ШОМИ ШАНБЕ

29 май 2026, Ҷумъа
6


ИНТЕЛЛЕКТ +
ФИЛВОРДИ «МАЙДОНИ ФУТБОЛ»
Дар ин филворд номи майдонҳое, ки дар онҳо бозиҳои ниҳоии чемпионатҳои ҷаҳон оид футбол гузаштаанд, ҷой дода шудааст. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.
Таҳиягар Ш. АБДУЛЛО
ҶАВОБ БА ФИЛВОРДИ «ТРЕНЕР»:
1. Зайдон 2. Кройф 3. Райкард 4. Михелс 5. Анчелотти 6. Гвардиола 7. Ҳайнкес
8. Клопп 9. Симеоне 10. Ҳиддинк 11. Венгер 12. Сколари 13. Тухел 14. Дешам 15. Эмери
16. Мауриню 17. Липпи 18. Манчини 19. Капелло 20. Эррера 21. Конте 22. Фергюсон
23. Ҳитсфелд 24. Бенитес
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 935 35 51 50
Масъули рубрика
Ш. ШОКИР


КӮДАК
1 июн - Рӯзи байналмилалии ману мо
Фирӯз расмкаширо бисёр дӯст медошт ва орзу дошт, ки рассоми машҳур шавад. Аммо оилаи ӯ имкони харидани дафтару рангҳоро надошт. Фирӯз ҳар рӯз ба боғ мерафт ва бо чӯбча дар рӯйи хок кӯҳҳо, офтоб ва кӯдакони хушбахтро тасвир мекард.
Дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳр озмуни расмкашӣ миёни кӯдакон эълон шуд. Муаллими мактаб истеъдоди ӯро дида, ба Фирӯз як қуттии рангҳо туҳфа кард. Ӯ расме кашид, ки дар он кӯдакони миллатҳои гуногун зери осмони соф, даст ба даст дода буданд. Расми ӯ дар озмун ҷойи аввалро соҳиб шуд. Вақте аз ӯ пурсиданд, ки чи ӯро илҳом бахшидааст, гуфт: «Ҳар кӯдак ҳақ дорад кӯдакии хушбахтона дошта бошад ва орзу кунад».
Ин қисса ба мо ёдрас мекунад, ки ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон ғамхорӣ ба ояндаи миллат аст. Баъзан як амали неку сода метавонад зиндагии кӯдакеро дигаргун созад ва ба ӯ боварӣ бахшад. Маҳз ҳамин аст маънии аслии Рӯзи ҳифзи кӯдакон — меҳру муҳаббат ва таваҷҷуҳ ба ҳар кӯдак.


Таҳияи Хуршед ТОЛИБОВ


ТӮЙИ АРУСӢ. АГАР БОВАР КУНЕД...
* Дар Кения домод як моҳ либоси занона мепӯшад, то бифаҳмад, ки арус будан чӣ сон душвор аст.
* Дар Лаҳистон дугонаи арус ҳамаро ба рақси пулакӣ даъват мекунад. Ба ин восита, барои саёҳати навхонадорон маблағ ҷамъ меорад.
* Дар Корея пеш аз тӯй волидони арусу домод вохӯрда, бо маълумоти тиббии фарзандонашон шинос мешаванд. Баъди онро бодиққат омӯхтан, ба қарори ниҳоӣ меоянд.


Таҳияи Кароматулло АТО


ҶАЗИРАИ ХУРДТАРИН ДАР ДИЛИ КӮЛИ КАЛОНТАРИН
Дар ҷазираи хурдакаки Мигинго, ки масоҳаташ баробари ними майдони футбол аст, 400 нафар дар хаймаҳои аз баргу шохи дарахтон сохташуда ҳаёт ба сар мебаранд.
Ҷазира дар байни калонтарин кӯли Африқо Виктория ҷой гирифта, ҳамчун макони ғайриодӣ барои зиндагӣ эътироф гардидааст. Сокинони он ифтихор мекунанд, ки дар ҷазираашон 5 тарабхона, кошонаи ҳусн, дорухона ва чанд меҳмонхона мавҷуд аст. Шуғли асосии аҳли ҷазира моҳидорӣ мебошад.


