ЗАРЗАМИН. ВАСФИ ЯК МИНТАҚАИ ЗАРХЕЗ ДАР СУҒДИ БОСТОН

03 июн 2026, Чоршанбе
0


Ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров имрӯз ба яке аз минтақаҳои пешсафи вилояти Суғд дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус помидорпарварӣ, табдил ёфтааст. Истифодаи самараноки замин, роҳандозии кишти такрорӣ ва ба даст овардани чанд ҳосил аз як қитъаи замин мавқеи хоҷагидорони ин деҳотро дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза мустаҳкам намудааст.


Имрӯз дар ҳудуди Зарзамин 1280 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад, ки аксари онҳо ба парвариши помидор, пахта, ғалладона ва дигар намуди зироатҳо машғул мебошанд. Масоҳати умумии заминҳои корами обии деҳот 938 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб 211 гектараш боғ мебошад.
Соҳаи помидорпарварӣ дар байни кишоварзони деҳот мавқеи махсус дорад. Деҳқонон аз аввали сол дар гармхонаҳо парвариши кӯчатҳоро оғоз намуда, бо фаро расидани фасли баҳор онҳоро ба заминҳои кушод интиқол медиҳанд. Истифодаи таҷрибаи муосири агротехникӣ ва нигоҳубини саривақтии зироат имкон медиҳад, ки ҳосили аввал ҳанӯз дар рӯзҳои нахустини мавсими гармо ба бозорҳо пешниҳод гардад.
Имрӯз помидори пешпазаки Зарзамин дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят серхаридор аст. Сифати баланд, таъми хуб ва тару тозагии маҳсулот боис гардидааст, ки маҳсулоти кишоварзони ин минтақа миёни харидорон эътибори махсус пайдо намояд.
Яке аз таҷрибаҳои ҷолиби деҳқонони Зарзамин истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин мебошад. Дар баробари помидор байни қаторҳо ҷуворимакка кишт карда мешавад, ки он барои муҳофизати рустаниҳо аз гармии зиёд мусоидат менамояд. Пас аз ҷамъоварии ҳосили аввал, дар заминҳо кишти такрорӣ ба роҳ монда шуда, карам, турб ва шалғам парвариш меёбанд. Ин усул имконият медиҳад, ки аз як қитъаи замин дар як сол то чор ҳосил гирифта шавад.
Мутахассисони соҳаи кишоварзӣ чунин таҷрибаро намунаи хуби истифодаи самараноки замин арзёбӣ мекунанд, зеро дар шароити афзоиши талабот ба маҳсулоти ғизоӣ баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва истифодаи дурусти замин аҳамияти махсус касб намудааст.
Рушди соҳаи кишоварзӣ дар Зарзамин ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ низ мусоидат кардааст. Бисёр оилаҳо аз ҳисоби даромади замин рӯзгори худро пеш мебаранд ва дар мавсими кишту ҷамъоварии ҳосил барои сокинон ҷойҳои кори мавсимӣ фароҳам меоваранд.
Маҳз меҳнати содиқонаи деҳқонон, татбиқи таҷрибаи пешқадам ва дастгирии давлатӣ боис гардид, ки имрӯз деҳоти Зарзамин ҳамчун яке аз марказҳои муҳими помидорпарварии вилояти Суғд шинохта шавад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 03.06.2026 №: 107-108