ЛОЛА САФАРОВА. АҶИБ АСТ, ВАҚТЕ ЗАН ТРОЛЛЕЙБУС МЕРОНАД

Имрӯзҳо рондани воситаҳои гуногуни нақлиёт барои занону духтарон ба як амри маъмулӣ табдил ёфтааст. Аммо ҳанӯз ҳам вақте кас бонуи зебоеро сари чанбараки автобус ва ё троллейбус мебинад, дар ҳайрат меафтад.
Қаҳрамони мо Лола Сафарова аз зумраи занони боғайрату далер аст, ки солиёни зиёд троллейбусро бо маҳорати баланд идора намуда, ҳамарӯза ба сокинони пойтахт хизмат мерасонад. Бисёриҳо шоҳид шудаанд, ки чӣ гуна ӯ дар ҳолатҳои душвор низ оромиву матонаташро аз даст намедиҳад. Вақте симчӯбҳои троллейбус аз симҳои хатти барқ ҷудо мешаванд, Лола Сафарова бо дилпурӣ ва ҷасорати ба худ хос онҳоро дубора ба тартиб медарорад. Ин ҳама аз иродаи қавӣ, таҷрибаи кофӣ ва муҳаббати самимии ӯ ба касбаш шаҳодат медиҳад.
Лола Сафарова зодаи шаҳри Душанбе буда, 14 сол аст дар Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» фаъолият менамояд. Тавре мавсуф мегӯяд, аз овони ҷавонӣ ба касби ронандагӣ шавқу рағбат дошт ва пас аз итмоми мактаби миёна омӯзиши ронандагиро хатм карда, фаъолияти меҳнатиашро оғоз намудааст. Барои ӯ ронандагӣ танҳо як пеша нест, балки масъулият ва рисолати зиндагист.
Ҳангоми суҳбат бо ӯ метавон эҳсос кард, ки Лола Сафарова зани худогоҳ, хушмуомила ва дорои ҷаҳонбинии васеъ аст. Ӯ бовар дорад, ки барои расидан ба муваффақият инсон бояд иродаи қавӣ, тафаккури солим дошта, софдилона заҳмат кашад.
Айни замон дар ККВД «Троллейбус» панҷ нафар зан ҳамчун ронандаи троллейбус кор мекунад. Ҳар яки онҳо ба касби худ содиқ буда, аз субҳи барвақт то бегоҳ ба сокинони шаҳр хизмат мерасонанд. Лола Сафарова бо меҳнати ҳалол ва муносибати самимӣ тавонистааст соҳиби чандин ифтихорномаву сипоснома гардад. Ӯ мегӯяд, ки имрӯз Душанбе бо саъю кӯшишҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ беш аз пеш ободу зеботар гардида, кӯчаву хиёбонҳои замонавӣ фаъолияти ронандагонро осонтар кардаанд. Ин пешрафту созандагиҳо ба ӯ илҳоми бештар мебахшанд, то бо руҳияи баланд ба мардум хизмат намояд.
Лола Сафарова имрӯз барои бисёр занону духтарон намунаи ибрат аст: зани меҳнатдӯсту матиниродае, ки бо азму талош ва муҳаббат ба касб тавонистааст дар ҷомеа ҷойгоҳи арзандаро соҳиб гардад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
«Ҷумҳурият»
