КӮДАКОНИ ИМРӮЗ ВАТАНСОЗОНИ ОЯНДААНД
![]()
Ҳамасола 1-уми июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ин сана яке аз муҳимтарин рӯзҳои ҷомеаи башарӣ буда, аҳамияти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, таълиму тарбияи шоиста ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагиро таъкид менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин рӯз бо ҳисси баланди меҳру муҳаббат нисбат ба кӯдакон ва ғамхорӣ ба насли наврас таҷлил мешавад.
Кӯдакон ояндаи миллат ва идомадиҳандаи роҳи давлатдорӣ мебошанд. Аз ин рӯ, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, рушди маънавию зеҳнӣ ва солимии онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ ҳамеша таъкид менамоянд, ки ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон ва наврасон вазифаи муқаддаси ҷомеа мебошад.
Дар даврони истиқлолият дар Тоҷикистон садҳо муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистонҳо, марказҳои инкишофи кӯдак, китобхонаҳо ва майдончаҳои варзишӣ сохта ва навсозӣ гардиданд. Имрӯз барои кӯдакон имкониятҳои васеъ ҷиҳати омӯзиши илм, технология, забонҳои хориҷӣ ва рушди истеъдод муҳайё мебошад. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар озмунҳои фарҳангӣ, фестивалҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мегарданд, ки барои тарбияи кӯдакон дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ мусоидат мекунанд.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад. Бо дастгирии давлат муассисаҳои тиббӣ муҷаҳҳаз шуда, барномаҳои гуногуни ҳифзи модару кӯдак амалӣ мегарданд. Ҳамчунин, барои кӯдакони ятиму бепарастор ва оилаҳои ниёзманд пайваста кумакҳои иҷтимоӣ расонда мешаванд.
Нақши оила дар тарбияи кӯдак бисёр муҳим аст. Муҳити солими оилавӣ, меҳру муҳаббати падару модар ва таваҷҷуҳи омӯзгорон ба ташаккули шахсияти кӯдак таъсири бузург мерасонад. Фарзандони имрӯз бояд дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, дӯст доштани Ватан ва инсонгароӣ тарбия ёбанд, зеро онҳо созандагони фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Имрӯз кӯдакони тоҷик дар фазои сулҳу субот зиндагӣ мекунанд ва имконият доранд бо истифода аз шароити фароҳамгардида соҳиби донишу маърифат гарданд. Сулҳу оромӣ бузургтарин неъматест, ки барои рушди насли наврас заминаи устувор фароҳам меорад.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон на танҳо рӯзи ид ва шодиву хурсандист, балки рӯзи масъулият дар назди насли имрӯза мебошад. Ҳар як узви ҷомеа бояд барои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, таъмини зиндагии шоиста ва тарбияи дурусти онҳо саҳм гузорад, зеро ояндаи дурахшони давлат аз донишу маърифат ва тарбияи насли ҷавон вобастагии калон дорад.
Хуршед ТОЛИБОВ, «Ҷумҳурият»
