ТОҶИКОБОД. АВЛАВИЯТ БА СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

01 июн 2026, Душанбе
5


Дар ноҳияи Тоҷикобод кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосӣ ба шумор рафта, дар рушди иқтисодӣ нақши назаррас дорад. Ин соҳа зиёда аз 70 фоизи маҳсулоти умумии ноҳияро тавлид намуда, беш аз 80 фоизи аҳолии қобили меҳнатро ба ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин мекунад.
Ҷамшед Давлатбеков, сардори шуъбаи кишоварзии ноҳияи Тоҷикобод, ҳангоми суҳбат гуфт, ки масъулин барои худтаъминкунии сокинон бо маводи ғизоӣ ва ташаккули фонди содиротӣ ҳамвора тадбирҳои судманд меандешанд. Ба гуфтаи ӯ, имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 6 ҳазору 94 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронда шуда, 10 гектар боғи себу нок, аз ҷумла 2,5 гектар боғи интенсивӣ, бунёд ва 8 гектар боғи куҳна барқарор гардид.
Мувофиқи дурнамо, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ кишти 2016 гектар картошка ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 25-уми май нақшаи кишти картошка аз тарафи аҳолӣ барзиёд иҷро шуда, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ба 92 фоиз расидааст.
– Кишоварзони ноҳия кӯшиш доранд, ки нақшаи кишти картошкаро имсол барзиёд иҷро намуда, дар таъмини амнияти озуқавории маҳал ва кишвар саҳми арзанда гузоранд, – гуфт мусоҳиби мо ва афзуд, ки мушкилоти соҳаи кишоварзӣ, аз қабили норасоии техникаву мошинолоти кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ, таъмири каналҳо ва дастгирии молиявии бонкҳо тариқи қарзҳои имтиёзнок дар асоси барномаҳои соҳа бартараф шуданд. Роҷеъ ба бартараф кардани норасоии тухмиҳои хушсифати зироатҳои кишоварзӣ низ масъулин тадбирандешӣ доранд. Бо бартараф шудани мушкилоти мавҷуда ва дастгирии деҳқонон кишоварзони ноҳияи Тоҷикобод метавонанд, дар таъмини амнияти озуқавории маҳал ва кишвар саҳми арзанда гузоранд.


Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 01.06.2026 №: 105