ПАЁМ. АЗ ҚАЛАМРАВИ САОДАТИ МИЛЛӢ ТО ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ СУДӢ
Нуктаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат (23 декабри соли 2022) зикршуда бори дигар моро итминон бахшиданд, ки халқи заҳматкаши тоҷик бо роҳнамоии Сарвари хирадпешаи худ ҳамоно устуворона ба самти рушди бонизом ҳаракат менамоянд. Зеро боз ҳам беҳбуд бахшидани зиндагии мардум, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи манфиатҳои давлатию миллӣ, таҳкими суботи сиёсию арзишҳои миллӣ дар меҳвари Паёми навбатии Пешвои миллат қарор доштанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дидгоҳи фарогиру оқилонаи худ дар ҳар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат, дар баробари дигар самтҳо ба фаъолияти мақомоти судии кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷиҳати таҳкими фаъолияти ин шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби судяҳо дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Чунончи, дар Паёми навбатӣ низ Сарвари давлат бо ишора ба ин масъала чунин изҳор доштанд: “Бо дарназардошти рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, таҳкими кафолатҳои судии субъектҳои ин муносибатҳо зарур аст, ки фаъолияти мақомоти судӣ пайваста таҳкиму такмил дода шавад”. Президенти мамлакат бо зикри ин нукта Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро вазифадор карданд, ки оид ба бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии судяҳо тадбирҳои муассир андешанд.
Чунин таваҷҷуҳ ба фаъолияти мақомоти судӣ дар ҳолест, ки чун дигар кишварҳои ҷаҳон дар низоми ҳуқуқии кишвари мо баррасӣ, ҳаллу фасли қонунии баҳсу мунозира ва матраҳ кардани дигар масоили ҳуқуқӣ қабл аз ҳама ба зиммаи ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ вогузор шудааст. Ин аст, ки боби 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба суд ва ҳокимияти судӣ бахшида шуда, дар моддаи 84 чунин муқаррар шудааст: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуну адолатро ҳифз менамояд». Аз ин муқаррарот бармеояд, ки дар ниҳоят адолати судӣ ва дар маҷмуъ, адолати иҷтимоиро танҳо суд ба амал мебарорад.
Таҷриба собит менамояд, ки эъмори ҷомеаи ҳақиқатан ҳам ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва озоду демократӣ, пешрафти муносибатҳои нави бозоргонӣ, маҳз ба фаъолияти ҳокимияти судии мустақил, беғаразу устувор пайванди амиқ дорад. Ин аст, ки рушду тавсеаи фаъолияти мақомоти судӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, ба ин манзур аз соли 2007 ба ин сӯ барномаҳои давлатии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул ва мавриди татбиқ қарор гирифтаанд. Тавре маълум аст, дар заминаи ин барномаҳои муҳими давлатӣ бо назардошти инкишофи ҷомеа, муносибатҳои нави иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар таҳрири нав ва қисми дигар бори аввал аз ҷониби мақомоти қонунгузории кишвар қабул шудаанд.
Агар ба заминаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҳкими фаъолияти мақомоти судӣ назар афканем маълум аст, ки таҳаққуқи кулли дастовардҳо дар ин самт ба тавсия ва нишондодҳои паёмҳои Сарвари давлат ва дастгириҳои пайвастаашон дар ин самт гиреҳ мехӯранд. Аз ин рӯ, мо кормандони мақомоти судиро зарур аст, ки дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат амал намуда, уҳдадориҳои худро дар доираи риояи талаботи қонунгузорӣ иҷро карда, вобаста ба таъмини адолати судӣ содиқона амал намоем.
Фотеҳ ҚУВВАТЗОДА, судяи Суди конститутсионӣ
Санаи нашр: 06.02.2023 №: 29
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)