ФАЙЗУЛЛО КАРИМОВ ДИЛБОХТАИ САНЪАТ БА УСТОДИ РАҚСИ МАРДОНА

01 июн 2026, Душанбе
4


Меҳри беандоза ба санъати рақс ҳанӯз аз овони хурдсолӣ дар деҳаи Кӯли Сӯфиёни ноҳияи Данғара дар дили кӯчаки Файзулло лона гузошта буд. Ӯ яке аз фаъолони дастаи ҳаваскорони санъати мактаб ба ҳисоб рафта, ба олами рақс ва мусиқӣ ҳангоми мактабхонӣ рӯ меоварад. Тамошои рақси «Чӯпон» аз тариқи телевизион дар иҷрои Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Муҳаммадӣ Абдурасулов Файзуллои ҷавонро ба олами беканори рақс ворид намуд. Соли 1975 баъди хатми мактаби миёнаи № 51-и зодгоҳаш, минбаъд барои аз худ кардани касби дӯстдоштааш, Файзулло ҳуҷҷатҳояшро ба кафедраи навтаъсиси хореографияи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода супурд.
Пажӯҳишгари рақси тоҷик, профессор, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Азиза Азимова ба донишҷӯ Файзулло Каримов истифодаи анъанаҳои рақси миллӣ, мақсаднок ба кор бурдани рақсҳои классикии Аврупоро омӯхта, нозукиҳои хореографияро ба ӯ таълим дода, дар пайдо намудани сабку салиқаи хоси иҷроӣ, ташаккули шахсияти эҷодиаш саҳми босазо гузоштааст.
Фазои мусоиди ҳунарии шаҳри Кӯлоб дар камолот ва ташаккули маҳорати эҷодию ҳунарии Файзулло таъсир гузошт. Ӯ ба сифати шогирди мумтоз дар вақти таҷрибаомӯзӣ эътибори хосса пайдо намуд, ба ин хотир, раёсати фарҳанги вилоят ӯро пас аз хатми Донишкада барои кор ба вазифаи балетмейстри маркази илмӣ-методии эҷодиёти халқ, корҳои маданию маърифатӣ даъват намуд. Файзулло Каримов тули зиёда аз бист соли фаъолияташ аз ноҳияҳо ва деҳаҳои минтақаи Кӯлоб шогирдони зиёдро пайдо намуда, дар тарбияи онон, ташкили мактаби рақс ва омӯхтани маданияти баланди рақси мардумӣ хизмати арзанда намудааст.
Файзулло Каримов паҳлуҳои гуногуни рақси миллии тоҷикро мукаммалу аниқ омӯхта, рақси мардонаро бо тамоми нозукиҳояш иҷро намудааст. Ин нуктаро дар мақолааш «Иҷрои рақси якка - яке аз шаклҳои санъати саҳнавӣ» устоди касбии рақс Ҳунарпешаи халқии Қароқалпоқистон Ҷамила Охунова тавзеҳ бахшидааст: «Дар сабки иҷрои рақсҳои миллии мардона Файзулло Каримов ва Муҳаммадӣ Абдурасулов ҷараёни бисёр ҷонноку мавзунро истифода бурда, хусусан дар иҷрои рақси мардонаи «Ҳафтзарб», аломатҳои хоси хореографияи минтақаи Кӯлобро чун падидаи нодири ҳунарӣ арзёбӣ менамоянд».
Сабки асосии мактаби рақсии Файзулло Каримов дар заминаи омӯзиши анъанаҳои бойи рақси тоҷик асос ёфта, бо гуногунрангиву тозагӣ, хосиятҳои фалсафӣ ва амиқии маънавӣ дошта, аз нуқтаи назари зебоишиносӣ аз ҷиҳати техникаи иҷро фарқ мекунад.
Роҷеъ ба фаъолияти эҷодию ҳунарии Файзулло Каримов директори Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақси «Лола» ба номи Ғаффор Валаматзода Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, шогирди аввалини устод Хайринисо Ватанова чунин мегӯяд: «Хизмати Файзулло Каримов дар рушди санъати хореографияи тоҷик, хусусан дар эҳё намудани рақси мардона, калон аст. Солҳои охир иҷрокунандагони рақси мардона аз байн рафта истодаанд, аз ин рӯ, барои барқарор ва тарғиб намудани рақси мардона дар ансамбли рақсии «Лола» ба номи Ғаффор Валаматзода ба симати устоди рақс Файзулло Каримовро даъват намудем, то фаъолияти гурӯҳи рақсии мардонаро бо хусусиятҳои хоси эҷодии нотакрораш бою рангин намояд».
Қобили зикр аст, ки тайи солҳои зиёд Файзулло Каримов рақси миллии миллати фарҳангпарвари тоҷикро ба ҳама рукну унсурҳои мардумӣ, зебоиву назокаташ ба ҷаҳониён дар Фаронса, Эрон, Лаос, Чехословакия, Арабистон, Русия, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ҳиндустон ва Ӯзбекистон муаррифӣ намуда, машҳури олам гардидааст.
Шахсияти эҷодӣ ва фаъолияти Файзулло Каримов сеҳрпаҳлу ва ҷолиб буда, то имрӯз таваҷҷуҳи санъатшиносон, олимонро ба худ ҷалб менамояд. Мавсуф ҳамеша ҷӯянда, омӯзанда ва офаранда асту дар равнақи истеъдоди шогирдонаш саҳми шоиста мегузорад.


Фазлиддин ҒУЛОМОВ,
ходими калони илмии Маркази
мероси фарҳангии тоҷикони
Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии
Вазорати фарҳанг

Санаи нашр: 01.06.2026 №: 105