РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ ВА ДИПЛОМАТИЯИ ВАРЗИШИИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

26 май 2026, Сешанбе
1


Рӯзи 25-уми май тақвими байналмилалиро иди сулҳ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ – Рӯзи ҷаҳонии футбол рангин мекунад. 7-уми майи соли 2024 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар 78-ум иҷлосияи худ дар асоси пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қабули Қатъномаи A/RES/78/281 расман ин санаро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намуд.


9-уми феврали ҳамон сол Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Созмони Милали Муттаҳид муроҷиат намуда, пешниҳод кард, ки нақши футболро дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намуда, Рӯзи ҷаҳонии футбол расман эълон гардад. Пешниҳод аз ҷониби ду кишвари дигар – Баҳрайн ва Либия – дастгирӣ шуд.
Дар муқаддимаи Қатънома таъкид шудааст, ки чорабиниҳои бузурги байналмилалии варзишӣ бояд дар руҳияи сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкории байналмилалӣ, дӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ ва бидуни ҳеҷ гуна табъиз баргузор гарданд. Санад нақши асосии ФИФА ва нақши муҳими федератсияҳои минтақавӣ ва миллиро дар пешбурди бозии футбол эътироф мекунад.
Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ ва дастгирикунандаи фаъоли ташаббусҳои сулҳдӯстона, баъди қабули Қатъномаи СММ зарур донист, ки Рӯзи ҷаҳонии футболро дар сатҳи миллӣ низ расман эътироф намояд. Бо назардошти аҳамияти ҳуқуқӣ, 13-уми ноябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро имзо намуданд. Тибқи ин Қонун, 25-уми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол ба рӯйхати рӯзҳои иди кишвар ворид шуд.
22-юми майи соли 2025 рӯзи дигари таърихии дипломатияи Тоҷикистон ва варзиши ҷаҳон буд. Дар ин рӯз муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими нахустин таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Ин маросим бори аввал дар таърихи 80-солаи СММ баргузор шуд, яъне дар сатҳи СММ як чорабинии варзишӣ таҷлил шуд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар суханронии худ изҳор дошт, ки 25-уми май аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эътироф шудааст ва арзишҳои меҳварии футбол – бозии одилона, фаъолияти дастаҷамъӣ ва эҳтироми ҳамдигар – бо усулҳои фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид ҳамсон мебошанд. Таъкид намуд, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон тайи солҳои охир ба рушди футбол таваҷҷуҳи хос дода мешавад. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз пешравию комёбиҳои дастаҳои миллӣ ва мунтахаби ҷавонону наврасони мамлакат дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамкории босамари Федератсияи футболи Тоҷикистонро бо Федератсияи байналмилалии футбол назаррас арзёбӣ кард. Рустами Эмомалӣ барои пешбурди муштараки ташаббус ба Шоҳигарии Баҳрайн ва Давлати Либия ва ба кишварҳои ҳаммуаллифи Қатънома, инчунин, ба Президенти Федератсияи байналмилалии футбол Ҷанни Инфантино изҳори миннатдорӣ намуда, дар охир таъкид кард, ки Рӯзи ҷаҳонии футбол василаи муҳими тарғиби варзиш ва пешбурди ҳадафҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба таҳкими сулҳ, ваҳдат ва рушди устувор гардида, Федератсияи футболи Тоҷикистон омода аст, ки дар раванди фарогиртар ва таъмини дастрасии футбол бо Федератсияи байналмилалии футбол, СММ ва тамоми ҷонибҳои ҳавасманд ҳамкории густурда дошта бошад.
Зери роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе бунёди садҳо майдони футболи хурд дар маҳаллаҳои аҳолинишин, азнавсозии Варзишгоҳи марказии пойтахт бо 24 000 ҷойи нишаст, сохтмони Маҷмааи футболи «Истиқлол» дар масоҳати 8 гектар, ташкили Ҷоми байналмилалии раиси шаҳри Душанбе ва дастгирии футболи занона амалӣ гардид. Соли 2015 дар Душанбе ҳамагӣ 2 майдони футболи босифат мавҷуд буд, дар ҳоле ки соли 2025 шумораи онҳо ба 31 расидааст.
Дар давраи роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ футболи Тоҷикистон тағйироти бузургеро аз сар гузаронд. Шумораи футболбозони сабтиномшуда аз 12 000 ба 75 000 нафар, теъдоди варзишгоҳҳои стандарти байналмилалӣ аз 4 ба 18, маблағгузории солона аз 3,2 миллион ба 28,5 миллион сомонӣ расид. Ҷойгоҳи Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА аз 180 ба 89-ум ҷой беҳбуд ёфт. Тими миллии Тоҷикистон соли 2023 аввалин бор ба Ҷоми Осиё роҳ ёфта, тими то 17-солаи Тоҷикистон солҳои 2019, 2025 ва инак соли 2026 иштирокчии Чемпионати ҷаҳон аст. Академияи миллии футболи Тоҷикистон (2019) яке аз беҳтаринҳо дар Осиё мебошад.
Конфедератсияи футболи Осиё стратегияи «AFC Vision 2030»-ро таҳия ва қабул намуда, маблағгузориро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 1,2 миллион ба 4,5 миллион доллари ИМА расонданд. Дар Тоҷикистон чандин маротиба бозиҳои марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё миёни наврасон, ҷавонон ва бонувон сурат гирифт. Соли 2025 ФИФА ба муҳтарам Рустами Эмомалӣ медали Барои хидматҳои барҷаста ба футболи ҷаҳонӣ тақдим намуд.
Хулоса, Рӯзи ҷаҳонии футбол дар сатҳи байналмилалӣ ва дар сатҳи миллӣ расман эътироф гардид, ки заминаи ҳуқуқии таҷлили ин рӯзро фароҳам овардаанд. Қабули Қонун “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» намунаи олии татбиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар сатҳи миллӣ мебошад. Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин кишварҳоест, ки чунин иқдомро анҷом дод. Таҷрибаи Тоҷикистон дар ҳамгироии футбол ва сиёсати давлатӣ метавонад барои кишварҳои ҷаҳон ҳамчун модели илмии ҳуқуқӣ пешниҳод гардад.


Дониёр САНГИНЗОДА,
муовини директори Институти
давлат ва ҳуқуқи АМИТ

Санаи нашр: 25.05.2026 №: 102