ТЕННИСИ РӮЙИ МИЗ ДАР БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ
Мусобиқаи тенниси рӯйи миз бори аввал дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1988 дар Сеул пайдо шуд ва аз он вақт ба барномаи ҳамаи бозиҳои баъдӣ дохил гардид. Дар аввал, мусобиқа ба таври инфиродӣ ва ҷуфтӣ баргузор мешуд. Дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 дар Пекин ба ҷойи мусобиқаи ҷуфтӣ, мусобиқаи даставӣ ҷорӣ карда шуд.
Ҳамин тариқ, то бозиҳои олимпии соли 2016 дар ин намуди варзиш чор маҷмуи медалҳо дода мешуд. Соли 2017 эълон гардид, ки дар мусобиқаи тенниси рӯйи миз дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 сабқати ҷуфти омехта илова карда мешавад. Ин бори аввал буд, ки дар тенниси рӯйи миз панҷ маҷмуи медалҳо дода шуд.
Аз соли 1988 то 2024 дар мусобиқаи тенниси рӯйи миз 42 маҷмуи медалҳо дода шудааст. Варзишгарони чинӣ аз ҳама бештар – 37 медали тилло ба даст овардаанд, дар ҳоле ки намояндагони Ҷумҳурии Корея се медал, Шведсия ва Ҷопон ҳар кадоме як медалро сазовор гаштаанд.
