ДИЛБАСТАИ ДӮСТРӮЯКОНИ МИЛЛАТ

01 июн 2026, Душанбе
5


Вақте ба аёдати омӯзгори варзида, модари ҳашт фарзанд Эҳсоной Шодиева рафтем, аввалин ҳолати баназаррасида дилҷӯйи ӯ аз тифлакон буд. Бузургии ӯ дар ин аст, ки аз 46 сол муаллими синфҳои ибтидоӣ будаасту садҳо кӯдакони миллатро барои парвоз дар осмони донишу фаҳмиш болу пар бахшидааст, аммо боз ҳам аз худ норозист, дар хиҷолат аст, ки кошки саломатӣ фанд намекарду боз ҳам маҷоли дарс гуфтан медод. Ҳатто шумурдааст, ки чанд моҳу чанд рӯз боз дар фазои мактаб нест, дилаш бе мактабу маориф танг аст. Аз он ки на дар як хона, балки дар чанд дару даргоҳи шоҳонаи фарзандонаш ба навбат зиндагӣ мекунаду меҳмон мешаваду гули нону намакро мечашад, қонеъ нест. Барои ӯ ранҷи омӯзгорӣ беҳтар аст, бо кӯдакон будан, бо онҳо розу ниёз гуфтан ва донишу малакаи солҳо андӯхтаи хешро ба ҳам дидан мехоҳад.
– Писарҷон, ман ошиқи кӯдакони миллат ҳастам. Ростӣ, дар байни омӯзгорони фанҳои гуногун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ будан, шарафу ифтихори дигар аст, нишоти дигар дорад. Маро шояд омӯзгорони ин зинаи таҳсилот бештар дарк кунанд. Бо чашмони худ мебинӣ, ки тифлаки аз муҳити мактаб ва қоидаву қонунҳои ҷомеа бехабар, гоҳо забонаш ширину ҳанӯз инкишофнаёфта калон мешавад, ба одамон унс мегирад, аввалин ҳарфҳоро меомӯзад ва онҳоро ба ҳам «ҷанг андохта», вожаҳои модар, падар, Ватан ва омӯзгорро месозад. Ин калимаҳои муқаддас, ки навиштану талаффузашон барои мо – калонсолон муқаррарӣ ва такрорист, барои онҳо кашфиётро мемонад. Бо дуруст навиштани як калима тифли дабистон барои худаш муъҷиза меофаринад. Агар омӯзгори аввалин ҳамин эъҷози айёми тифлиро ба инобат нагираду чашми кӯдакро ба ҷаҳони пуртазод дуруст накушояд, дигар оянда вазъи руҳониву ҷисмонии ӯ хуб нахоҳад шуд, зеро бузургон фармудаанд: «Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ, То Сурайё меравад девор каҷ», – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Эҳсоной аз моҳи январи соли 2022, бо сабаби беморӣ, бознишаста шуда, дигар хуморашро аз дидори 26 набера мешиканад. Мавсуф 1-уми майи соли 1953 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шуд. Падараш Бобоҷон Шодиев, иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945, пас аз ғалаба дар шаҳри Истаравшан ҳамчун прокурор фаъолият дошт. Минбаъд ҳамчун прокурор ба шаҳри Панҷакент сафарбар гардид ва маҳз ин ҷо модари Эҳсоной ёраш гашт. Аз ин пайванди зебо як духтарак ба дунё омад, ки ҳамин қаҳрамони мост. Ҳамсараш, ки зодаи ноҳияи Айнӣ буд, Эҳсоной пас аз арусӣ ба ин гӯшаи қадими диёр омад ва барои ҳамеша бад-ин хоку об ҷонпайванд гардид.
Маълумоти олии омӯзгориро аз Институти педагогии Ленинобод гирифт. Чилу шаш сол дар Мактаби миёнаи № 1-и ноҳияи Айнӣ омӯзгори синфҳои ибтидоӣ буд. Хидматҳояшро бо нишони Аълочии маорифи РСС Тоҷикистон қадр карданд. Дар давоми фаъолияти пурмаҳсули хеш басе тифлакони беғубору фариштахӯро тарбият кард ва бо ангуштони ишорат дилу чашмони ташнаи маърифатро ба ояндаи дурахшон ҳидоят намуд. Ҳеҷ гоҳ мансабу унвон нахост, як умр омӯзгор монд. Аз ҳамин зинаи хоксорӣ то фалаки дилҳо раҳ паймуд.


Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 01.06.2026 №: 105