«ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018 – 2028». БОЗТОБИ "ҶУМҲУРИЯТ" АЗ КОНФРОНСИ 4-УМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД

01 июн 2026, Душанбе
3





Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028», ки рӯзҳои 25-28-уми майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бори дигар нишон дод, ки масъалаи об имрӯз ба яке аз масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва экологии ҷаҳон табдил ёфтааст. Ин ҳамоиши сатҳи баланд на танҳо майдони муколамаи байналмилалӣ, балки минбари муҳими таҳкими дипломатияи об гардид.
Дар Конфронс намояндагони як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, инчунин, коршиносону муҳаққиқон масъалаҳои вобаста ба захираҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва таъмини рушди устуворро мавриди баррасӣ қарор доданд. Муҳимтарин нукта он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз масъалаи обро ҳамчун омили асосии амнияти глобалӣ эътироф менамояд.
Дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки ҳоло миллиардҳо нафар ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва наздик ба 4 миллиард нафар аҳолии ҷаҳон ҳар сол ҳадди ақал як моҳ ба норасоии шадиди об рӯ ба рӯ мешавад. Ин рақамҳо худ гувоҳи онанд, ки мушкилоти об дигар масъалаи маҳдуди экологӣ набуда, ба иқтисод, тандурустӣ, муҳоҷират ва ҳатто суботи сиёсӣ таъсири мустақим мерасонад.
Яке аз масъалаҳои калидии Конфронс тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба захираҳои обӣ буд. Дар шароити обшавии босуръати пиряхҳо, зиёдшавии хушксолӣ ва офатҳои табиӣ, кишварҳо бештар эҳсос мекунанд, ки ҳамкории байналмилалӣ дар масъалаи об зарур мебошад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои манбаъҳои бузурги об ва пиряхҳои зиёд пайваста талош дорад, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо ҷалб намояд.
Бардошти муҳими дигар аз Конфронс ин аст, ки Тоҷикистон масъалаи обро ба яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии худ табдил додааст. Раванди оби Душанбе имрӯз ба платформаи бонуфузи байналмилалӣ мубаддал гардидааст, ки дар доираи он масъалаҳои муҳими глобалӣ баррасӣ мешаванд. Пешниҳоди таъсиси «Чаҳорчӯби Душанбе барои об» низ далели равшани он аст, ки Тоҷикистон мехоҳад дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии об баъди соли 2030 нақши фаъол дошта бошад.
Дар Конфронс, ҳамчунин, масъалаҳои рушди технологияҳои сарфакунандаи об, рақамикунонии идоракунии захираҳои об ва истифодаи самараноки об мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифтанд. Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2040 рақамикунонии идоракунии захираҳои обро ба 80 фоиз расонад ва дастрасӣ ба оби мутамарказро барои 90 фоизи аҳолӣ таъмин намояд. Ин нишон медиҳад, ки кишвар аз сатҳи ташаббусҳои сиёсӣ ба татбиқи амалии барномаҳои рушди соҳаи об мегузарад.
Яке аз рӯйдодҳои муҳими Конфронс эълони мавқеи Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба дастгирии кишварҳои минтақа буд. Бонки ҷаҳонӣ дар Конфронси оби Душанбе дар соли 2026 бори дигар уҳдадории худро барои тақвияти амнияти об дар Осиёи Марказӣ тасдиқ намуд. Зикр гардид, ки танҳо дар як соли охир беш аз 400 миллион доллари ИМА барои баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди соҳаи об дар кишварҳои минтақа сафарбар гардидааст. Ин омил аз таваҷҷуҳи ҷиддии ҷомеаи байналмилалӣ ба масъалаҳои об ва иқлим дарак медиҳад.
Нуктаи дигари муҳим – таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи захираҳои об мебошад. Тибқи иттилоъ, Ҷоиза барои саҳми барҷаста дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, сиёсати устувори обӣ ва пешниҳоди роҳҳои муассири ҳалли мушкилоти ҷаҳонии вобаста ба об тақдим мегардад. Ин иқдом метавонад барои ҷалби бештари муҳаққиқон, коршиносон ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба масъалаҳои об заминаи мусоид фароҳам созад.
Дар маҷмуъ, Конфронси мазкур собит намуд, ки Тоҷикистон имрӯз ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар пешбурди дипломатияи об дар сатҳи байналмилалӣ мавқеи худро боз ҳам мустаҳкам мекунад. Маҳз чунин ҳамоишҳо метавонанд барои таҳкими ҳамкории ҷаҳонӣ, ҳифзи захираҳои об ва дарёфти роҳҳои муассири ҳалли мушкилоти вобаста ба об заминаи устувор гузоранд.


Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 01.06.2026 №: 105