ИШТИРОКИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР КОНФРОНСИ ЧОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД
26-уми май дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» ба кори худ оғоз намуд, ки дар ифтитоҳи он Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ, нахуст, ташрифи иштирокдорони ҳамоиши сатҳи баландро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори Конфронс барору комёбӣ орзу намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории ин Конфронсро қадами муҳим дар ҳалли яке аз проблемаҳои ҳассоси замони муосир – дастрасии бештар пайдо кардани аҳолии сайёра ба об номиданд.
Дар хотимаи сухан Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон намуданд, ки ба мақсади пешбурд ва тақвияти дипломатияи об ва муттаҳид кардани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ояндаи устувор ва бехатар Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис ёфт.
Тавре таъкид гардид, ин Ҷоиза барои эътироф намудани саҳми барҷаста дар рушди ҳамкории байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, сиёсати устувори об ва пешбурди роҳҳои ҳалли муассири мушкилоти ҷаҳонии об нигаронда шудааст.
Аз кафкӯбии пурмавҷи ҳозирин аён гардид, ки ин пайғом мавриди дастгирии аҳли толор қарор гирифт.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматҳои кишварҳо, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва коршиносони сатҳи баланд, аз ҷумла Сарвазири Ҷумҳурии Бурунди Нестор Нтахонтуэ, раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон, вазири кишоварзӣ ва саноати коркард Эрлист Акунбеков, муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев, фиристодаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид хонум Ретно Марсуди, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Ли Ҷунҳуа, раиси Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ Лок Баҳодур Тапа, ноиби президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Марк Боуман, муовини Дабири кулли СММ, Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) Армида Салсиаҳ Алишаҳбана ва ректори Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид, муовини Дабири кулли СММ, профессор Тшилидзи Марвала баромад карданд.
Ёдовар бояд шуд, ки дар Кохи Сомони бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2500 иштирокдор аз 110 кишвар, намояндагони воломақоми 75 созмони байналмилалию минтақавӣ ва коршиносони сатҳи баланд аз 170 муассисаи илмиву таҳқиқотии ҷаҳон ҷамъ омаданд. Ғайр аз ин, ҳамоиши мазкурро беш аз 300 хабарнигори ВАО-и дохилу хориҷ инъикос менамояд.
