БА ОЗМУНИ “ҶУМҲУРИЯТ”
ДИЛАМ ХАРИТАИ ТОҶИКИСТОН АСТ
Гули муҳаббати Меҳан зи нахли имон аст,
Ки бишкуфад ба дилу решаҳо-ш дар ҷон аст
Биҳиштмарз, ки равзан ба боғи ризвон аст.
Зи дур будан аз ин марз, марг осон аст,
Дилам харитаи нақшини Тоҷикистон аст.
Ҳама шаҳомати Ому зи Панҷу Вахшон аст,
Ки пайки якдилии тоҷики Хуросон аст;
Ягонагиву ба ҳам будан аз ниёкон аст.
Чи хуш ки шӯхии Бартанг дар Зарафшон аст,
Дилам харитаи нақшини Тоҷикистон аст.
Саразму Ҳулбуку Фархор сар ба сар роз аст,
Ҳазор рози дигар дар Карони Дарвоз аст,
Ҳисору Муғ даре сӯйи бостон боз аст.
Куҳантамаддуну таърихмарзи покон аст,
Дилам харитаи нақшини Тоҷикистон аст.
Хуҷанду Данғара, Кӯлобу Файзободат,
Ба Рашту Исфара, Мурғобу Муъминободат,
Ба файзи Ваҳдату бо ишқи Тоҷикободат,
Умедгоҳу саодат барои некон аст,
Дилам харитаи нақшини Тоҷикистон аст!
ИН ВАТАН ЧАШМИ МАНУ ТУСТ
Меҳани фаррухзаминам,
Марзи номусам, диёри нозанинам.
Домани сабзат макони Ишқ варзидан,
Беканории фазоят
ҷойи бо боли нигаҳ пар-пар задан,
Орзуҳоро ба даргоҳи мурод
Аз раҳи уммед бурдан,
Ҷои дастатро ба дасти дӯстон додан,
Бо муҳаббат зиндагӣ кардан.
Ин Ватан чашми ману ту, ҳамватан!
Қарзи мову туст ҳамчун мижа гирди чашм,
Бар ба бар,
бозу ба бозу рост истодан.
Бори дигар бар бузургии Худо овардан имон,
Порамарзе аз биҳишти адн овардаст бар мо
Меҳани фаррухзаминеро ба исми Тоҷикистон!
МЕҲРИ МЕҲАН
Қуввае мекашад маро сӯят,
Ҳамчу оҳанрабой оҳанро.
Олиме ку, ки ошкор кунад
Қувваи ҷазби меҳри Меҳанро?!
Иброҳимҷон ДӮСТАЛИЗОДА,
узви Иттифоқи
нависандагони Тоҷикистон
