ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. ТАШАББУСЕ, КИ МУАРРИФИИ ШАХСИЯТ ВА ОСОРИ ОЛАМШУМУЛИ ТОҶИКОНРО ДАР АРСАИ ҶАҲОН ТАҲКИМ МЕБАХШАД

02 июн 2026, Сешанбе
1


Ҳар пешниҳод ва ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон марҳала ва уфуқи тозае дар муаррифӣ ва шинохти дастовардҳои ҷумҳурии озоду соҳибихтиёр эътироф кард. Дар онҳо хиради бисёрасраи мардуми мутамаддини тоҷик ҷилвагар аст. Ҳанӯз ҳазор сол пеш бо дарки ҳаводиси рӯзгор Носири Хусрав андозаи маънавиёт ва иртиботро бо ҷомеаи инсонӣ бозгӯ намуда буд:
Паймонаи чархро се ном аст,
Маъруф ба имрӯзу дию фардо.
Дар ташаббуси навбатӣ се андоза, ки хеле муҳим менамоянд, моя ва гавҳари дурахшонанд, дар таҷаллии нуру дониши фарзандони фарҳехта, аз ҷумла нобиға Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, ки аз дирӯз расида ва тамоми оламро асрҳо рӯшанӣ ва моҳият бахшидаанд. Дар ин шабу рӯз асбоби сарбаландӣ ва собиткунандаи гузаштаи дороманд будаанд ва кафили фардои дурахшонанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хиради азалӣ бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ иброз медоранд, ки Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино – фарзанди модари тоҷик, олими энсиклопедист, ки бештар осори ба илми тиб бахшидааш дар тамаддуни ҷаҳонӣ беназир аст ва эҷодаш асрҳо боз мансуб ба ҷомеаи умумибашарист. Ибтидо аз асри ХV дар кишварҳои Шарқ ва Аврупо кашфиёти донишманди беназир рӯйи мизи бештари олимони соҳаҳои гуногун қарор дошт ва дар замони фановарӣ ва фардо низ арзиши он боқӣ хоҳад монд. Дар ин раванд, шояд, даҳҳо ҳазор нафар ба василаи кашфиёти Ибни Сино аз марг раҳида, фарзияҳои ӯ муҷиби ихтирооти тоза ва судманд барои ҷомеаи инсонӣ гардида, шоистаи арҷгузории сокинони солимандеши ҳама давру замонҳо мебошад.
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъриху осори пурғановати миллат эҳтирому арҷи беандоза гузошта, барои эҳё, шинохт ва муаррифии онҳо тамоми саъю талоши хешро дареғ надоштаанд. Махсусан, дар таҳқиқи шинохт аз шахсияти фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар китоби арзишманди хеш «Чеҳраҳои мондагор» ҳамчун ворис муроҷиат намуда, бо самимияти вижа иброз медоранд: «Ибни Сино на танҳо олим ва файласуфи бузурги ҷаҳон, балки ҳамчунин яке аз барҷастатарин чеҳраҳои таърихи табобат дар ҳама давронҳост. Асари муҳимтарини дар ин бахш таълифнамудааш «Қонун»-и ӯст, ки китоби аввали онро дар 30-солагӣ навиштааст. Бояд гуфт, ки пеш аз Ибни Сино дар Шарқ ду китоби арзишманди тиббӣ машҳур буданд, ки аввалӣ ба Закариёи Розӣ ва дуюмӣ ба Алӣ ибни Аббосии Маҷусӣ тааллуқ доштанд. Лекин «Қонун»-и Сино бо ҳалли масъалаҳои сода ва мушкили тиббӣ тавонистааст, ки ҳамаи китобҳои пешин ва баъд аз ӯро дар сояи худ нигоҳ дорад. Масалан, Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар «Чаҳор мақола»-аш ба «Ал-Қонун»-и Ибни Сино чунин баҳо додааст: «Агар Буқрот ва Ҷолинус зинда шаванд, раво бувад, ки пеши он китоб саҷда кунанд».
Албатта, ин андешаҳо аз аҳамияти илмии сатҳи ҷаҳонӣ доштани осори Ибни Сино гувоҳанд ва барои тасдиқи воқеии донишманди тавонои дунё эътироф шудани ӯ далели раднопазир мебошанд. Чунин муҳимияти баланди илмӣ ва нақши калидии “Қонун”-и Сино дар самти муолиҷаи намудҳои гуногуни бемориҳо буд, ки баъд аз ихтирои дастгоҳи чопкунӣ аз ҷониби ихтироъкори олмонӣ дуюмин китоби нусхашуда ба ҳисоб меравад.
Бинобар ин, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб барои эҳёи арзишҳои миллӣ, хотираи неки ниёгон, бори дигар аз худ намудани шуҳрат ва шахсияти олим ва мутафаккири тоҷик – Ибни Сино ва ниҳоят пайванди маънавии гузашта ба имрӯз аҳамияти ниҳоят бузург дорад.
Бешубҳа, агар иқдоми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷгузорӣ ба шахсият ва осори Абуалӣ ибни Сино аз сиёсати хирадмандона ва илммеҳварона дарак диҳад, пас ин раванд хатм бахшидан ба баҳсу мунозираҳо дар атрофи шахсияти мутафаккири барҷастаи тоҷик дар сатҳи ҷаҳон мебошад. Зеро дар шароити таърихсозии миллатҳо, ки дар маркази консепсияи он таъриху фарҳанг нақши асосӣ доранд, аз худ намудани шахсиятҳои таърихӣ ва машҳури сатҳи ҷаҳонӣ ба анъанаи маъмул табдил ёфтааст.
