ВАРЗИШ. ФУТБОЛ, МО ВА ҶАҲОН

Олами варзиш хеле ҷолибу рангин ва саршор аз воқеаву далелҳои муассир аст. Варзиш ба зиндагӣ ва фаъолияти аҳли ҷомеа рангу ҷилои тоза мебахшад, онро бештар дилчаспу гуворо мекунад. Аз аҳди қадим – ҳазорсолаҳо қабл аз ин, мардум ба варзиш ва намудҳои гуногуни он таваҷҷуҳ доштаанд. Намудҳои варзиш хеле зиёданд ва дар ин миён қисмате аз онҳо бештар маъмуланду оммавият доранд. Яке аз маъмултарин ва машҳуртарин намудҳои варзиш футбол дониста мешавад.
Дар давоми солҳои зиёд футбол дар саросари олам маъруфият пайдо кардаву дар барномаи варзишии аксар мамолики ҷаҳон роҳ ёфта бошад ҳам, давраи фаъолтарини ташаккули он ба асри XIX рост меояд. Куҳантарин дастаи расмии футбол бо номи “Шеффилд” соли 1857 дар Англия таъсис дода шудааст. Тадриҷан, ташкили мусобиқаҳои бонуфузи футбол байни клубҳо, дастаҳои мунтахаби давлатҳо ва мусобиқоти дигар ба ҳукми анъана даромад. Дар охири солҳои 20-уми садаи ХХ созмонҳои дахлдор тасмим гирифтанд, ки мусобиқаи ҷаҳонии футбол роҳандозӣ карда шавад. Ҳамин тариқ, соли 1930 рӯйдоди бузурги таърихӣ дар олами варзиш ба вуқуъ пайваст: нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Уругвай баргузор гашт, ки дар он дастаи кишвари мизбон ба пирӯзӣ расид ва ҳамчун нахустин чемпиони ҷаҳон эътироф гардид. Аз ҳамон сол сар карда, дар чор сол як маротиба чунин мусобиқа баргузор мешавад. Аз ҷумла, даври 23-юми Чемпионати ҷаҳонии футбол имсол аз 11-уми июн то 19-уми июл дар Мексика, Канада, ИМА доир мегардад.
Дастаи футболи Бразилия 5 бор дар ин мусобиқа ғолиб омада, саҳифаи тоза дар таърихи ин бозӣ кушодааст. Дастаҳои футболи Италияву Олмон чорборӣ ва дастаи Аргентина се бор дар мусобиқаи ҷаҳонии футбол шаҳди пирӯзӣ чашидаанд.
Дар кишвари маҳбуби мо – Тоҷикистон низ бозии футбол хеле маъмул асту мухлисони зиёд дорад. Ташаккули футбол дар ҷумҳуриамон аз солҳои 20-уми асри ХХ шуруъ шуд. Соли 1936 Федератсияи футболи ҶШС Тоҷикистон таъсис дода шуд ва соли 1937 нахустин чемпионати кишвар баргузор гашт, ки дар он беш аз 20 даста ширкат кард. Дастаи «Динамо»-и Душанбе нахустин чемпиони ҶШС Тоҷикистон гардид. Аввалин мусобиқаи Ҷоми Тоҷикистон соли 1938 ба вуқуъ пайваст. Солҳои минбаъда дастаи «Помир»-и Душанбе беҳтарин дар ҷумҳурӣ буд ва ҳатто чанде аз аъзои ин даста солҳои гуногун дар ҳайати дастаи мунтахаби ИҶШС бозӣ карданд (Эдгар Гесс, Олег Ширинбеков, Алексей Чередник, Сергей Мандреко...). Дастаи «Помир» ба Лигаи олии Иттиҳоди Шуравӣ роҳ ёфта, се сол дар ин Лига ҳунарнамоӣ кард.
Бо ба даст омадани истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон давраи нави рушди футбол оғоз ёфт. Соли 1992 Лигаи олии футболи Тоҷикистон ва Ҷоми Тоҷикистон, соли 1994 Федератсияи миллии футболи Тоҷикистон аз нав таъсис дода шуданд. Ҳамасола мусобиқаҳо дар доираи лигаҳои олию якуму дуюми Чемпионати Тоҷикистон ва вобаста ба Ҷоми Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор мешаванд. Дастаҳои «Истиқлол», КМВА, «Регар-ТадАЗ», «Хуҷанд», «Ҳосилот», «Равшан», «Вахш» дастовардҳои шоиста доранд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба муваффақиятҳо ноил гардид. Комёбиҳо дар футболи ҷумҳуриамон дар заминаи як силсила дастуру санадҳои расмие, ки бо ибтикори Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидаанд, ба даст омаданд.
Таваҷҷуҳ ба футбол ва вусъатёбии он, созмондеҳии мусобиқаҳои гуногун оид ба ин намуди варзиш ва бештар оммавӣ гардондани футбол бо номи шаҳрдори шаҳри Душанбе, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ иртиботи қавӣ дорад. Бо ташаббуси ин сиёсатмадори ҷавон дар тамоми минтақаҳои мамлакат варзишгоҳҳои замонавӣ бунёд шуданд, дар пойтахт Барномаи рушди футбол дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022-2026 татбиқ мешавад. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 7500 майдони варзишӣ бунёд гардидаву ба истифода дода шудааст. Сохтмони калонтарин майдони футбол дар пойтахт (бо 30 ҳазор ҷойи нишаст) дар арафаи анҷомёбист.
Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 9-уми феврали соли 2024 ба СММ расман пешниҳод кард, ки бо қабули қатъномаи махсус 25-уми май Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон карда шавад.
«Футбол ҳамчун маҳсули эҷоди тафаккури инсонӣ аз як бозии одӣ ба омили пайвандгари инсоният табдил ёфтааст», - таъкид намуд муҳтарам Рустами Эмомалӣ.
Ҳамин тавр, бо пешниҳод ва ташаббуси Тоҷикистон СММ дар бораи ҳамасола чун Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил намудани 25-уми май қарор ба тасвиб расонд. Ин рӯйдод ба боз ҳам афзудани обрӯю эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар паҳнои дунё мусоидат кард.
Ҳамакнун, соли сеюм аст, ки дар заминаи ин ташаббусу ибтикори муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаҳониён Рӯзи футболро ботантана таҷлил менамоянд. Ба ин муносибат дар кишвари мо низ ҳамоишу вохӯриҳо, мусобиқаҳо баргузор мешаванд.
Шодӣ САФАРОВ,
профессор, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, устоди варзиш
