ПИРЯХ. НАҚШИ САРВАТҲОИ ТАБИӢ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОБИИ ҲАЁТИ БАШАР
Пиряхҳо аз муҳимтарин сарватҳои табиии сайёраи мо ба ҳисоб рафта, на танҳо манбаи асосии оби ошомиданӣ, балки танзимгари асосии иқлим ва нигоҳдорандаи тавозуни экологии Замин мебошанд. Дар шароити гармшавии глобалӣ масъалаи ҳифзи пиряхҳо ба заминаи ҳаёту мамоти башарият табдил ёфтааст. Пиряхҳоро метавон «бонкҳои оби ширин» номид, зеро тақрибан 70 фоизи захираҳои оби ширини ҷаҳон дар шакли ях захира шудаанд. Барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан Тоҷикистон, пиряхҳо сарчашмаи асосии ҳаёт маҳсуб мешаванд, зеро онҳо ҷараёни дарёҳоро дар мавсими гармо танзим намуда, соҳаи кишоварзӣ ва гидроэнергетикаро бо манбаи доимии об таъмин мекунанд.
Аммо тавре Худобахш Муборакқадам, директори Мудирияти минтақавии Парки миллии Тоҷикистон дар ВМКБ, зимни суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» зикр кард, тибқи гузоришҳои илмии байналмилалӣ, дар даҳсолаҳои охир суръати обшавии пиряхҳо ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст. Омили асосии ин ҷараёни нигаронкунанда гармшавии глобалӣ ва афзоиши газҳои гулхонаӣ дар атмосфера мебошад. Натиҷаи фаъолияти инсон, мисли афзоиш додани партовҳои саноатӣ ва дуди нақлиёт, боиси нишастани чангу ғубор болои сатҳи пиряхҳо мегардад, ки ин ҷазби нури Офтобро зиёд карда, раванди обшавиро метезонад. Дар ҳудуди Тоҷикистон давоми 70 соли охир бинобар таъсири тағйирёбии иқлим зиёда аз 1000 пирях ба куллӣ нобуд шудааст, ки ин хатари ҷиддӣ барои имрӯзу ояндаи минтақа, балки ҷаҳон мебошад.
Имрӯз Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар ҳалли мушкилоти обу иқлим эътироф шудааст. Ташаббусҳои кишварамон на танҳо барои манфиати миллӣ, балки барои наҷоти тамоми башарият аз таҳдидҳои экологӣ равона шудаанд ва Тоҷикистонро ба як маркази дипломатияи обии ҷаҳон табдил додаанд. Яке аз муҳимтарин дастовардҳои дипломатии кишвар дар ин самт пешниҳоди қатънома ҷиҳати эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мебошад, ки аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо дастгирии якдилонаи 153 кишвари ҷаҳон қабул гардид. Дар доираи ин қатънома ҳар сол 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил мегардад, ки ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба суръати тез об шудани яхҳои абадӣ ва оқибатҳои нохуши он мебошад.
Хуллас, бояд дарк кард, ки пиряхҳо на танҳо мероси табиӣ барои имрӯзи башарият, балки кафолати амнияти обиву озуқавории наслҳои оянда мебошанд. Агар имрӯз барои пешгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо чораҳои қатъӣ андешида нашаванд, дар ояндаи на чандон дур ҷаҳон бо буҳрони шадиди беобӣ ва дигар офатҳои табиӣ рӯ ба рӯ мегардад. Муҳофизати ин «муъҷизаҳои нуқрагин» вазифаи муқаддаси ҳар як сокини сайёра аст. Пиряхҳо сарчашмаи ҳаёт мебошанд ва ҳифзи онҳо ҳифзи ҳаёт маҳсуб меёбад.
Раҳмони ГУЛЗОР, «Ҷумҳурият»
