СММ

26 май 2026, Сешанбе
2


Ҳамоиш ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол
19-уми май дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол ҷаласа доир гашт.
Дар ҳамоиш президенти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) Ҷанни Инфантино, намояндагони федератсияҳои футболи кишварҳои гуногун иштирок карданд.
Тоҷикистонро дар ҷаласа Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат намояндагӣ намуд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футбол ҳар сол 25-уми май дар сартосари ҷаҳон таҷлил мегардад. Ҳамчунин, аз рушди футбол ва афзоиши инфрасохтори варзишӣ дар Тоҷикистон ёдоварӣ шуд.
Ҷанни Инфантино ҳозирон ва тамоми дӯстдорону алоқамандони футболро ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик карда, либоси тими миллии футболи Тоҷикистонро ба бар намуд ва ба ин васила самимият ва муҳаббати худро нисбат ба мухлисон ва алоқамандони футболи тоҷик иброз кард.
Ёдрас мекунем, ки 9-уми феврали соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кард, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қабули қатъномаи махсус 25-уми май расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад.
Моҳи майи соли 2024 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро оид ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол ба тасвиб расонд, ки ба ҷуз аз Тоҷикистон ду кишвари дигар – Баҳрайн ва Либия низ онро дастгирӣ карданд. Дар қатъномаи мазкур аҳамияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз гузарондани мусобиқоти футбол таъкид шудааст.


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2026
Маросими қуръакашии марҳалаи асосӣ доир шуд
19-уми май маросими қуръакашии марҳалаи асосии Ҷоми Тоҷикистон – 2026 баргузор шуд.
Муборизаро барои ба даст овардани Ҷоми миллӣ аз марҳалаи 1/8-ниҳоӣ дувоздаҳ дастаи лигаи олӣ ва чор дастаи лигаи якум оғоз мекунанд. Дар мавсими имсола ҳамаи марҳалаҳои Ҷоми Тоҷикистон аз ду бозӣ иборат хоҳанд буд.
Фонди ҷоизавии Ҷоми Тоҷикистон 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб дар баробари ба даст овардани ҷоиза бо 200 ҳазор сомонӣ мукофотонда мешавад. Ба иштирокчии бозии ниҳоӣ 100 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад. Финали мусобиқа дар варзишгоҳи "Вахш"-и шаҳри Бохтар доир мегардад. Ҳамчунин, барандаи Ҷоми Тоҷикистон – 2026 роҳхати Лигаи даъвати Конфедератсияи футболи Осиё – 2027/28-ро соҳиб мешавад.


"Регар-ТадАЗ" барандаи Суперҷоми Тоҷикистон
Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2026 дар остонаи Рӯзи ҷаҳонии футбол шоми 23-юми май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор байни чемпиони кишвар – "Истиқлол"-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон – 2025 – “Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода доир гашт.
Бозӣ бо ҳисоби 2:1 бо пирӯзии дастаи «Регар-ТадАЗ» ба анҷом расид.
Голҳои «Регар-ТадАЗ»-ро дар нимаи аввали дидор Азизбек Ҳаитов ва Абдураҳмон Нозимов заданд. Голи ягонаи «Истиқлол»-ро Муҳаммадҷон Раҳимов дар ибтидои нимаи дуюми бозӣ ба номаш сабт кард.
Нимҳимоятгар Абдураҳмон Нозимов беҳтарин бозигари Суперҷоми Тоҷикистон – 2026 дониста шуд.
Ба ин тартиб, «Регар-ТадАЗ» бо раҳбарии сармураббӣ Алишер Тӯхтаев аввалин маротиба дар таърихи худ ба гирифтани Суперҷоми Тоҷикистон мушарраф шуд.


Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон – 2026 муайян шуданд
Тибқи натиҷаи қуръакашӣ, ки 22-юми май доир гашт, дастаи наврасони мо шомили гурӯҳи «F» гардида, муқобили дастаҳои Хорватия, Сенегал ва Куба бозӣ мекунад.
Ҷоми ҷаҳон – 2026 миёни наврасон аз 19-уми ноябр то 13-уми декабри соли равон дар Қатар баргузор мешавад.


У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 25.05.2026 №: 102