Таҳияи Кароматулло АТО


БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
КАШФИЁТҲОИ БЕ ПОДОШ
Маъмулан, олимони барҷаста баъди сазовор шуданашон ба олитарин ҷоизаҳои ҷаҳонӣ маъруфтар мешаванд, ки ҳалолашон бод. Вале каме ҷойи таассуф аст, ки иддае аз чунин алломаҳо бе ному нишон ва, ҳамчунин, бе қадрдонӣ бар хок мешаванд. Яке аз чунин кашшофони номгум Ҷон Пембертон – офарандаи ҳақиқии «Кока кола» мебошад.
Ҷони дорусоз мисли аксарият иштирокчиёни ҷанги шаҳрвандии ИМА аз морфий (ҷавҳари тарёк) вобаста шуда буд. Чун аз тири ҳариф захмдор мешавад, дар танҳоӣ мехоҳад дардҳояшро бе морфий таскин бахшад. Маҳз бо ҳамин мақсад, соли 1886 ӯ бо истифода аз гиёҳи кока, ки таркибан ба морфин монанд аст, маҳлулеро ихтироъ кард, ки метавонист дардҳоро таскин бахшад. Ҷон, ки мутахассиси дорусоз буд, ба гиёҳи кока чормағз ва сиропи махсусро аз қандоб омехта карда, барои бори аввал истеҳсоли «Кока кола»-ро асос мегузорад.
Дар як муддати кӯтоҳ нӯшокии ихтироънамудаи ӯ барои ҷангиён, хосса захмиёни дар табобатбуда, ҳамчун маҳлули таскинбахш тавсия мегардад. Аксарият ҷангиён онро барои раҳоӣ аз стресс ва асабоният истифода мекарданд.
Аммо чун Ҷон, ки маҳорати савдогарӣ надошт, соли 1888 ҳуқуқи истеҳсолу фурӯши «Кока кола»-ро ҳамагӣ бо арзиши 1484 доллар ба тоҷир Эйзе Кэндлер мефурӯшад.
Хуллас, Кэндлер ҳамчун ягона соҳибмулк дар асоси ихтирои дӯсташ Ҷон ширкати машҳури «The Coca Cola Company»-ро ташкил мекунаду сармоя меғундорад.


Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА


АDIDAS TRIONDA PRO – ТӮБИ РАСМИИ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ФУТБОЛ
Аз 11-уми июн то 19-уми июл дар шаҳрҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Мексика ва Канада бозиҳои 23-юмин Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол доир мегарданд.
Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии футбол, тӯби расмии Чемпионат Аdidas Trionda Pro ном дошта, дар шаҳри Сиалкоти Покистон аз ҷониби ширкати Forward Sports омода мегардад.
Тавре гуфта мешавад, маънои Trionda се мавҷ буда, ишора ба се кишваре мебошад, ки дар онҳо бозиҳои Чемпионат баргузор мешаванд.
Ҳанӯз чор сол пеш, дар арафаи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Қатар, сомонаи Bloomberg иттилоъ дода буд, ки 70 дарсади истеҳсоли ҷаҳонии тӯбҳо барои бозии футбол ба шаҳри Сиалкот рост меояд. Дар ин ҷо наздики 1000 фабрика мавҷуд аст, ки дар онҳо 60 000 нафар (8 дарсади аҳолии кишвар), асосан бонувон, бо тариқи дастӣ тӯбҳоро омода мекунанд, ки, ба иқрори мутахассисон, сифаташон ниҳоят баланд аст.
Чуноне сомонаи Bloomberg менигорад, сабаби аслии дар Покистон истеҳсол кардани тӯбҳо қувваи кории арзон ба ҳисоб меравад. Ҳамон вақт занҳо барои дӯхтани як тӯб 170 рупия (камтар аз 1 доллари ИМА) мегирифтанд. Дар бозори ҷаҳонӣ бошад, қимати он 170 долларро ташкил медод.
Ҳоло нархи тӯби Аdidas Trionda Pro тақрибан 2 035 – 2 937 сомонӣ мебошад.
Таҳияи Ш. АБДУЛЛО


ИБОДАТГОҲИ ҒАЙРИОДӢ
Дар Гурҷистон яке аз ғайриодитарин ибодатгоҳи ҷаҳон бо номи Сутуни Катсхи ҷойгир аст.
Ин маъбади хурд дар болои сутуни азими сангӣ, дар баландии тақрибан 40 метр аз сатҳи баҳр сохта шудааст. Қуллаи ин кӯҳи сангӣ ҳамагӣ 10 бар 17 метр масоҳат дошта, дар он калисо, ҳуҷраҳои хурди роҳибон, мақбара ва ҳатто таҳхона ҷой доранд. Таърихнигорон бар он назаранд, ки ин макон дар миёнаи асрҳои VII-VIII бунёд гардидааст.
Дар он давра, бо вуҷуди набудани техникаи муосир, сохтмончиён тавонистаанд ибодатгоҳ бунёд намоянд, ки то имрӯз боиси ҳайрати ҷаҳониён аст. То ҳол маълум нест, ки одамони он давра чӣ гуна ба ин қулла мебаромаданд.
Пас аз солҳои зиёд он дубора эҳё гардид. Барои сайёҳон баромадан ба қулла манъ аст, то оромии роҳибон халалдор нашавад.


Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ШАЛЯПИН
Дар авҷи шуҳрат вақте сарояндаи номвари операи рус Фёдор Шаляпин дар Театри бузург ҳунарнамоӣ мекунад, чанд баробар аз гунҷоиши толор зиёдтар одамон, ки берун аз дар монда буданд, консерти такрориро талаб менамоянд.
Аҷиб ин аст, ки баъди анҷоми ҳунарнамоии аввал зане, ки, ғолибан, аз мухлисони ашаддии Шаляпин буд, аз ҷой баланд шуда, бо ҳаяҷон фарёд мезанад:
– Маэстро, инак, вақте ман шуморо аз наздик шунидаму ба орзуҳои бачагиям расидам, бемалол метавонед муред!
Аз русӣ тарҷимаи Ф. РАҲМОНЗОДА


ЧЕРЧИЛЛ
Вақте аз Сарвазири вақти Британияи Кабир, журналист ва дорандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт Уинстон Черчилл, мепурсанд, ки сиёсатшинос бояд чӣ гуна сифатҳо дошта бошад, ҷавобаш аҷибу омӯхтанист:
– Сиёсатшинос бояд дурандеш ва дорои маҳорати пешгӯйӣ кардан бошад. Муҳимтар аз ин, вақте пешгӯиҳояш амалӣ намешаванд, бояд қотеона мардумро бовар кунонад, ки чаро чунин нашуд.
Таҳияи Ҳалима РАҲМОНЗОДА


100 НАФАР ЗИДДИ 1 НАФАР
Соли 1930 як гурӯҳ муҳаққиқони олмонӣ назарияи нисбиятро таҳлил карда, бо номи “100 профессор исбот карданд, ки Эйнштейн ҳақ нест” китоби дастаҷамъона чоп мекунанд.
Вақте хабарро ба Эйнштейн расонданд, бе он ки қиёфааш дигар шавад, китф дарҳам кашида, мегӯяд: “100 профессор? Чӣ зарур буд ин қадар одамро саргардон кардану бо хароҷоти зиёд китоб нашр кардан? Як нафараш мегуфт, кифоя буд, ман бовар мекардам”.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ


10 БОҒИ ЗЕБОТАРИН ДАР ҶАҲОН
2. БОҒИ КЛОД МОНЕ


Боғи Клод Моне, ки дар Фаронса ҷойгир аст, ба рӯйхати зеботарин боғҳо дохил шудааст. Боғи мазкур ба Клод Моне, рассоми фаронсавӣ, тааллуқ дорад.
Тарҳи боғ ба расм ё асари санъат монанд аст. Рустаниҳо, ки гӯё ба таври тасодуфӣ пароканда шудаанд, ҳамоҳангӣ ва мувофиқати бебаҳо эҷод мекунанд. Дар бунёди боғ нақши рассом хеле чашмрас аст, зеро ӯ аксар гулҳои боғро худаш парвариш карда, оҳиста-оҳиста онро ба асари ояндаи санъат табдил дод.


Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


БА ҚАДРИ «ДӮСТОНИ САБЗ» БИРАСЕМ
Дар деҳае дарахти калоне буд, ки солҳо ба мардум соя медод, аммо иддае аз ҷавонон дар сояи он дам мегирифтанду партовҳояшонро дар гирду атрофаш мепартофтанд.
Пирмарде ҳар субҳ атрофи дарахтро аз партов тоза мекарду об мепошид. Рӯзе аз миёни ҷавонон нафаре пурсид:
– Бобо, ин дарахт ба шумо чӣ медиҳад, ки ин қадар ғамхорӣ мекунед?
Пирмард гуфт:
– Ин дарахт ба мо соя, ҳавои тоза ва оромӣ медиҳад. Пас чаро ман онро нигоҳубин накунам?
Ҷавонон нодуруст будани рафтори худро дарк намуда, рӯзи дигар бо пирмард ҳамроҳ шуда, атрофи дарахтро тоза намуданд.


