БОҒИ ПАДАР

05 июн 2026, Ҷумъа
49


Ёддоште аз ҳузури нахустин дар ҷаласаи Рустами Эмомалӣ ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хомӯшӣ. Ҳарчанд ҳозирин ҳар кадоме аз роҳбарони сатҳҳои гуногунанд ва ҳам мактабдидаҳои сухандону суханвар, нафароне, ки раъйи ҳазорон нафарро аз сокинони Тоҷикистони маҳбуб дар ихтиёр доранд-намояндагони мардумӣ. Не хавотир нестанд, ороманд. Аниқтараш дар андешаанд, ки ҷамъомади имрӯз чӣ гуна мегузашта бошад. Шояд аксарият ҳис мекунанд, ки ҳатман бо омадани роҳбари нав рафти ҷаласаву тартиботаш тағйир хоҳад хӯрд, вале касе намедонад, ки чӣ гуна. Барои ҳамин толори боҳашамати навсохтро, бо вуҷуди пурборияш аз иштироккунандагон, хомӯшии ғайримуқаррарӣ ҳукмфармост. Ман ҳам, ки дар аввалин ҷаласаи Раиси нав дар қатори дигарон ҳозирам, андармони андеша интизорӣ мекашам. Мо ҳама медонем, ки ҳамин ҳоло бояд раёсат ворид ва баъдан ҷаласа оғоз гардад. Шояд аз ҳамин хотир касе гап партофтанро ба нафари дигар дар чунин як лаҳзаи ҳассос аз рӯи одоб намедонад. Ниҳоят ваколатдоре, ки низ миёни мардум наздик ба даромадгоҳ нишаста буд, бархоста, эълон кард: 
– Ҳозирини гиромӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ.
Ҳама аз ҷо бархостем ва ниҳоят Раиси нав аз дар даромад. Қомати рост, аз паҳлу ба Пешвои муаззами миллат ниҳоят монанд қадам мезад. Чун ба минбар боло шуд, даст пеши бар салом доду ба нишастан иҷозат фармуд. Хомӯшии толорро садои оҳанги Суруди миллӣ шикасту ҳама ба қироат даромадем. Дар ҳамин лаҳза беихтиёр чашмам ба чашми Раис хӯрд. Ба нуқтае болотар аз баландии дари толор чашм дӯхта, мисли ҳамаи мо матни Суруди миллиро замзама мекард. Орому ботамкин менамуд. Осори ташвиш ё изтиробе дар чеҳрааш наменамуд. Маълум буд, ки ба ҷамъомади имрӯз бо тайёрии пухта, дили пур ва иродаи қавӣ ҳозир шудааст… Ба ӯ бодиққат чашм дӯхтаму кабӯтари хаёлам ғайриихтиёр ба фазои хотираҳо парвоз кард. Маҷлиси Ҳукумат ва таъиноти Раиси нави шаҳри Душанбе пеши назарам чун лентаи кино падид шуд. Пешвои миллатро дидам, ки ба фарзанди ифтихорафзояш Рустам панд медод: «Серталаб бош, иҷрои ҳатмии супоришҳоятро назорат кун, ба мардум ғамхорӣ намо, нархро арзону барқро таъмин кун, дар муомила ҳеҷ гоҳ ба дағалгуфторӣ роҳ надеҳ, забони покиза дошта бош, ба тарабхона нарав, дар хонаи собиқадор ё шаҳрванди қаторӣ меҳмон шав. Баъд обрӯ мегирӣ, баъд дӯстат медоранду эҳтиромат мекунанд…».
Ва бо чашми сар дидам, ки писар тули беш аз даҳ соли охир то чи андоза панди падарро бар гӯш кард ва чи ҳад эҳтирому эътимоди хурду бузурги ин кишвари маҳбубро сазовор гашт. Сохт, обод кард, бозорро арзонӣ овард, нақлиётро на танҳо нав сохт, балки истеҳсолашро дар пойтахт ба роҳ монд. Душанберо ба амнтарин шаҳри дунё табдил дод. Дар баробари ин худаш на танҳо ҳамчун шахсият аз нуфузи бештар бархӯрдор гашт, балки ба ҳайси як ходими намоёни давлатӣ камол ёфт. Дар минтақаву берун аз он эътироф шуд ва ба обрӯю иззати падараш афзуд.
Серталаб шуд бо ҳидояти падар ва иҷрои супоришҳояшро назорат сохт, ки пойтахтеро бо мақоми аслияш мутобиқ кард. Ғамхорӣ ба мардумро низ бо ҳидояти падар афзуд, гармии хонаҳои баландошёна гӯё дили мардумро ба ояндаи пурсаодат боз гармтар намуданд. Мушкили бебарқиро дар дили кишвар табдил ба афсона кард. Кӯдакону наврасон то дили шаб дар кӯчаву паскӯчаҳои шаҳр чун дар ҳавлии худашон машғули бозиву фароғатанд, ки низ аз татбиқи панди падар дар роҳи таъмини осудагии воқеии мардум далолат мекунад...
Падару модар ҳам беташвишу осуда аз айвонҳои хона истироҳату гаштугузори ҷигаргӯшаҳои худро дида ҳаловат мебаранд. Магар аз ин дида хушбахтии бештар мешавад ва ин ҳам дар замоне, ки дигарон дастбагиребонанду панҷаҳо олудаи хун, шаҳрҳо валангору кишварҳо аз ҳам рехта, насли одамизод қотили ҳамдигару миллионҳо дар кӯча бесаробону сарсон…
– Марҳамат дар ҷойҳоятон нишинед, гуфтани ҳамон бародари ваколатдорамон маро ба худ оварду гӯш ба минбар додам.
Раиси нав муҳтарам Рустами Эмомалӣ ботамкин ба сухан даромад. Меҳмононро ба узви маҷлис шиносонд, ҷаласаро оғоз карду маърузачии нахустин бо таклифи ӯ сари минбар шуд. Ва ҳамаи ҳамин дар як лаҳза. Бо вуҷуди хеле диққат буданам аз атроф хомӯш садо шунида мешуд, ки мегуфтанд:
– Мисли Ҷаноби Олӣ гап мезадааст, гӯш карданаш ҳаловат дорад. Панди Пешвои муаззам буд, ки хушмуомила буданро насиҳаташ дод, гуфт дигаре. Воқеан, Рустами Эмомалӣ ин фармудаи падарро ҳам амсоли қонуни асосӣ дар зиндагиномаи шахсияш чун нақш дар санг барои ҷовидонӣ сабт кардаасту аз баракаташ сабзидан дорад, ки кош чунин бодо. Чунки сабзидани нафаре, ки пайи татбиқи хостаҳои падар – Пешвои муаззами як миллат, балки фарзонафарзанди давлатсозу раъиятпарвараш худ сабзидани як давлат ва дар маҷмуъ, як миллат аст. Миллате тоҷвару номдор бо номи Тоҷик, миллати ману мо!

Санаи нашр: 05.06.2026 №: 109