25-УМИ МАЙ. ИНТИХОБ ТАСОДУФӢ НАБУД!
9-уми феврали соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кард, ки 25-уми май Рӯзи ҷаҳонии футбол расман эълон гардад.
«Варзиш дар ҳаёти инсоният аз ҷумлаи беҳтарин роҳҳои беҳдошти саломатӣ ва пешбурди тарзи ҳаёти солим, инчунин, василаи муҳимтарини пайванди халқу миллатҳои гуногун ба шумор меравад. Мардумони сайёраи Замин бештар аз 150 сол аст, ки ба футбол машғуланд ва ин бозӣ аз замони пайдоиш то кунун як вазифа ва як ҳадаф дорад, ки он ба ҳам овардани инсонҳо мебошад. Имрӯз ҳатто дар хурдтарин мамлакати олам одамон ба футболбозӣ машғуланд, яъне футбол ҳамчун маҳсули эҷоди тафаккури инсонӣ аз як бозии одӣ ба омили пайвандгари инсоният табдил ёфтааст. Маълум аст, ки футбол дар баъзе кишварҳо ҳамчун варзиш маъруф аст, вале он танҳо як бозӣ нест. Ин намуди варзиш як падидаи фарҳанги ҷаҳонист, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоиву иқтисодиро убур мекунад. Ин як варзишест, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва бо забони универсалӣ сухан мегӯяд, ки ба ҳамагон маълум аст, яъне аз кӯчаҳои пур аз мухлиси шаҳрҳои бузург сар карда, то деҳаҳои дурдасттарини ҷаҳон футболро мешиносанду бозӣ мекунад», – омадааст дар пешниҳоди муҳтарам Рустами Эмомалӣ.
Пешниҳоди президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон огоҳона буд. Охири асри XIX футбол дар аксари кишварҳо маъмул гашт ва то солҳои 20-и асри ХХ мусобиқаҳо, асосан, байни клубҳо ё давлатҳои Аврупо сурат мегирифтанд. Аввалин мусобиқаи расмии футбол бо фарогирии дастаҳои мунтахаби дигар қораҳо дар доираи Бозиҳои олимпии Париж – 1924 доир гашт. Мусобиқа 25-уми май оғоз ёфт ва дар он 22 дастаи мунтахаб аз Аврупо, Амрикои Шимолӣ, Амрикои Ҷанубӣ ва Африқо ширкат доштанд. Дар се мусобиқаи қаблии футболи олимпӣ танҳо дастаҳои Аврупо ширкат мекарданд.