Таҳияи С. СУННАТӢ


ВАҚТЕ ДУЗД АБЛАҲ МЕШАВАД...
Тавре маълум аст, агар рангро бо шарбати лимӯ омехта намоед, ҳангоми навиштан он ноаён мемонад. Бо дарназардошти ин, соли 1995 сокини шаҳри Питтсбург (ИМА) МакАртур Уилер бо гумони он ки ноаён хоҳад буд, ба худ шарбати лимӯ молида, бе ниқобу дастпӯшак дар рӯзи равшан ду бонкро ғорат кард.
Дар зарфи камтар аз як соат ӯро полис дастгир намуда, видеои корнамоиҳояшро ба вай нишон дод. Ӯ ба чизе сарфаҳм нарафта, ҳамоно бо ҳайрат ба экран нигариста мегуфт: “Чунин набояд мешуд, зеро ман саропо дар шарбати лимӯ будам-ку”.
Таҳияи Наргис АТОЕВА


ДОРУХАТИ ҒАМАНГЕЗ


Ба нафари беморе духтур дорухат менависад. Дар дорухона фурӯшанда ҳарчанд кӯшиш мекунад, вале онро хонда наметавонад. Мард ба хона омада, дорухат-ро ба ҳамсараш нишон медиҳад. Ӯ ҳам ҳеҷ чиз намефаҳмад. Ин вақт додараш дорухатро гирифта, ба он дурудароз нигоҳ карда мегӯяд: «О, ин ғижаки овезон аст-ку».
Пас, мард ба театр рафта, онро ба ғижакнавоз нишон медиҳад. Ӯ ба дорухат нигоҳ карда, дар ҳақиқат ҳарфҳое, ки ба нотаҳо монанд мебошанд ва нишаста, ним соат оҳанги ғамангез менавозад.


Таҳияи Фирӯзи АЛИШЕР


ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ
“Mount Everest” баландтарин қуллаи рӯйи Замин буда, баландии он тақрибан 8848 метрро ташкил медиҳад. Баъди талошҳои тулонӣ танҳо 29-уми майи соли 1953 инсон бори аввал тавонист ин қулларо фатҳ кунад. Ин дастоварди таърихиро ду кӯҳнавард анҷом дод: Эдмунд Ҳиллари аз Зеландияи Нав ва Тенсинг Норгей, кӯҳнаварди непалӣ-тибетӣ.
Экспедитсияи муваффақи соли 1953 аз ҷониби Британия ташкил шуда буд ва роҳбари он полковник Ҷон Хунт буд. Дар ҳайати гурӯҳ кӯҳнавардон, табибон, филмбардорон ва дигар мутахассисони таҷрибадор иштирок доштанд.


Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК


ДАРОЗТАРИН ПУЛИ ҶАҲОН
Дар дунё иншооте мавҷуданд, ки аз ҳашамати онҳо кас ба ҳайрат меояд. Яке аз онҳо пули бузурги Данян – Куншан (Danyanq – Kunshan Grand Briqe)-и Чин мебошад, ки ҳамчун дарозтарин пули олам ба «Китоби Рекордҳои Гиннесс» ворид шудааст.
Дарозии пул 164,8 километрро ташкил медиҳад ва коршиносон онро ҳамчун муъҷизаи муҳандисии замони муосир эътироф менамоянд.
Тибқи маълумот, бунёди пул 4 сол (2006 – 2010) идома ёфта, дар он зиёда аз 10 000 муҳандисону коргарон заҳмат кашидаанд. Барои сохтмони ин иншооти беназир наздики 10 миллиард доллари ИМА сарф шудааст.


Таҳияи Далер ИБРОҲИМ


Иқтибосҳои ҷолиб барои андеша


Ақли шумо барномарезишудааст ва агар шумо онро худатон барномарезӣ накунед, каси дигар ин корро хоҳад кард.
(Ҷереми Ҳаммонд)


Доштани андешаи манфӣ дар бораи худ хоксорӣ нест, худбохтагист.
(Бобби Соммер)


Ақл ба ҳама чиз, ба ҷуз дилгирӣ, зуд мутобиқ мешавад.
(Эмили Дикинсон)
Таҳияи Умаралӣ САФАРАЛӢ


КИТОБЕ АЗ ПӮЛОД
Рио-де-Жанейро аз машҳур-тарин шаҳрҳои олам буда, маънояш аз забони португалӣ “дарёи январӣ” мебошад. Бояд тазаккур дод, ки то соли 1960 он пойтахти Бразилия буд.
Соли 1965 бахшида ба 400-солагии шаҳр китоби «Рио-де-Жанейро ва 400 соли он» интишор гардид, ки аз пӯлод омода шуда, 3 тонна вазн дорад.
Таҳияи З. РАҶАБ

Санаи нашр: 29.05.2026 №: 104