ФУРӮҒИ МИЛЛАТ ҶАВОНОНАНД
Фурӯғи миллату ояндаи кишвар ҷавононанд,
Фидоӣ бар Ватан, бар давлату Сарвар ҷавононанд.
Сиёсат дар фазои маънавӣ шуд мактаби ибрат,
Сазовори сухан дар ҷашну дар минбар ҷавононанд.
Ба гуфтору ба кирдор он ҳама ҳамсангу якранганд,
Саропо махзани зар, сарвату гавҳар ҷавононанд.
Ба ҳифзи марзу буму модару Меҳан ба ҷон ҳозир,
Ҳама сарбозу аскар, афсару сафдар ҷавононанд.
Зи фарҳангу адаб, дониш тамаддунофарин онҳо,
Ба фазлу панду идроку амал аксар ҷавононанд.
Ба савганде, ки хурда, истода маҳкаму сангин,
Ба ҳукми дил ба ҳам сарҷамъ дар сангар ҷавононанд.
Рафоқат бо садоқат дар замири покашон тавъам,
Адолатхоҳу бар афкори худ довар ҷавононанд.
Зи илми пешрафта ҳам замонӣ беш омухта,
Ба зеҳни дунявӣ, фитрӣ, яқин, бартар ҷавононанд.
Ба ҳикмат оқилу доно, ба суҳбат пайрави Пешво,
Дурахшон дар Замин, дар осмон ахтар ҷавононанд.
Ниҳонӣ, завқу майлу орзу аз чист, медонӣ?
Чу ворис бар китобу хомаю дафтар ҷавононанд.
