВ,
номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДХ ба номи академик
Бобоҷон Ғафуров
