“ФЕҲРИСТИ БУЗУРГОНИ ТОҶИК-ФОРС”

03 июн 2026, Чоршанбе
4


...ҲАЗОР БОДАИ НОХӮРДА ДАР РАГИ ТОК АСТ
Китоби “Феҳристи бузургони тоҷик - форс”, ки ду ҷилди он бо номи “Мероси фарҳангии Хуросони Бузург” чоп гардид, натиҷаи таҳқиқоти илмии олимону пажӯҳишгарони Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, хосса роҳбари лоиҳа, номзади илмҳои таърих Раҳматкарим Давлатов ва номзади илмҳои филология Шодиҷон Ёраҳмадзода, мебошад. Бешубҳа, интишори чунин китоб намунае равшан барои пешгирӣ аз таҳдидоти бегона ва аз байн рафтан ё фаромӯш гардидани мерос, суннат ва фарҳанги миллӣ аст.
Қобили зикр аст, ки пас аз соҳибистиқлолӣ, дар Тоҷикистон иқдомоти арзишманд ва қобили таваҷҷуҳе дар ин замина сурат гирифта, ки таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён ба ҳайси нахустин давлати мутамаркази тоҷикон ва интишори китобу мақолаҳо дар робита ба ин мавзуъ, нашри китобҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, аз қабили “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”, “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат”, “Наврӯз шиносномаи миллат”, “Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ”, “Забони миллат – ҳастии миллат”, “Чеҳраҳои мондагор” ва амсоли онро метавон ном бурд. Чунин иқдомҳо дар даврони хеле кӯтоҳи даврони соҳибистиқлолӣ сурат гирифтанд ва ҳадафи он, қабл аз ҳама, бедории миллӣ, ҳифзи асолати фарҳангӣ ва ошноии ҳарчи бештар бо таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик ба унвони меросдорони ин сарзамину ин фарҳанг маҳсуб мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки Хуросони Бузург дар даврони Сосониён манотиқи Нишопур, Марв, Ҳирот ва Балхро фаро мегирифт ва Тоҷикистони имрӯзаи мо ҷузъе аз ҳамин хиттаи бузург буд. Тавре академик Фарҳод Раҳимӣ дар муқаддимаи китоби “Мероси фарҳангии Хуросони Бузург” зикр мекунад: “Ба ин тариқ, Хуросони Бузург ё Хуросони куҳан, ки бо номи Ховарзамин низ маъруф аст, минтақаи таърихии паҳнои Эрони таърихист, ки дар маъхазҳои хаттӣ аз замони Императории Сосониён зикр шудааст. Дар давраи исломӣ Хуросони Бузург манотиқи хеле бузургтареро фаро мегирифтаст, ки нисбат ба се вилояти феълии Хуросон дар Эрон густурдатар буд.
Ин минтақа хостгоҳи аслии мардумони ориёӣ буд. Тоҷикон аз аслитарин меросбарони ин сарзамини фарҳангии куҳан мебошанд ва маҳз барои ҳамин китоб номи “Мероси фарҳангии Хуросони Бузург”-ро гирифтааст, зеро фарҳанги пурғановати ориёӣ, тоҷикӣ-порсӣ маҳдуд ба марзҳои ҷуғрофиёии Тоҷикистони имрӯза нест, балки кулли фарҳанги қадими Хуросони Бузург аз подшоҳон, файласуфон, намояндагони илму фарҳанг мутааллиқ ба ҳамин мардуми қадимии бумӣ мебошад, ки имрӯз бо номи тоҷик ёд мешавад.
“Мероси фарҳангии Хуросони Бузург” аз Каюмарс оғоз мешавад ва нахустин номе, ки ба унвони шахсиятҳои таърихии Хуросони Бузург дар ин китоб омадааст маҳз ҳамин ном мебошад. Чаро? Далели аслии ин он аст, ки Каюмарс ҳамон гуна, ки дар китоби ёдшуда омадааст, шоҳи асотири мардумони эронӣ аз сулолаи Пешдодиён аст ва дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба унвони яке аз қаҳрамонони ин шоҳасар дониста мешавад.
Дар китоб роҷеъ ба 400 нафар аз шахсиятҳои номдор ва таърихии хиттаи Хуросони Бузург (аксарияташон намояндагони Суғду Бохтар ҳастанд) дар замони қабл аз ислом маълумот дода шудааст.
Қобили зикр аст, ки яке аз вижагиҳои китоби “Феҳристи бузургони тоҷик-форс” (“Мероси фарҳангии Хуросони Бузург”) ин аст, ки он мутобиқ бо технологияи муосир омода шудааст. Дар он дар робита ба ҳар фард ва намояндаи мероси фарҳангӣ QR Code ҷо дода шудааст, ки хонанда ё пажӯҳишгару муҳаққиқ метавонад бо ворид шудан ба он ба осонӣ тамомии иттилооти заруриро ба даст биёварад. Ба чунин тарз омода кардани китоб аз як тараф, кори хонандаро барои ба даст овардани ин ё он маълумот осон мегардонад ва аз тарафи дигар, бар ҷаззобият ва кайфияти китоб меафзояд.
Вижагии дигари китоб ин аст, ки дар он роҷеъ ба бузургони хиттаи Хуросони Бузург ва осори онҳо ба се забон: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва алифбои арабиасоси тоҷикӣ иттилооти муфидро ба дасти аҳли мутолаа ва ошиқони фарҳанги ноби порсӣ медиҳад.
Бо як сухан метавон гуфт, китоби “Феҳристи бузургони тоҷик-форс“ дастовези хубе барои олимону муҳаққиқон ва ҳатто оммаи ташнагони фарҳангу адаби тоҷикӣ - порсӣ мебошад. Шояд ин китоб бархе аз навоқис, махсусан нақси техникӣ, дошта бошад, аммо он ба ҳеҷ ваҷҳ аз арзиши он ки ҳадафаш тарвиҷ ва муаррифии таъриху фарҳанги қадимии тоҷикӣ - порсӣ дар ростои худшиносӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ дониста мешавад, заррае ҳам кам намекунад. Бо ин ҳама, ин ҳанӯз ибтидои кор ва қатрае аз баҳри бекаронаи илму адаб ва фарҳанги тоҷикӣ-порсист ва умед аст, ки идомаи ин силсилакитобҳо ба сурати комил нашр гардида, дастраси ошиқони адабу фарҳанги тоҷикӣ - порсӣ қарор гирад. Ба гуфтаи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ:
Гумон мабар, ки ба поён расид
кори муғон,
Ҳазор бодаи нохӯрда дар
раги ток аст.


Абдураҳмон ОХОННИЁЗ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон,
Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 03.06.2026 №: 107-108