“ҶУМҲУРИЯТ”. САҲМИ ЯК РӮЗНОМА ДАР РУШДИ ТЕННИСИ РӮЙИ МИЗ

26 май 2026, Сешанбе
7


Соҳаи варзиш, ҳамчун самти муҳими сиёсати иҷтимоии давлат, таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад.
Ҳамин аст, ки рӯзномаи “Ҷумҳурият” ҳамчун Нашрияи расмии Тоҷикистон дар таблиғ ва рушди соҳаи варзиш ва дастоварди варзишгарон нақши муассир дорад.
Дар баробари таблиғи соҳаи варзиш, кормандони рӯзномаи “Ҷумҳурият” амалан ба варзиш машғул ҳастанд. Ба ифтихори ҷашнҳои миллӣ ва давлатӣ, мисли Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ, миёни кормандони рӯзнома мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд, тенниси рӯйи миз, шоҳмоту шашка ва нард ташкил ва баргузор мешаванд. Хусусан, мусобиқаи тенниси рӯйи миз, ҳамчун варзиши дастрас миёни мардҳо ва бонувони Нашрия бисёр шавқовар мегузарад. Миёни кормандон сармуҳаррири рӯзнома Қурбоналӣ Раҳмонзода, муҳаррирони шуъба Фирӯз Ҷумъазода, Сайфулло Ашуров, мутахассисон Носирҷон Абдулҳақов, Даврон Раҳмонов, миёни бонувон Мафтуна Бахтибекова, Мавлуда Одинаева маҳорати баланд доранд.
Дар ҳар мусобиқа ғолибон бо диплому ифтихорнома, инчунин, бо мукофотҳои пулӣ ҳавасманд мешаванд.

Санаи нашр: 25.05.2026 №: 102