ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТ. АВВАЛИН МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТЕННИСИ РӮЙИ МИЗ ДАР ТОҶИКИСТОН

26 май 2026, Сешанбе
4


22–24-уми май дар ноҳияи Данғара мусобиқаи байналмилалӣ оид ба тенниси рӯйи миз барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон доир гашт, ки дар он, баробари варзишгарони тоҷик, теннисбозон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон ширкат карданд.
Мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии тенниси рӯйи миз ба таври инфиродӣ ва даставӣ миёни мардону бонувон сурат гирифт.
Хароҷоти сафар ва ҷойи хобу хӯроки иштирокчиёни мусобиқа пурра аз ҷониби Федератсияи тенниси рӯйи мизи Тоҷикистон, ки роҳбарии онро Нуралӣ Арабзода бар дӯш доранд, пардохт шуд. Фонди ҷоизаҳои мусобиқа 30 000 доллари ИМА-ро ташкил дод.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа, ки 22-юми май баргузор шуд, таъкид гардид, ки баргузории ин мусобиқа дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон рамзи таваҷҷуҳи хос ба рушди варзиш ва дастгирии ҷавонон дар кишвар мебошад. Зикр шуд, ки имрӯз варзиш ҳамчун омили муҳими таҳкими дӯстии халқҳо, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии давлатҳо дар арсаи ҷаҳон мавқеи арзишманд дошта, ҷавононро ба иродаи қавӣ, матонат ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ раҳнамун месозад.
Раиси Федератсияи тенниси рӯйи мизи Тоҷикистон Нуралӣ Арабзода дар суҳбат ба хабарнигори рӯзнома таъкид кард, ки бо талошу дастгириҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дар мамлакат ба марҳалаи нави рушд расида, барои оммавигардонии намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла тенниси рӯйи миз ва ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим тамоми шароит муҳайё гардидааст.


Ба таъкиди ӯ мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ дар рушди минбаъдаи тенниси рӯйи миз, таҳкими дӯстии варзишгарон ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии варзиши тоҷик мусоидат мекунад.
Ҳамин тариқ, мусобиқа тайи се рӯз дар Маҷмааи варзишии ноҳияи Данғара пуршиддат ҷараён гирифта, теннисбозони тоҷик натиҷаи таърихӣ нишон доданд. Дар рақобатҳои даставӣ тими Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал ва ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 5000 доллари ИМА гашт. Ҷойҳои дуюму сеюмро дастаҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон гирифта, мутаносибан 3000 ва 2000 доллари ИМА мукофот дарёфт намуданд.
Дар рақобатҳои инфиродӣ байни мардҳо варзишгари тоҷик Саъдӣ Исмоилов пирӯз ва сазовори ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 2500 доллари ИМА гардид. Миёни бонувон бошад, варзишгари мо Динара Исмоилова ба гирифтани медали биринҷӣ ва 800 доллар ҷоизапулӣ мушарраф гашт.


Умаралӣ САФАРАЛӢ,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 25.05.2026 №: 102