ВАТАНСОЗӢ. ФАРМОИШИ ЛОИҲАҲОИ ЗАМОНАВИЮ ҶОЛИБ РӮ БА АФЗОИШ ДОРАД
Бешак, дар ободию созандагии ҳар маҳал саҳми соҳибкорони ватандӯст муассиру назаррас аст, аммо офарандаи ҳама ин нақшҳову хаёлҳои ранга дар мисоли биноҳои қоматросткардаву шаклан гуногуни ҷолиб фарди эҷодкор - меъмор-лоиҳакаш буда, хизмати эшон дар иқдомҳои ободкорӣ хеле мондагор мебошад, ки бояд эътироф кард.
Воқеан ҳам, ҳоло дар мамлакат даҳҳо ширкатҳои лоиҳакашиву меъморӣ ва шаҳрсозӣ фаъолият доранд, ки дар ин чеҳракушоии диёри азизамон ҳиссаи арзанда мегузоранд. Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Бунёдгари Суғдзамин” яке аз 25 ширкату коргоҳҳои лоиҳакашии вилояти Суғд маҳсуб ёфта, марзи муштариёнаш сол ба сол васеъ шуда, аз Хуҷанд то ба деҳоти Шаҳристону Деваштич, Ашту Зафаробод рафта мерасад. Сарварии ҶДММ “Бунёдгари Суғдзамин”-ро аз соли 2021 ба ин сӯ Мирзоумед Бобоев, ҷавоне саршор аз ғояҳои аҷибу рангини созандагӣ ва ободкорӣ бар зимма дорад.
– Хушбахтона, ҳоло дар сар то сари кишвари азизамон корҳои бунёдкорӣ ба мушоҳида мерасанд, – иброз медорад Мирзоумед Бобоев, – ва ин ҳолат мо, меъморонро водор месозад, ки бо такя ба таҷрибаи ҳамкасбони дуру наздик таҳияи лоиҳаҳои зиёдеро дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ: аз бинои истиқоматию мактабу қасрҳои фарҳангӣ то истгоҳҳои замонавӣ, варзишгоҳҳо, нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ омода карда бошем ва, албатта, марҳилаи дигари фаъолияти мо дар заминаи фармоишҳои мушаххаси муштариён ҷараён мегирад.
Танҳо дар семоҳаи аввали соли равон аз ҷониби ҶДММ “Бунёдгари Суғдзамин” мувофиқи дархости муштариён наздик ба 25 лоиҳа таҳия гардид. Аз иншооте, ки аз ҷониби ҶДММ “Бунёдгари Суғдзамин” таҳия шудаанд, метавон чандтои онҳоро зикр кард. Масалан, бо фармоиши ҶДММ “Нигина” соли равон дар маркази ноҳияи Шаҳристон як бинои зебои истиқоматӣ бо нақшу нигори миллӣ бояд сохта, ба истифода дода шавад. Дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бошад, лоиҳаи таҳиякардаи ҶДММ “Бунёдгари Суғдзамин” – бинои иловагии беморхонаи марказӣ то охири сол қомат рост хоҳад кард. Иншооти дигар, ки дар ифтитоҳи он Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд, ин Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ дар шаҳри Хуҷанд аст. Боз як иншооти басо ҷолиб, ки дар таҳияи лоиҳаи он мутахассисони ҶДММ “Бунёдгари Суғдзамин” савияу малакаи худро намоиш доданд ин қасри фарҳанг дар маркази шаҳри Истаравшан мебошад. Интизори меравад, ки иншооти мазкур то охири сол ба истифода супурда мешавад. Ба андешаи сармеъмори шаҳри Истаравшан, лоиҳаи қасри фарҳанг дар сатҳи олӣ бо истифодаи санъати меъмории муштараки Шарқу Ғарб таҳия шудааст.
– Мо ният дорем, фаъолияти эҷодии худро баҳри ободии Ватани азизамон бештару беҳтар равона созем ва ба мардуми ҷаҳон собит намоем, ки мо ворисони арзандаи Сомониёнем, – иброз медорад Мирзоумед Бобоев.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 25.05.2023 №: 110
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)