Бояд иброз намуд, ки ташаббуси шоистаи Пешвои миллат дар хусуси таъсиси ҷоизаи сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳавасманд гардондани олимони соҳаи тиб на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар сатҳи байналмилалӣ равона гардидааст. То ба ҳол гиреҳи баъзе аз мушкилот ва бемориҳои соҳаи тиб нокушода боқӣ мемонад, ки дар пайи мубтало шудан ба ин бемориҳо ҳазорон одамон мефавтанд. Бар замми ин, дар шароити афзоиши хатару таҳдидҳо, тараққиёти илму техника, таҳаввулот ва равандҳои мураккаби давраи охир намудҳои нави бемориҳои вирусӣ пайдо гардида истодаанд. Ин ҳолат, албатта, дар пешорӯйи ҳар яке аз муҳаққиқин ва хосса олимони соҳаи тиб қарор мегирад, то ин ки барои ҳалли ин мушкилот ва пайдо намудани роҳҳои муассири табобати чунин бемориҳо пайваста таҳқиқоти илмӣ баранд. Таъсиси Ҷоиза бори дигар аз таърихи деринаи илми тибби тоҷик шаҳодат медиҳад ва дар ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи тандурустӣ ва беҳдошти байналмилалӣ саҳми бузург мегузорад.
Доираи шахсоне, ки барандаи Ҷоизаи мазкур мегарданд, албатта, фарох буда, барои ба даст овардани он ҳеҷ гуна маҳдудият ҷорӣ нагардидааст. Аммо шарт ва талаботи муҳим дар кашфиёт ва дастоварде ифода меёбад, ки на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар сатҳи байналмилалӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ муҳим арзёбӣ гардад. Тавре ки дар шарҳи ҳамин фармон дарҷ шудааст: «Ба Ҷоизаи мазкур шахсоне мушарраф мегарданд, ки дар рушди соҳаи тандурустии байналмилалӣ ва илми тибби ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузоштаанд».
Ин аз як ҷиҳат ба он рабт дорад, ки тамоми осори Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб на танҳо барои марзҳои муайян, балки барои тамоми башарият ҳамчун роҳнамо ва мушкилкушои соҳа ҷиҳати дарёфт ва табобати навъҳои гуногуни бемориҳо хизмат намуда истодааст. Аз ин лиҳоз, дастоварду кашфиёте, ки барои рушди илми тиб ҷиҳати дарёфти Ҷоиза пешкаш мегардад, бояд ҳатман ба ҳамон хусусият ва аҳамияти осори ин мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ тавъам бошад, яъне ҳамзамон ва ҳамқадами ҷомеаи башарӣ бошад.
Аз ҷониби Пешвои миллат таъсис додани Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ҳамчун иқдоми беназир дар самти муаррифии илми тибби тоҷик ва бузургдошти хотираи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик арзёбӣ гардида, бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки Абуалӣ ибни Сино ҳамчун бузургтарин файласуф, олим, табиб ва шоири тоҷик дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузошта, номи ӯ барои аҳли ҷаҳон азиз ва ҷовидонӣ гардидааст.
Таъсиси Ҷоизаи ба номи ин алломаи безаволи шуҳратёри тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ дар пешорӯйи таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ рӯйи кор омад ва он метавонад дар ояндаи наздик баробар ба ҷоизаи Нобел гардад.
Пешвои миллат дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» иброз медоранд, ки «Ҳукумати Тоҷикистон ва халқи тоҷик ба нишони сипос ва қадршиносии ин фарзанди фарзона ва пуршарафи худ дар кишварамон ба номаш чандин хиёбонҳо, донишкада ва ноҳияро номгузорӣ карда, ҷоизаи бонуфузи илмиеро ба гиромидошти ӯ таъсис додааст».
Зимнан, иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Ҷоизаи сатҳи байналмилалӣ ба номи Абуалӣ ибни Сино идомаи мантиқии қадршиносии нобиғаи олами илму дониш маҳсуб шуда, дар таҳрики кашфиёти тоза барои ҳалли масъалаҳои соҳаи тандурустӣ нақши муассир мегузорад ва чун дигар иқдомҳои сатҳи глобалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон бо иттифоқи оро якдилона ҷонибдорӣ меёбад.

Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
профессор, узви
вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Санаи нашр: 02.06.2026 №: 106