НАҚШИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ГИРОМИДОШТИ ҚАҲРАМОНОНИ МИЛЛАТ

01 июн 2026, Душанбе
4


Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар гиромидошти қаҳрамонони миллат ва эҳёи адолати таърихӣ» бо иштироки олимону муҳаққиқон, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд, устодон ва донишҷӯён ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ ва тарбиявӣ баргузор гардид.
Ректори Донишгоҳ Мирзотоҳир Набизода маҳфилро ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои эҳёи хотираи таърихӣ, гиромидошти фарзандони содиқи миллат ва таҳкими худшиносии миллӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтаанд.
Дар ҳамоиш сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо сухан ронда, оид ба аҳамияти таърихиву сиёсии гиромидошти қаҳрамонони миллат ва нақши онҳо дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи ҷавонон андешаҳои судманд иброз дошт. Аз ҷумла, тазаккур дод, ки арҷгузорӣ ба хидматҳои шахсиятҳои барҷастаи миллат Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нисор Муҳаммад ва дигар фарзандони фарзонаи тоҷик, нишонаи эҳтиром ба таърихи давлатдорӣ ва қадршиносии хидматҳои содиқонаи онҳо ба Ватан мебошад. Иқдоми таърихии Пешвои миллатро оид ба овардани муште аз хоки оромгоҳи ин чеҳраҳои мондагор ба Ватан ҳамчун намунаи олии эҳёи адолати таърихӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ бояд шинохт ва таъкид намуд, ки омӯзишу таблиғи корномаи фарзандони фарзонаи миллат барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи садоқат ба давлату миллат аҳамияти муҳим доранд.


Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 01.06.2026 №: 105