БОЗИГАРОНИ МАШҲУРИ ТЕННИСИ РӮЙИ МИЗ

26 май 2026, Сешанбе
0


Вебсайти Федератсияи байналмилалии тенниси рӯйи миз (ITTF) гӯшаи рамзии “Шараф” дорад. Он бозигаронеро дар бар мегирад, ки ҳадди ақал панҷ медали тиллои чемпионатҳои ҷаҳон ё бозиҳои олимпиро ба даст овардаанд.
Айни замон дар ин гӯша номи 46 бозигар сабт шудааст. Дар байни онҳо дорандагони бештарин унвонҳо инҳоянд: миёни мардон – бозигари маҷористонӣ Виктор Барна (1911 – 1972), ки 40 медали чемпионати ҷаҳонро дорад; байни занон – бозигари руминиягӣ Анжелика Розеану (1921 – 2006), ки соҳиби 30 медали чемпионати ҷаҳон мебошад.
Ба иттилои сармураббии дастаи мунтахаби тенниси рӯйи мизи Тоҷикистон Сайдулло Саидамиров, дар таърихи ин намуди варзиши кишвари мо беҳтарин натиҷаро миёни мардҳо Георгий Сиклаури (Душанбе) ва миёни бонувон Зулфинисо Саидалимова (Хуҷанд) нишон додаанд. Г. Сиклаури 15 ва З. Саидалимова 22 карат чемпиони Тоҷикистон мебошанд. Ин натиҷаро то имрӯз дигар ҳеҷ варзишгар такрор накардааст.

Санаи нашр: 25.05.2026 №: 102