ТЕША БА РЕШАИ КОРРУПСИЯ. МУҲИМТАРИН ОМИЛИ ТАЪМИНИ АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ
Дар марҳалае, ки коррупсия хусусияти глобалӣ касб мекунад, нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори ислоҳоти зиддикоррупсионӣ хеле барҷаста мебошад, зеро маҳз бо иродаи қавии сиёсии Сарвари давлат Тоҷикистон дар роҳи сохтани ҷомеаи мутамаддин қадамҳои устувор мегузорад. Пешвои муаззами миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки мубориза бо коррупсия вазифаи дастаҷамъонаи тамоми мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, сокинон набояд дар ин масир бетараф бошанд.
Коррупсия ҳамчун вабои аср на танҳо асосҳои давлатдориро заиф месозад, балки монеи рушди иқтисодӣ ва боиси паст шудани сатҳи зиндагии мардум мегардад. Бинобар ин, дар ин давраи навбатӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба решакан кардани сабабу омилҳои пайдоиши он равона шудааст. Яке аз самтҳои калидии ин марҳала мунтазам гузарондани чорабиниҳои омӯзишию иттилоотии зиддикоррупсионӣ барои кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо мебошад, зеро маҳз баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ташаккули маданияти зиддикоррупсионӣ метавонад пеши роҳи ҷинояткориро бигирад.
Дар баробари ин, стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар марҳалаи солҳои 2026-2030 диққати махсусро ба соҳаи маориф, ки ояндаи миллат ба он вобаста аст, равона карда, омӯзиши масъалаи ҷорӣ намудани низоми электронии қабул ва ҷобаҷогузории тарбиятгирандагон ва хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумиро вазифаи аввалиндараҷа меҳисобад. Ин иқдом ба он хотир аст, ки раванди қабули кӯдакон ба боғчаву мактаб бояд комилан шаффоф ва бе дахолати омили инсонӣ сурат гирад, зеро ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва навбатпоии электронӣ имкон медиҳад, ки ҳар як падару модар бе ягон мушкилӣ ва пардохтҳои ғайриқонунӣ фарзанди худро дар муассисаи таълимӣ ба қайд гирад ва ин кор боиси боло рафтани эътимоди ҷомеа ба низоми маориф мегардад.
Татбиқи бомуваффақияти нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари дорои низоми шаффофи идоракунӣ муаррифӣ гардад ва ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди соҳибкорӣ суръати тоза гирад. Ҳамин тариқ, тамоми кӯшишҳои давлат дар ин панҷсолаи оянда ба он нигаронда мешавад, ки бо ворид намудани низомҳои рақамӣ дар хизматрасониҳои давлатӣ ва фаъол гардондани назорати ҷамъиятӣ, заминаҳои пайдоиши ришва-ситонӣ ва суистифода аз мансаб комилан аз байн бурда шавад ва адолати иҷтимоӣ дар тамоми соҳаҳо тантана кунад.
Иҷрои саривақтии ин вазифаҳо аз ҳар як шаҳрванд ҳушёрӣ ва ватандӯстиро талаб менамояд, то дастаҷамъона тавонем ин монеаи бузургро аз роҳи пешрафти Ватани азизамон дур созем ва ба ҳадафҳои олии Стратегияи миллии рушд ноил гардем. Мунтазам ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, махсусан ҷавонон, барои он зарур аст, ки насли наврас аз хурдӣ дар руҳияи поктинатӣ ва эҳтиром ба қонун тарбия ёбад, зеро маҳз тарбияи дуруст ва илмомӯзӣ роҳи асосии халосӣ аз ин вабои иҷтимоӣ мебошад.
Ҳамаи ин тадбирҳо дар маҷмуъ, қисми ҷудонашавандаи сиёсати давлатӣ буда, барои таъмини амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа дар марҳалаи дуюми Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия барои давраи то соли 2030 нақши тақдирсоз хоҳанд дошт.
Сарфароз ЁҚУБЗОДА,
сардори шуъбаи Маркази байналмилалии
рушд ва инноватсияи Хатлон
